номаҳо
НОҲИЯИ ҶАЙҲУН. ЧАРО БАҲСИ ЗАМИН БАЙНИ ДУ ХОҶАГӢ БАЪД АЗ 13 СОЛ РӮ ЗАД?
Ман ҳанӯз аз давраи шӯравӣ ба хоҷагидорӣ машғул ҳастам. Зиёда аз 20 сол роҳбари бригадаи пахтакорӣ будам. Соли 2005 барои ташкили хоҷагии деҳқонии фермерӣ (ХДФ) бо ариза ба Ҷамоати деҳоти Қумсангир ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) муроҷиат намудам.
Бо санади комиссияи ноҳиявӣ аз соли 2006 «Оиди аз ҳисоби тарҳи №№ 322 - 323 Ҷамоати деҳоти Қумсангир ҷудо намудани 11,68 гектар замин барои ташкили хоҷагии деҳқонии фермерии «Ҳасан» санад тартиб дода шуд. Ҷамоат низ бо қарори худ аз ҳамон сол барои ташкили ХДФ «Ҳасан» розигӣ дод. Инчунин, дар қарор ба саҳмдорони хоҷагӣ кафолати меросӣ ва истифодаи якумраи замин дода шуд. Дар навбати худ, мақомоти дахлдор тибқи қонун хоҷагии навтаъсисро вазифадор кард, ки қарзҳое, ки солҳои пеш аз ХДФ «Гулбаҳор» - истифодабарандаи замини мавриди назар мавҷуд аст, ба зимма гирад. Ман ва ҳамшариконам аз соли 2006 то ин ҷониб фаъолона меҳнат намуда, заминро пурра аз қарз озод кардем. Аз ҳамон сол сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ҳам дорем.
Аммо, мисли муаммои сарбаста аъзои ХДФ «Гулбаҳор» баъд аз 13 соли фаъолияти мо ба суди иқтисодии вилояти Хатлон барои бекор намудани қарори раиси ноҳия, беэътибор донистани сертификати ҳуқуқи истифодаи замини мо бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намуданд. Суд бе гузарондани ташхиси экспертизаи замин ва бе муайян намудани асосҳои ҳуқуқи тасдиқкунанда аризаи даъвогии раиси ХДФ «Гулбаҳор» - ро аз 3 майи соли 2019 қонеъ намуда, баҳсро ба манфиати онҳо ҳал кард. Мо ба суди назоратӣ муроҷиат намудем. Ин навбат низ суд бе ягон санҷиш қарори суди иқтисодии вилоятро дастгирӣ намуд.
Сипас, ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат кардем. Прокуратураи генералӣ прокуратураи вилоят ва ноҳияро вазифадор кард, ки аризаи моро санҷида, ба саҳмдорон ҷавоб гардонад. Аммо, то имрӯз аз масъулон на хат ҳасту на хабар…
Дигар ба куҷо муроҷиат карданамонро надонистем. Аз ин рӯ, қарор додем, ки арзи хешро аз минбари рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба масъулон ва мақомоти дахлдор расонем, то ба ин масъала баҳои воқеиву ҳуқуқӣ диҳанд.
Абдураҳим ҲАСАНОВ, сардори ХДФ «Ҳасан», ноҳияи Ҷайҳун
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.04.2020 №: 64 Мутолиа карданд: 3367