logo

иқтисод

ЛАХШ – МАКОНИ ДӮСТИВУ СОЗАНДАГӢ

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва аҳли заҳмати ноҳияи Лахш баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барои иҷрои нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.
Тибқи иттилои раиси ноҳияи Лахш Файзулло Баротзода ба рушди соҳаи картошкапарварӣ, ки манбаи асосии даромаднокии аҳолист, диққати хосса зоҳир мешавад. Кишоварзон дар соли сипаришуда дар 4688  гектар картошка ва дар 255 гектар  сабзавот кишта, 100 011 тонна картошка ҷамъ оварданд, ҳосили сабзавот 2879 тоннаро ташкил намуд. 6055 тонна мева истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2018-ум 50 тонна зиёд аст.
Лахш, ки дар баландии зиёда аз 1700 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад ва беш аз 95 фоизи ҳудуди онро қаторкӯҳҳо ташкил медиҳанд, барои сайёҳӣ, махсусан туризми экологӣ ва кӯҳию варзишӣ хеле мусоид аст. Иқлими хуб, боду ҳавои форам, табиати дилфиреб ва манзараҳои зебою дилкаш имкон медиҳанд, ки соҳаи сайёҳӣ рушд намояд.
Вобаста ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чораҳои дахлдор андешида шуда, дар ин радиф бунёди иншооти гуногун роҳандозӣ гашт. Дар соли 2019 ба маблағи 11 миллиону 892,9 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 5 миллиону 748 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ноҳия 6 ширкати сохтмонӣ фаъол аст.
Бо мақсади таъмини шароити мусоид ва бунёди инфрасохтори зарурӣ барои рушди сайёҳӣ бо ҷойи хоб ва хӯроки гарм таъмин намудани сайёҳон ва фароҳам овардани шароитҳои мувофиқ дар бошишгоҳҳои муваққатии онҳо таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад.
Бо ҷалби соҳибкорон 7 меҳмонхона, бо 162 ҷойи хоб, 5 ошхона ташкил карда шуданд, ки дар хизмати сайёҳони хориҷию дохилӣ қарор доранд. Дар мағозаҳо гӯшаҳои намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ мекашанд. 
Дар самти дастгирии соҳибкории сайёҳӣ 2 ширкати сайёҳӣ таъсис ёфт. Аз ҷумла, ширкатҳои сайёҳии «Алтин-мазор»  ва «Арча-сайр». Ҷиҳати ташкили шароит барои сайёҳон дар деҳаҳои Қалъаи Занкон ва Ҷаилған ошхонаҳои замонавӣ ва дар деҳаи Ҷаилған ду меҳмонхонаи сарироҳии ҷавобгӯ ба талабот бунёд карда шуданд.
Дар деҳот 38 бунгоҳи тиббӣ мавҷуд аст, ки аз ин 5 адад дар канори хатсайрҳои сайёҳӣ ҷойгир аст.
Инчунин, хатсайрҳои сайёҳӣ дорои банкомати маблағдиҳанда ва 9 банкомати пардохти ҳаққи хизмати алоқаи мобилӣ мебошанд.
Бо мақсади  сайёҳӣ тӯли солҳои 2009 - 2019 аз кишварҳое чун Россия, Украина, Чехия, Эрон, Булғористон, Франсия, Олмон, Туркия  ва амсоли инҳо беш аз 2000 сайёҳу кӯҳнавард ташриф овард. Аз соли 2010 ҳамасола аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Шӯрои рушди туризм» экспедитсияҳои байналмилалии кӯҳнавардӣ барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ доир карда мешаванд, ки тавассути ҳудуди ноҳияи Лахш сурат мегиранд.
Боиси зикр аст, ки  дар наздикии қуллаи Исмоили Сомонӣ (собиқ Коммунизм, баландиаш 7495 метр) майдончаи “Москвина” мавҷуд аст, ки макони асосии кӯҳнавардон буда, барои будубош ва истироҳати онҳо хеле мувофиқ мебошад. Сайёҳоне, ки дар моҳҳои июл ва август ба ноҳияи Лахш меоянд, асосан кӯҳнавардон мебошанд ва онҳо танҳо барои фатҳ намудани қуллаҳои Исмоили Сомонӣ, Корженвская ва тамошои пиряхи Федченко ва дигар манзараҳо ташриф меоранд.
Баҳри иҷрои банди 65-и нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардидаанд, бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ мондани тарғибу ташвиқи васеи моҳияти истиқлолият ва озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, арзишҳои неки миллӣ, бунёд намудани 136 адад иншооти таъйиноти гуногуни соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, муассисаҳои иҷтимоӣ, ободкории роҳҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ободу зебо гардондани маҳали зист, хиёбонҳо, гулгашту майдончаҳо ва ба анҷом расондани корҳои дигари созандагӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ҷиҳати истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумораи 136 иншоот бунёди 40 адади он дар соли 2018 ба анҷом расида буд, соли гузашта  22 адади  дигар ба истифода дода шуд ва  3 иншоот дар арафаи баистифодадиҳист. Дар иншооти боқӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Бояд зикр намуд, ки дар ноҳия як қатор масъалаҳои ҳалталаб дар самти амалисозии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Лахш барои солҳои 2018 - 2020, ки дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул гардидааст, ҷой доранд. Мутаассифона, амалисозии лоиҳаҳои пешбинишудаи барномаи мазкур аз тарафи як қатор вазорату идораҳои ҷумҳурӣ то ҳол дастгирии худро наёфтаанд. Чунончӣ - зиёд намудани маблағгузории солонаи сохтмони бинои нотамоми муассисаи таълимии № 9 - и  деҳаи Ҷиргатол аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - оғози сохтмони бинои шуъбаи маориф - лабораторияҳои фаннӣ дар панҷ МТМУ - сохтмони биноҳои нави таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 56, 7, 13, сохтмони бинои таълимии коллеҷи омӯзгории ноҳия.
Аз тарафи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмири бинои таълимии литсейи касбӣ –техникии ноҳия.
Аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ дар ҳудуди беморхонаи марказии ноҳия таҷҳизондани беморхонаи марказии ноҳия.
Аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон - сохтмони қасри фарҳанг дар маркази шаҳраки Ваҳдати ноҳия, таъмири бинои клубҳо ва хонаҳои маданӣ, таъмини муассисаҳои фарҳангии ноҳия бо таҷҳизоти муосир.
Аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон - барқарорсозии роҳи автомобилгарди деҳаи Сугат ба масофаи 10 км - таъмири роҳи автомобилгарди деҳаи Қашот, Қарасой, Оқсой ба масофаи 11 км - барқарор сохтани заводи истеҳсоли асфалт бо иқтидори 350 тонна дар як шабонарӯз дар деҳаи Домбрачӣ.
Бо мақсади ҳалли масъала мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба вазорату идораҳои дахлдор мактубҳои дархостӣ пешниҳод кардааст.
Бовар дорем, ки баҳри иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2020 дар самтҳои муҳими хоҷагии халқи ноҳия, бахусус рушди соҳаи картошкапарварӣ ва чорводорӣ, бунёди иншооти гуногун, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ баҳри татбиқи ҳадафи чоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - саноатикунонии мамлакат, рушди соҳаи сайёҳӣ ва дигар корҳои созандагӣ дар Лахш бо такя ба азми қавии мардуми ноҳия тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.04.2020    №: 64    Мутолиа карданд: 759
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед