logo

иқтисод

АШТ. СОДИРОТИ МЕВА РӮ БА РУШД ДОРАД

Дар вилояти Суғд ҷиҳати боз ҳам афзун намудани истеҳсоли меваю ангур  ва содироти он ба хориҷи мамлакат бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта тадбирҳои муассир роҳандозӣ мегарданд.

Бино ба маълумоти оморӣ, давоми ду - се соли охир майдони боғҳои интенсивӣ  хеле васеъ шуда, соли 2019 дар ҳамаи бахшҳо 845,3 гектар боғи нав бунёд ёфт, ки нисбат ба соли пешӣ 31 дарсад зиёд аст. Истеҳсоли мева дар қиёс ба соли 2018 дар вилоят 8,3 дарсад афзуда, ба 150 ҳазору 940,5 тонна расонда шуд.
Эътибори меваҳои аълосифату аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ сол ба сол бештар мешавад, аз ин рӯ, таваҷҷуҳи ширкатҳои ҷаҳонӣ ба маҳсулоти кишоварзӣ, хосса меваҳои донакдор - зардолу, шафтолу, олуболу ва гелос меафзояд. Масалан, дар мавсими гузашта боғдорони ноҳияи Ашт миёни дигар навоҳии вилояти Суғд аз ҳама зиёд мева содирот намуданд. Рафторҷон Муҳаммадиев, сардори идораи кишоварзии ноҳия, дар суҳбат ба хабарнигори “Ҷумҳурият” иттилоъ дод, ки  боғдорони аштӣ соли 2018 ба Россия, Қазоқистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя ба миқдори 2200 тонна зардолу фурӯхтанд. Ин рақам соли 2019 ба 3 ҳазору 400 тонна расонда шуд. Акнун боғдорони аштӣ ба хориҷи кишвар на танҳо содироти зардолуи тару тоза, ҳамчунин, шафтолу ва гелосро ба роҳ монда, аз ин ҳисоб манфиати хуби иқтисодӣ мегиранд. Шуҳрати боғдорони деҳоти Ошобаи ин  ноҳия дар бобати парвариши гелос дар миқёси вилояту ҷумҳурӣ паҳн шудааст. Мавзеи Ошоба барои парвариши гелос мусоид буда, ин меваи ширин дар бозорҳои дохилӣ низ талабгорони зиёд дорад ва хуб ба фурӯш меравад. Соли гузашта ба Россияву Қазоқистон 245 тонна гелос содирот шуд. Ҳоло майдони боғҳои гелос дар навоҳии Ҷаббор Расулов ва Спитамен низ васеъ шудааст.
Боғпарвар Зайналобиддин Мақсудҷонов ният дорад, ки дар ҳудуди ноҳияи Ашт бунёди боғҳои интенсивии зардолуи  пешпазаки мирсанҷалӣ, шафтолу ва ангурро (бо усули ангурпарварони шаҳри Турсунзода) ба роҳ монад. Аллакай дар хоҷагии деҳқонии “Ифтихор”-и ноҳия бунёди чунин боғҳои интенсивӣ оғоз ёфт.  Аҳамияти чунин боғҳои интенсивӣ дар он зоҳир мешавад, ки ниҳолҳо дар муҳлати кӯтоҳ ба ҳосил даромада, ба деҳқонон чанд баробар зиёд фоида медиҳанд.
- Соли равон дар ноҳия аз ҳисоби заминҳои талу теппа 150 гектар боғи нав, аксаран интенсивӣ, бунёд мекунем ва дар ояндаи наздик ноҳияи Ашт ба макони асосии истеҳсолу  содироти мева табдил хохад ёфт, - гуфт Рафторҷон Муҳаммадиев.
Тибқи маълумоти идораи кишоварзии вилоят, имсол дар Суғд зиёда аз 2 ҳазор гектар боғи нав бунёд мешавад.

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.04.2020    №: 65    Мутолиа карданд: 799
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед