фарҳанг
БОЗ ДАР БОРАИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ. ЧАРО ОН ДАРХӮРДИ ҶОМЕА НЕСТ?
Дар шароите, ки дар пешрафтатарин ҷомеаҳо матбуоти маҳаллӣ афзалият пайдо кардааст, мутаассифона, матбуоти музофотии мо ба вазъи ногуворе дучор омадаанд. Ин “мактаби бузурги журналистика”, ки як замон, минбари аввалини публитсистону қаламкашони варзида буд, ҳоло дар иҷрои рисолаташ ба ду по мелангад. Гарчанде дар ин бора борҳо гуфтаему мегӯем, ҳеҷ не, ки вазъи мавҷуда ислоҳи худро ёбад. Пас, дар шароити рушди бемайлони васоити ахбори омма бақои матбуоти маҳаллӣ чӣ мешавад?
“НАБЗИ МАҲАЛ” АЗ ТАПИШ МОНД?
Бахтиёр Қутбиддинов, мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллӣ, бо ишора ба рушди матбуоти маҳаллӣ дар аҳди шӯравӣ таъкид намуд, ки он замон ин навъи матбуот ба ҷараёни бузурги таблиғу ташвиқи идеологӣ мубаддал гашта, доираи фарогириаш хеле васеъ буд. Дар он неруҳои эҷодӣ ташаккул меёфтанду қаламкашони варзида масъалаҳои доғи рӯзро матраҳ менамуданд. Аз ин рӯ, оҳанги танқидии рӯзнома масъулонро ба таҳлука меоварду ба маънои томаш набзи маҳал ба ҳисоб мерафт. Вале имрӯз вазъи нашрияҳои даврӣ дар музофот на он қадар хуб асту бар замми мунтазам рӯйи чопро надидан, ҳатто ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанд. Мавзӯъҳо низ куҳнаю баргирифта аз дигар нашрияҳоянд ва то ҳанӯз аз қолабҳои пешин кор мегиранд, ки барои хонанда начандон мароқоваранд.
МУШКИЛОТИ МОЛИЯВӢ, ТЕХНИКӢ ВА КАДРӢ
Пажӯҳишгарон зимни омӯзишҳои сотсиологӣ муайян намудаанд, ки матбуоти музофотӣ мубталои мушкилоти якхелаанд. Ин ҳам ҷудо нашудани маблағҳои зарурӣ, таъмин набудан бо технологияҳои нави ҳозиразамон, камии маоши кормандон, нарасидани мутахассисон, алоқаи ноустувор бо аудитория ва монанди инҳост. Алабатта, норасоии маблағ аз масъалаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Чунки аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ маблағи пешбинишуда на ҳама вақт ба андозаи кофӣ ҷудо мегардад. Ҳамин аст, ки нашрияҳои маҳаллӣ бо теъдоди ниҳоят кам – то ҳазор нусха ба чоп мерасанду хароҷоташонро пӯшонда наметавонанд ва ё базӯр рӯйпӯш мекунанд. Дар баробари ин, бо технологияҳои навин дастрасӣ надоштани матбуоти маҳаллӣ ва бо мутахассисон таъмин набудани онҳо аз мушкилиҳои умда арзёбӣ мегардад.
- Бо вуҷуди тайи солҳои охир аз технологияҳои муосир кор гирифтани нашрияҳои даврӣ ва муассисаҳои табъу нашр, ҳамоно ҷараёни воридшавӣ ба ин раванд яксон нест, - андешаи болоро тақвият бахшид профессор Мурод Муродӣ. – Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксар нашрияҳои музофотӣ шароит ва имконоти техникии табъу нашрро доро нестанд. То ба ҳол бархе аз ноҳияҳо нашрияашонро дар матбааҳои пойтахт ба табъ мерасонанд. Чопи нашрияҳои баъзе ноҳияҳо мавсимӣ буда, ағлаб ба шарофати таҷлили ҷашну санаҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ иттифоқ меафтанд. Гузашта аз ин, масъалаи дигари ҳалталаб, ки садди рушди нашрияҳои маҳаллист, камчинии мутахассисон мебошад. Агар гӯем, ки кори нашрияҳои музофотиро рӯзноманигорони собиқадор бар дӯш доранд, хато намешавад. Ҷавонон барои кор дар онҳо ҳавасманд нестанд, ки ин омилҳои гуногун дорад. Аммо сабаби асосӣ паст будани маош аст. Бояд роҳҳои ҷалби мутахассисони ҷавонро ба идораи матбуоти маҳаллӣ ҷӯё шуд, то баъд аз рафтани нафарони ангуштшуморе, ки дар матбуоти музофотӣ мондаанд, фазо ба якборагӣ холӣ нагардад.
ИҶРОИ РИСОЛАТ ЧӢ МЕШАВАД?
Муҳаққиқи соҳа Қироншоҳ Шарифзода бар он аст, ки айни замон матбуоти шаҳрию ноҳиявӣ ва вилоятӣ бо он ки ҳафтае ду – се маротиба дастраси хонандагон намегарданд, хусусияти иттилоърасониашонро аз даст додаанд.
- Бубинед, ки нашрияҳои музофотӣ моҳе ҳамагӣ як – ду маротиба ба чоп мерасанд ва аксаран бо маводи ба истилоҳ расмӣ пур шуда, хусусияти бюллетенро касб мекунанд. Дар ин сурат, иҷрои ҳадафу таъйиноти матбуоти маҳаллӣ, бегумон, зери суол меравад. Зеро барои нашри мақолаҳои таҳлилӣ, ки акси садоро ба вуҷуд оранд, ҷой намемонад. Ҳангоме ки дар саҳифаҳои матбуот маводи таҳлилӣ вонахӯрд, майли хонанда хоҳу нохоҳ ба дигар сӯ меравад. Аз ин рӯ, мақомоти маҳаллиро мебояд лоақал чопи ҳафтаинаи нашрияашонро таъмин намоянд.
МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ ДУБОРА ЭҲЁ МЕШАВАД?
Тавре аз суҳбат бо коршиносону таҳлилгарон маълум гашт, вазъи имрӯзаи матбуоти музофотӣ дар ҳақиқат ташвишовар аст. Барои рафъи ин мушкил бо назардошти ба шабакаи интернет пайваст будани аксари аҳолии кишвар, мутахассисон, пеш аз ҳама, ба шакли электронӣ гузаштани матбуоти маҳаллиро зарур мешуморанд. Зеро то деҳаҳои дурдаст расидани нашрия вақти зиёд мегузараду моҳияти иттилоотиаш аз байн меравад.
- Дар чунин вазъ аз ҷониби мақомотҳои маҳаллӣ муттаҳид намудани нашрияҳои ду – се ноҳияи ҳамшафат ва ба ҳам овардани неруҳои молиявию зеҳнӣ ва ақлонии онҳо ба манфиати кор аст. Масалан, шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ дар водии Зарафшон, Рашт, Тоҷикобод ва Ҷиргатол дар водии Рашт, Ҳисор, Турсунзода, Рӯдакӣ ва Варзоб дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ метавонанд нашрияи худро таъсис диҳанд. Бо истифода аз ин шева, бешубҳа, нашрияҳои хубу хонданӣ ҳафтае ду – се маротиба ба дасти хонанда хоҳанд расид. Воситаи дигари ҷоннок намудани нашрияҳои маҳаллӣ дар маркази вилоятҳо таъсис додани шакли электронии нашрияҳои ҷумҳуриявӣ мебошад. Барои мисол, нашрияи вилоятӣ ду – се саҳифаи нашрияи ҷумҳуриявиро бознашр ва боқимонда маводи омодакардаи худро ба табъ мерасонад. Ин таҷрибаи ҷаҳонӣ самараи хуб ба бор хоҳад овард, - мегӯяд Қироншоҳ Шарифзода.
Муҳаррирони нашрияҳои маҳаллӣ бошанд, пешниҳод мекунанд, ки маблағгузории матбуоти музофотиро на мақомоти маҳаллӣ, балки Вазорати фарҳанг ба уҳда бигирад. Он гоҳ кор ба низом даромада, нашри мунтазами нашрияҳо таъмин мегардад.
Воқеан ҳам, дар шароите, ки бурду бохти деҳоти кишвар бояд, пеш аз ҳама, дар саҳифаҳои матбуоти маҳаллӣ инъикос ёбанд, ба моҳномаву гоҳнома мубаддал гардидани матбуоти музофотӣ боиси таассуф аст. Дар маҷмӯъ, имрӯз матбуоти маҳаллӣ танҳо ба хотири “будан” вуҷуд дорад, ки аслан буду набудаш низ зери суол қарор дорад. Пас, кай дубора ба рагҳои шахшудаи матбуоти музофотӣ хун медавад ва набзи он ҷомеаро ба тапиш меорад?
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.04.2020 №: 65 Мутолиа карданд: 992