иқтисод
«ЧАРОГОҲ. ЯК МИЛЛИОН ГЕКТАР ИСТИФОДА НАМЕШАВАД. ЧАРО?»
Посух ба матлабе, ки бо ин ном 26 феврали соли 2019 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», № 42 (23645) нашр шудааст.
Матлаби «Чарогоҳ. Як миллион гектар истифода намешавад. Чаро?» дар Вазорати кишоварзӣ ва муассисаи давлатии «Трести чарогоҳу мелиоративӣ»-и он мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки аксари факту далелҳои матлаб дурустанд. Дар ҳамин ҳол барои истифодабарии самараноки чарогоҳҳо корҳои назаррасе низ ба анҷом расонда шудаанд.
Дар мавриди босамар истифода нашудани чарогоҳҳо ҳаминро зикр кардан бамаврид аст, ки ин гуна чарогоҳҳо бештар аз сабаби мавҷуд набудани об (як қисми чарогоҳҳои мавзеи Чардағал), набудани роҳу кӯпрукҳо (чарогоҳҳои мавзеъҳои Дашти Хирсон ва Дубурса) ва дар баландиҳои аз 3500 то 4000 метр ҷойгир будан (чарогоҳҳои ноҳияи Мурғоб) истифода намешаванд. Дар чарогоҳҳои баландкӯҳи ноҳияи Мурғоб танҳо қутос парвариш карда мешавад.
Тайи солҳои охир дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2018, № 160 «Дар бораи Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» барои истифодаи босамари чарогоҳҳо, муайян намудани ҳосилнокӣ, вазъи чарогоҳҳо ва тарзи дурусти истифодаи онҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.
Дар ин самт соли 2019 барои гузарондани тадқиқоти геоботаникӣ ва муайян намудани ҳосилнокӣ дар чарогоҳҳои зимистонаи вилояти Хатлон ва ноҳияи Рӯдакӣ аз ҳисоби мутахассисони шуъбаи чарогоҳи «Трести чарогоҳу мелиоративӣ»-и вазорат ва олимони Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, аъзои гурӯҳ дар ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритуз, Дӯстӣ, Вахш, Панҷ, Фархор, Данғара, Восеъ ва Темурмалик ҳосилнокии чарогоҳҳо, ғунҷоиш ва дигар нишондодҳои чарогоҳҳоро муайян намуданд. Чарогоҳҳои мавзеъҳои тадқиқшуда зимистона маҳсуб ёфта, дар онҳо 60 -70 дарсади талаботи хӯроки чорво, хусусан моли майда, дар давраи зимистон таъмин мегардад.
Мутобиқи маълумот, айни замон дар ҷумҳурӣ 3833465 гектар чарогоҳ, аз ҷумла 783322 гектар (20,4%) зимистона, 2060524 гектар (53,7%) тобистона, 711559 гектар (18,6%) баҳорию тирамоҳӣ ва 278060 гектар ҳамафасла (7,3%), мавҷуд мебошад.
Ҷиҳати танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба идоракунӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳҳо 20 июни соли 2019 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» қабул гардид. Татбиқи амалии қонуни мазкур барои самаранок истифода бурдани чарогоҳҳо ҳаматарафа мусоидат менамояд.
Таҳия ва роҳандозии тадбирҳо барои мавриди истифода қарор додани чарогоҳҳое, ки то ҳол истифода бурда намешаванд, дар меҳвари таваҷҷуҳи вазорат қарор дошта, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Мирзозода Музаффар Бурҳон,
муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.04.2020 №: 64 Мутолиа карданд: 805