logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Деҳаи Андароб. Ҳавлии холаи Тобон. Болои кат нишаста, дар тасаввур миёни дарахтони сермева пирамарди нуронии ба сар тоқии чоргул ва нигоҳаш моломоли шодӣ амаки Абдулазизро медидам, ки миёни дастниҳолони боғ якта - якта қадам партофта, хаёле боғи дилаш мешукуфт. Қаноатманд буд, ки ниҳолҳои бо ранҷ парвардааш коми садҳо одамро ширин намудааст... Боғи дигари падар ҷигарбандони бонангу ори ӯст, ки ҳар кадомеро бо ҳазору як орзуву омол ба камол расонд. Дар  миёни бародарон Абдулло ба синну сол бузургтар аст.

Аз хирвори зиндагиномаи Абдулло Азизов болои сафҳа гулчин кардам: мавсуф баъди хатми Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба  номи  Абуалӣ  ибни   Сино  (соли 1974) ба  омӯзишгоҳи  тиббии шаҳри Кӯлоб омад. Се сол ба ҳайси омӯзгори фанни бемориҳои дарунии омӯзишгоҳи тиббӣ ба  кор пардохта, пасон, духтури шуъбаи бемориҳои  дарунӣ (1977-1981), чор сол мудири шуъбаи амрози дарунӣ, панҷ сол ба ҳайси мудири шуъбаи ноболиғон ва бисту панҷ сол дар вазифаи пурмасъулият – сардухтури беморхонаи ноҳиявии № 1 - и шаҳри Кӯлоб фаъолияти пурсамар дошт. Аз соли 2016 духтури шуъбаи бемориҳои  амрози  дарунии  беморхонаи  номбурда мебошад. 
Сафҳаи хотираҳоро аз рӯзгору фаъолияти ӯ варақ мезанам. Боре навбатдорони дармонгоҳи шаҳрӣ тавассути мошини “Ёрии таъҷилӣ” хурдсолони  дугоникро дар ҳоли вазнин ба шуъбаи бемориҳои амрози дарунӣ оварданд. Мудир аз шикваи модарашон фаҳмид, ки тифлакон чизе хӯрдаанд, ки дар ҷисмашон мубодилаи моддаҳоро ба вуҷуд оварда,  соат ба соат нафасгириашонро вазнин мегардонд. Модар аз суханони табиби рӯҳбахш андаке таскин ёфта, гуфт:
- Акаи духтур, ҳамин дугоникҳоям агар шифо ёбанд, албатта, дар тӯйи арӯсиашон шуморо тағо интихоб мекунам.
- Худо насиб кунад, туҳфаи қиматбаҳо гирифта меоям,- шӯхиомез ҷавоб дод Абдулло Азизов.
Табиб тифлаконро дар ҳуҷраи алоҳида хобонда, онҳоро ба табобати таъҷилӣ фаро гирифт. Доруҳои заруриро навишта, истеъмолашро бе назорат намонд. Баъди доруву дармон тифлакон чашм кушода, сӯи “тағо” - яшон нигоҳи пурмеҳр дӯхтанд. Модар аз шодиву ҳаяҷони беҳудуд чӣ гуна миннатдорӣ баён карданро намедонист.
Рӯзе бемори солмандеро ба шифохона оварданд. Пайвандон ба зинда монданаш он қадар бовар надоштанд. Онҳо “аввал ба Худо, баъд ба худат умед бастаем”, - гуфта, беморро ба табиб супурданд. Он шаб Абдулло ба хонааш нарафт. Чора меҷӯст, китоби устодони соҳаро варақ мезад, ҳаяҷону изтироби афзун дошт. Ҷарроҳии чандсоата вазнин гузашт. Аҳли  табори бемор дар берун, зери дарахтони шифохона қадамшуморӣ мекарданд.
Дами субҳ Абдулло Азизов теғи синоӣ ба каф, бо сару рӯи арақшор ва чеҳраи кушод аз ҳуҷраи ҷарроҳӣ берун шуд ва аҳли табори бемор оҳи сабуке кашиданд. Чанд ҳафта пас бемор рӯи по хест.
 - Абдулло Азизов эътибори мардуми диёрро муфт ба даст наовард. Ӯ таи 45 соли фаъолияти меҳнатӣ дар пажӯҳишгоҳҳои бонуфуз, клиника ва  беморхонаҳои овозадори собиқ  Иттиҳоди Шӯравӣ  дониш  ва  малакаи  касбиашро  сайқал дода, ба ин мартаба расид. Соли 1975 вакили  маҷлиси вакилони халқи  вилоят  ва  соли  2010  вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри  Кӯлоб   интихоб   шудааст. Хизматҳои пурсамари бисёрсолааш бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, нишони “Аълочии тандурустии Тоҷикистон” ва ифтихорномаву сипосномаҳо қадр гардидааст.

Сипеҳри ҲАСАНЗОД, адиб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.04.2020    №: 64    Мутолиа карданд: 601
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед