қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ. 1, мод. 4, мод. 5; с. 2011, №12, мод. 840; с. 2012, №7, мод. 719; с. 2013, №3, мод. 180; с. 2015, №11, мод. 954; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 277; с. 2018, №1, мод. 7, №7-8, мод. 523; с. 2019, №1, мод. 7), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 2. Вазифаҳои мурофиаи судии иқтисодӣ
Вазифаҳои мурофиаи судии иқтисодӣ аз дуруст ва сари вақт баррасӣ ва ҳал намудани парвандаҳои иқтисодӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии вайронгардида ё мавриди баҳс қарордоштаи шахсони воқеӣ (соҳибкорони инфиродӣ) ва ҳуқуқӣ, инчунин ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони дигар, ки субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ, соҳибкорӣ, тиҷоратӣ, замин, экологӣ ва муносибатҳои дигари ҳуқуқӣ мебошанд, иборат аст. Мурофиаи судии иқтисодӣ ба таҳкими адолат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ташаккули муносибати эҳтиромона ба қонун ва суд бояд мусоидат намояд.».
2. Дар моддаи 11:
- дар қисми 2 калимаҳои «сирри тиҷоратӣ, хизматӣ ё ин ки дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда» ба калимаҳои «маълумоти дорои сирри хизматӣ, тиҷоратӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда» иваз карда шаванд;
- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Ҳангоми муҳокимаи парванда дар маҷлиси пӯшидаи судӣ шахсони иштироккунандаи парванда, намояндаи онҳо ва ҳангоми зарурат бо қарори дахлдори суд инчунин шоҳидон, тарҷумонҳо, коршиносони судӣ ва мутахассисон иштирок мекунанд.»;
- қисмҳои 4 ва 5 мувофиқан қисмҳои 5 ва 6 ҳисобида шаванд.
3. Дар сархати якуми моддаи 28 ва минбаъд дар тамоми матни Кодекс калимаҳои «иҷрочии суд» ва «иҷрочӣ» ба калимаҳои «иҷрочии мақомоти иҷро» иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 63:
- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Сабти овоз ё видеои дар ҳомили электронӣ ё ҳомили дигар пешниҳодшуда дар он маврид далел эътироф мегардад, агар шахс оид ба вақт ва маҳали сабт, аз ҷониби кӣ ва дар кадом шароит анҷом дода шудани он ҳуҷҷати тасдиқкунанда ва ё далел оварад. Чунин тартиб ҳангоми пешниҳоди дархост оид ба талаб карда гирифтани далелҳои зикршуда бояд риоя карда шавад.»;
- қисми 3 мувофиқан қисми 4 ҳисобида шавад.
5. Ба моддаи 64 қисмҳои 5 ва 6 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«5. Шахсони воқеӣ (соҳибкорони инфиродӣ) ва ҳуқуқӣ, инчунин мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо мақсади тасдиқ, ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқҳои худ, ки ҳангоми бастани шартнома, тағйир додани шартҳои он ё бекор кардани шартнома, анҷом додани аҳдҳои дигар, ҳангоми барасмиятдарории ҳуқуқи моликият, ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ, бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ ё шаҳрванд ба сифати соҳибкор, ситонидани ҷарима, аз ҳисоб баровардани воситаҳои пулӣ бо тартиби бебаҳс ва ҳангоми анҷом додани амали дигари аз нигоҳи ҳуқуқӣ аҳамиятнок бамиёномада ӯҳдадоранд амали иҷрокарда ё радди иҷрои онро дар шакли ҳуҷҷате, ки ҷавобгӯи талаботи қонун, стандартҳо, намунаҳои тасдиқгардида ва ё одатҳои муомилоти корӣ бо таъмини талаботи барои чунин ҳуҷҷатҳо зарурӣ – варақаи идоравӣ (бланк), санаи таҳия ё имзои ҳуҷҷат, рақам ва нишони содиротии (индекси) он, аслӣ будани имзои шахси мансабдор ё намоянда, мӯҳр, бақайдгирии ҳуҷҷатҳо дар дафтари баҳисобгирии ҳуҷҷатҳо ё шартномаҳо мебошанд, тасдиқ кунанд.
6. Ҳангоми вайрон кардани тартиби дахлдори тасдиқи далелҳо ва гум кардани нусхаи аслии ҳуҷҷат аз ҷониби шахсони иштироккунандаи мурофиаи иқтисодӣ оқибатҳои ногувори исбот нашудани ваҷҳҳои тарафҳо оид ба ҳолатҳои воқеии парванда ба зиммаи тараф ё шахси дигари иштироккунандаи парванда гузошта мешавад, ки метавонист ё мебоист то оғози мурофиаи судӣ худро бо далелҳои боэътимод ва бешубҳа таъмин намояд.».
6. Моддаи 641 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 641. Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахсони воқеӣ (соҳибкорони инфиродӣ), ҳуқуқӣ ва давлат ҳангоми исботкунӣ
1. Ҳангоми исботкунӣ ба амалҳои мурофиавие, ки метавонанд ба шахсони воқеӣ (соҳибкорони инфиродӣ) ва ҳуқуқӣ зарар расонанд, инчунин шаъну шараф ва обрӯи кории онҳоро паст зананд, иҷозат дода намешавад.
2. Суд барои махфӣ нигоҳ доштани маълумоти дорои сирри давлатӣ, хизматӣ, тиҷоратӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда тадбирҳо меандешад. Шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар шахсони ҳангоми гузаронидани амалҳои мурофиавӣ ҳузурдошта, ки дар ҷараёни он мумкин аст чунин маълумот ошкор гардад, оид ба ҷавобгарии ифшои чунин маълумот огоҳ карда мешаванд.
3. Азназаргузаронӣ ва таҳқиқи ҳуҷҷатҳо ё ашёи дорои маълумоти сирри давлатӣ, хизматӣ, тиҷоратӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда мувофиқи таъиноти суд анҷом дода мешаванд. Вақт, маҳал, шарти гузаронидани амалҳои мурофиавӣ ҷиҳати азназаргузаронӣ, таҳқиқи ҳуҷҷатҳо ва ашёи дорои маълумоти сирри давлатӣ, хизматӣ, тиҷоратӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро суд муайян менамояд.».
7. Ба моддаи 81 қисми 7 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«7. Агар тараф аз иштирок дар гузаронидани экспертиза саркашӣ намояд ё ба гузаронидани он монеа шавад (ба экспертиза ҳозир нашавад, ба коршиносони судӣ ашёи барои таҳқиқ заруриро пешниҳод накунад) ва мутобиқи ҳолати парванда бе иштироки ин тараф гузаронидани экспертиза ғайриимкон бошад, дар ин сурат суд вобаста ба он, ки кадом тараф аз экспертиза саркашӣ мекунад, ба зиммаи ӯ ӯҳдадории исботи ҳолати баҳснокро вогузор менамояд.».
8. Дар моддаи 116:
- қисмҳои 5, 6 ва 7 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«5. Дархост дар бораи барқарор намудани мӯҳлати мурофиавии гузаронидашуда дар давоми як моҳи пас аз бартараф намудани ҳолатҳое, ки боиси гузаронидани мӯҳлати мурофиавӣ гардида буданд, пешниҳод мегардад. Дархост дар бораи барқарор намудани мӯҳлати мурофиавии гузаронидашуда мумкин аст дар давоми то шаш моҳ аз лаҳзаи гузаронидани мӯҳлат пешниҳод карда шавад.
6. Ҳангоми баррасии дархост дар бораи барқарор намудани мӯҳлати мурофиавии гузаронидашуда талаботи қисми 3 моддаи 69 Кодекси мазкур татбиқ намегарданд.
7. Агар суд мӯҳлати мурофиавии гузаронидашударо барқарор намояд, аз лаҳзаи супоридани таъинот дар хусуси барқарор намудани мӯҳлати мурофиавии гузаронидашуда дар давоми як моҳ ба шахсе, ки мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузориро гузаронидааст, имконият фароҳам оварда мешавад, ки амалҳои мурофиавии мӯҳлаташон гузаштаро анҷом диҳад.»;
- қисмҳои 5 ва 6 мувофиқан қисмҳои 8 ва 9 ҳисобида шаванд.
9. Матни моддаи 120 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар иштироккунандагони мурофиаи судии иқтисодӣ аз ҷониби суди иқтисодӣ дар бораи қабули аризаи даъвогӣ (ариза) ба истеҳсолот ва оғоз намудани истеҳсолоти парванда, дар бораи вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ ё амали алоҳидаи мурофиавӣ бо роҳи ирсоли нусхаи санади судӣ бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур, на дертар аз панҷ рӯз то оғози маҷлиси судӣ ё гузаронидани амали алоҳидаи мурофиавӣ хабардор карда мешаванд, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад. Маълумот дар бораи қабули аризаи даъвогӣ (ариза) ба истеҳсолот, вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ ё амали алоҳидаи мурофиавӣ метавонад дар сомонаи расмии суди иқтисодӣ на дертар аз панҷ рӯз то оғози маҷлиси судӣ ё гузаронидани амали алоҳидаи мурофиавӣ ҷойгир карда шавад. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҷойгиркунии маълумот аз ҷониби суди иқтисодӣ дар сомонаи расмии суди иқтисодӣ, инчунин санаи ҷойгиркунии онҳо ба маводи парванда замима карда мешаванд.
2. Санади судӣ, ки бо он иштироккунандагони мурофиаи судии иқтисодӣ хабардор ё даъват карда мешаванд, бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
- ном ва суроғаи суди иқтисодӣ;
- вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ ё гузаронидани амали алоҳидаи мурофиавӣ;
- насаб, ном ва номи падари шахсони ба суд хабардоршуда ё даъватшуда;
- номи парванда, ки доир ба он хабардор ё даъваткунӣ ба амал бароварда мешавад, ҳамчунин ба ҳайси кӣ даъват шудани шахс;
- нишондод дар бораи он, ки шахси хабардоршаванда ё даъватшаванда кадом амалҳоро ва дар кадом мӯҳлат ҳуқуқ дорад ё ӯҳдадор аст иҷро кунад.
3. Дар ҳолатҳои таъхирнопазир суди иқтисодӣ метавонад ба воситаи телефонограмма, телеграмма, алоқаи факсимилӣ, почтаи электронӣ ё воситаҳои дигари алоқа шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар иштироккунандагони мурофиаи судии иқтисодиро хабардор ё даъват намояд.
4. Суди иқтисодӣ хабарномаи судии унвонии шахси ҳуқуқиро ба маҳали ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ мефиристад. Агар даъво ба фаъолияти филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқӣ дахл дошта бошад, чунин хабарнома ба маҳалли ҷойгиршавии филиал ё намояндагӣ фиристонида мешавад. Маҳали ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ, филиал ё намояндагӣ дар асоси иқтибос аз феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ муайян карда мешавад.
5. Хабарномаи судии унвонии шахсони воқеӣ (соҳибкорони инфиродӣ) ба маҳали зисти онҳо, ки дар иқтибос аз феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ зикр гардидааст, фиристонида мешавад. Дар сурати пешниҳод гардидани маълумот доир ба воситаҳои алоқаи шахсони иштироккунандаи парванда хабарномаи судӣ метавонад тавассути воситаҳои алоқаи мобилӣ фиристонида шавад.
6. Агар дар мурофиаи судӣ намояндаи шахси ҳуқуқӣ иштирок намояд, хабарномаи судӣ инчунин ба маҳали истиқомати намоянда фиристонида мешавад.
7. Агар шахси иштироккунандаи парванда дар бораи ба суроғаи дигар фиристонидани хабарномаи судӣ дархост намуда бошад, суди иқтисодӣ хабарномаи судиро ба ин суроға мефиристад. Хабарномаи судӣ ба шахси иштироккунандаи парванда дар он ҳолат супоридашуда ба ҳисоб меравад, ки агар он ба суроғаи нишондодашуда расонда шуда бошад.
8. Шахсони хориҷӣ аз ҷониби суди иқтисодӣ оид ба қоидаҳои муқаррарнамудаи боби мазкур хабардор карда мешаванд, агар Кодекси мазкур ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд.
9. Шахсони иштироккунандаи парванда, пас аз гирифтани санади судӣ дар бораи қабули аризаи даъвогӣ ё ариза ба истеҳсолот ва оғоз намудани истеҳсолоти парванда, инчунин шахсоне, ки ба парванда дертар ворид шудаанд ё ҷалб шудаанд ва дигар шахсони иштироккунандаи парванда пас аз қабули санади судии якум оид ба парвандаи баррасишаванда ҳуқуқи мустақилона гирифтани маълумотро дар бораи ҳаракати парванда доранд.
10. Ба шахсони иштироккунандаи парванда таваккали ба вуҷуд омадани оқибатҳои ногувор дар натиҷаи наандешидани чораҳо барои гирифтани маълумот дар бораи ҳаракати парванда вогузор мегардад, агар суд дар бораи сари вақт огоҳ будани онҳо оид ба оғози мурофиа маълумот дошта бошад.».
10. Дар моддаи 131:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Ҷавобгар ҳуқуқ дорад ба суди иқтисодӣ то оғози муҳокимаи судӣ нисбат ба даъвогар аризаи даъвогии муқобили даъво пешниҳод намояд, ки он якҷоя бо аризаи даъвогии ибтидоӣ баррасӣ карда мешавад.»;
- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Ҳангоми пешниҳод кардани аризаи даъвогии муқобили даъво ҷараёни мӯҳлати баррасии парванда, ки бо Кодекси мазкур пешбинӣ шудааст, аз нав оғоз мегардад.»;
- қисми 4 мувофиқан қисми 5 ҳисобида шавад.
11. Ба қисми 1 моддаи 134 сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- дар бораи вақт ва маҳали баррасии парванда шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар шахсони ба натиҷаи он манфиатдорро огоҳ месозад;».
12. Дар моддаи 135:
- қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«5. Оид ба парвандаҳои мураккаб бо дар назар доштани фикри тарафҳо судя метавонад барои гузаронидани мурофиаи пешакии судӣ мӯҳлатеро муайян кунад, ки аз доираи мӯҳлатҳои барои баррасӣ ва ҳалли парвандаҳои иқтисодӣ муқаррарнамудаи Кодекси мазкур зиёд набошад.»;
- қисмҳои 5, 6, 7 ва 8 мувофиқан қисмҳои 6, 7, 8 ва 9 ҳисобида шаванд.
13. Ҷумлаи якуми қисми 4 моддаи 160 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Шахсони иштироккунандаи парванда ҳуқуқ доранд ба суди иқтисодӣ дар бораи далелҳои пешниҳодкардаашон ва далелҳое, ки суд бо дархости онҳо талаб кардааст, баёнот диҳанд, инчунин ба экспертҳо ва шоҳидони ба маҷлиси судӣ даъватшуда саволҳо диҳанд.».
14. Дар моддаи 165:
- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Ҳалнома дар доираи талаботи пешниҳоднамудаи даъвогар (аризадиҳанда) қабул карда мешавад.»;
- қисмҳои 3, 4 ва 5 мувофиқан қисмҳои 4, 5 ва 6 ҳисобида шаванд.
15. Қисми 3 моддаи 177 дар таҳрири зерин ифода карда шавад.
«3. Суди иқтисодӣ, ки ҳалнома ва ё таъинотро қабул кардааст, бо аризаи шахсони иштироккунандаи парванда, иҷрочии мақомоти иҷро, дигар шахсони манфиатдор ё бо ташаббуси худ ҳуқуқ дорад иштибоҳ, саҳв ва хатои арифметикиро, ки дар санадҳои судӣ мавҷуданд, бе тағйир додани мазмуни онҳо ислоҳ намояд.».
16. Қисми 1 моддаи 183 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Дар таъинот бояд маълумоти зерин зикр гардад:
- сана ва маҳали қабули таъинот;
- номи суди иқтисодӣ, ки таъинотро қабул намудааст, насаб, ном ва номи падари судя ва котиби маҷлиси судӣ;
- ном ва рақами парванда;
- насаб, ном ва номи падари шахсони иштироккунандаи парванда, мавзӯи баҳс ё талаботи пешниҳодшуда;
- масъалае, ки вобаста ба он таъинот қабул карда шудааст;
- асосҳое, ки тибқи он суд хулосаи худро қабул намудааст, истинод ба қонун ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки суд ба роҳбарӣ гирифтааст;
- хулосаи суд;
- тартиб ва мӯҳлати пешниҳоди шикоят нисбат ба таъинот, агар нисбат ба он шикоят овардан мумкин бошад.».
17. Дар моддаи 247:
- қисмҳои 1, 2 ва 4 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«1. Марҳилаи кассатсионии суди иқтисодӣ қонунӣ ва асоснок будани ҳалномаи суди марҳилаи якумро бо дар назар доштани ваҷҳҳои дар шикоят ва эътирози кассатсионӣ пешниҳодшуда ва норозигиҳо нисбат ба шикоят ва эътироз месанҷад.
2. Марҳилаи кассатисонии суди иқтисодӣ парвандаро дар асоси далелҳои дар парванда мавҷудбуда ва далелҳои иловагии пешниҳодшуда баррасӣ мекунад. Суд далелҳои иловатан пешниҳодшударо дар сурате қабул ва мавриди баҳодиҳӣ қарор медиҳад, ки агар шахси иштироккунандаи парванда бо сабабҳои ба ӯ вобастанабуда дар хусуси ба суди марҳилаи якум надоштани имкони пешниҳоди онҳоро асоснок намояд ва суд ин сабабҳоро ҳамчун сабабҳои узрнок ҳисоб кунад. Дар хусуси қабули далелҳои нав ва таҳқиқи онҳо суди марҳилаи кассатсионӣ таъинот қабул мекунад.
4. Таҳқиқи далелҳо бо тартибе, ки барои суди марҳилаи якум муқаррар гардидааст, анҷом дода мешавад. Тарафҳо ҳуқуқ доранд дар хусуси даъват ва пурсиши шоҳидони иловагӣ, гузаронидани экспертиза, талаб карда гирифтани далелҳои дигаре, ки таҳқиқи онҳоро суди марҳилаи якум барояшон рад карда буд, дархост пешниҳод намоянд. Суди марҳилаи кассатсионӣ ҳуқуқ надорад қонеъ намудани дархости зикргардидаро бо он асосҳое, ки суди марҳилаи якум онро қонеъ накардааст, рад намояд.».
18. Дар моддаи 250:
- қисмҳои 3 ва 4 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«3. Суд ҳангоми қонеъ нагардонидани шикояти кассатсионӣ ӯҳдадор аст асосҳоеро, ки мутобиқи он ваҷҳҳои шикоят рад карда шудаанд, зикр намояд.
4. Ҳангоми пурра ё қисман бекор кардани ҳалнома ё супоридани парванда ҷиҳати баррасии нав суд ӯҳдадор аст амалеро, ки суди марҳилаи якум ҳангоми баррасии нави парванда бояд анҷом диҳад, зикр намояд.»;
- қисмҳои 3, 4 ва 5 мувофиқан қисмҳои 5, 6 ва 7 ҳисобида шаванд.
19. Моддаҳои 2502, 2503 ва 2504 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Моддаи 2502. Ҳатмӣ будани нишондодҳои суди марҳилаи кассатсионӣ
1. Нишондодҳои марбут ба зарурати гузаронидани амали мурофиавӣ, ки дар қарори суди марҳилаи кассатсионӣ зикр гардидаанд, ҳангоми бекор кардани ҳалномаи суди марҳилаи якум ва супоридани парванда ҷиҳати баррасии нав барои суде, ки парвандаи мазкурро аз нав баррасӣ мекунад, ҳатмӣ мебошанд.
2. Суди марҳилаи кассатсионӣ ҳуқуқ надорад масъалаҳои боэътимод ё беэътимод будани далел, афзалияти як далел нисбат ба далели дигарро пешакӣ ҳал намояд.
Моддаи 2503. Тартиби баррасии шикояте, ки ба суди марҳилаи кассатсионӣ пас аз баррасии парванда ворид гардидааст
1. Агар шикояти кассатсионие, ки дар мӯҳлати муқарраргардида, ё ин ки пас аз барқарор намудани мӯҳлати гузаронидашуда ирсол гардидааст, ба суди марҳилаи кассатсионӣ пас аз баррасии парванда оид ба дигар шикоят ворид шуда бошад, суди иқтисодӣ ӯҳдадор аст чунин шикояти кассатсиониро ба истеҳсолоти худ қабул кунад.
2. Агар суди марҳилаи кассатсионӣ ҳангоми мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур баррасӣ намудани шикояти кассатсионӣ ба хулоса ояд, ки қарори суди марҳилаи кассатсионии қаблан қабулшуда ғайриқонунӣ ё беасос мебошад, онро бекор карда, қарори нави марҳилаи кассатсиониро қабул мекунад.
Моддаи 2504. Тавзеҳи қарори марҳилаи кассатсионӣ. Ислоҳи иштибоҳ, саҳв ва хатои арифметикӣ
1. Тавзеҳи қарори марҳилаи кассатсионӣ, инчунин ислоҳи иштибоҳ, саҳв ва хатои арифметикӣ бо тартиб ва дар мӯҳлатҳои пешбининамудаи моддаи 177 Кодекси мазкур аз ҷониби суди марҳилаи кассатсионӣ ба амал бароварда мешаванд.
2. Нисбат ба масъалаҳои тавзеҳи қарори марҳилаи кассатсионӣ, ислоҳи иштибоҳ, саҳв ва хатои арифметикӣ марҳилаи кассатсионӣ дар мӯҳлати даҳ рӯзи пас аз воридшавии ариза ба суд таъинот қабул мекунад, ки нисбати он ба марҳилаи кассатсионӣ шикоят намудан мумкин аст.».
20. Қисми 1 моддаи 270 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ба истиснои қарорҳои Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз нав ба тариқи назоратӣ мутобиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи боби мазкур аз рӯи шикояти шахсони иштироккунандаи парванда ва шахсони дигари дар моддаи 41 Кодекси мазкур зикргардида бо эътирози Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доир ба парвандаҳои дар моддаи 51 Кодекси мазкур пешбинигардида бо эътирози Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намояд.».
21. Моддаи 2821 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 2821. Тавзеҳи қарори марҳилаи назоратӣ. Ислоҳи иштибоҳ, саҳв ва хатои арифметикӣ
Тавзеҳи қарори марҳилаи назоратӣ, инчунин ислоҳи иштибоҳ, саҳв ва хатои арифметикӣ бо тартиб ва дар мӯҳлатҳои пешбининамудаи моддаи 177 Кодекси мазкур бо хусусиятҳои баррасии парвандаҳо дар марҳилаи назоратӣ аз ҷониби коллегияи судии марҳилаи назоратӣ, ё ин ки Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.».
22. Дар моддаи 296:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Варақаи иҷро барои иҷрои ҳалнома, таъинот ё қарори суд аз ҷониби суд дода мешавад.»;
- ҷумлаи сеюми қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Варақаи иҷро ба ситонанда супорида мешавад ё бо дархости ӯ бевосита аз ҷониби суди иқтисодӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» барои иҷро фиристонида мешавад.»;
- ҷумлаи чоруми қисми 2 хориҷ карда шавад.
23. Дар ҷумлаи якуми қисми 2 моддаи 297 калимаҳои «ба истиснои» ба калимаҳои «дода мешавад, ба истиснои» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 апрели соли 2020, 1687
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2019, № 1561
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 19 марти соли 2020, № 755
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.04.2020 №: 66 - 67 Мутолиа карданд: 1644