logo

ҳуқуқ

ҒОРАТГАРӢ. ҶИНОЯТКОР АЗ ОЗОДӢ МАҲРУМ ШУД

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе ҳукми суди ноҳияи Сино нисбат ба Шаҳбоз Рауфовро бетағйир  ва шикояти кассатсионӣ аз болои ҳукмро бе қаноат мононд.

Суди марҳилаи якум шаҳрванд Ш. Рауфовро дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ (моддаи  248 қисми 2 бандҳои «б», «в» Кодекси ҷиноятӣ)  гунаҳкор дониста, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 1 солу 6 моҳ бо адо намудани ҷазо дар муассисаи ислоҳии дорои низоми пурзӯр таъйин кард. Баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба маҳкумшуда нишон додааст, ки ӯ бо рафиқи ноболиғаш Муҳаммадҷони Шариф моҳи ноябри соли 2019 дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе тибқи маслиҳати пешакӣ, бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнокнабуда аз дасти роҳгузар – шаҳрванд Шукрона Азизова телефони мобилӣ бо симкорташро ошкоро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор намудаанд. Арзиши умумии телефон ва симкорти рабудашуда 2845 сомониро ташкил дода, дар пайи ин амали ғоратгарона ба ҷабрдида зарари ҷиддӣ расонда шудааст.
Ш. Рауфов ва адвокат Д. Саидова ба ҳукми суд шикояти кассатсионӣ оварда, аз коллегияи судӣ хоҳиш намудаанд, ки ҳукм бинобар беасос буданаш бекор ва пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бо сабаби дар кирдори маҳкумшуда мавҷуд набудани аломати таркиби ҷиноят қатъ карда шавад. Вале омӯзиши маводи парванда аз ҷониби коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе нишон дод, ки ваҷҳҳои дар шикояти кассатсионӣ баённамудаи маҳкумшуда ва адвокат дар бораи он ки мақомоти тафтишоти пешакӣ ва суди марҳилаи якум ба вайронкуниҳои ҷиддии қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ роҳ дода, ба нишондодҳои шубҳанок ва мухолифатомези гумонбаршудаи ноболиғ Муҳаммадҷони Шариф, ҷабрдида Ш. Азизова такя намуда, ҳукми ғайриқонунӣ баровардааст, беасос мебошанд. Зеро аз маводи парвандаи ҷиноятӣ бармеояд, пешбурди парвандаи ҷиноятӣ дар тафтишоти пешакӣ бо риояи талаботи моддаи 21 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ гузаронда, аз ҷумла ба маҳкумшуда ҳуқуқҳои мурофиавиаш зимни ҳар як пурсиш тавзеҳ шуда, аз ҳуқуқҳои худ озодона истифода намудааст.
Маълум гардид, ки суди марҳилаи якум, маҷмӯи далелҳои боэътимодро, ки гунаҳкории бевоситаи маҳкумшуда Ш. Рауфовро тасдиқ менамоянд, ба инобат гирифта, кирдори ӯро бо моддаи 248 қисми 2 бандҳои «б, «в» - и Кодекси ҷиноятӣ, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои ғоратгарӣ, яъне ошкоро тасарруф кардани молу мулки ғайр, бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнокнабуда пешбинӣ менамояд, дуруст бандубаст карда, нисбат ба номбурда ҳукми айбдоркунӣ баровардааст. Аз ин рӯ, коллегияи судӣ ба хулоса омад, ки ҳукми суди марҳилаи якум қонунӣ буда, асос барои бекор кардан ва ё тағйир додани он мавҷуд нест.

Ҷамила АБДУЛХАЙРЗОДА, Беҳрӯз НАСРИДДИНОВ,
кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.04.2020    №: 64    Мутолиа карданд: 1028
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед