қонунҳои ҶТ
БА ИМЗО РАСИДАНИ ЯК ҚАТОР ҚОНУНҲО
2 апрел аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонда шуданд.
Қонунҳои номбурда бо мақсади рушди хизматрасониҳо дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва истифодаи об қабул гардида, ташкили ҳамлу нақли мусофирон, бор, бағоҷ, истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об, масъулият ва уҳдадориҳои мақомоти хизматрасон, инчунин, амалӣ намудани фаъолиятро дар самтҳои дигари соҳаҳои хизматрасонӣ танзим менамоянд.
Қонунҳои баимзорасида дар маҷмӯъ, барои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва беҳбудии сатҳи зиндагии мардум равона шудаанд.
Қонунҳо дар матбуот чоп мешаванд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.04.2020 №: 65 Мутолиа карданд: 1854