logo

ҳуқуқ

ДАЪВАТИ БАҲОРӢ – 2020. ВМКБ АВВАЛИН ШУДА АЗ ИҶРОИ НАҚША ГУЗОРИШ ДОД

Шурӯъ аз 1 апрели соли равон дар ҷумҳурӣ даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд. Ба ин муносибат, дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат маъракаи гусели наваскарон дар фазои тантанавӣ идома дорад.

Бахшида ба Рӯзи даъватшаванда дар шаҳри Душанбе ҷамъомади тантанавӣ  баргузор шуд. Дар ҷамъомад Умед Гуреззода, муовини раиси шаҳр, зикр кард, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳимояи марзу буми Ватан ҳамеша мояи шараф ва ифтихори ҳар як фарди боору номус ва ватанхоҳ буд, ҳаст ва ин рисолат то абад боқӣ мемонад. Артиши миллӣ  пеш аз ҳама  мактаби мардонагист ва ҳар ҷавонмарди асил бояд онро гузарад, дар он обутоб ёфта, ҳамчун сарбози ҳақиқӣ ба камол расида, баҳри ҳимояи Ватан омода гардад.
Тайи солҳои охир зиёд гардидани шумораи ҷавонписароне, ки ихтиёрӣ барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил мегарданд, шоистаи таҳсин аст. Яъне, ҷавонон бо камоли ифтихор ва нангу номуси ватандорӣ  омодаи хизматанд. Зеро онҳо ба хубӣ дарк намудаанд, ки ҳимояи марзу буми Ватан қарзи фарзандӣ ва мояи ифтихори ҳар як ҷавонмард аст.
Тибқи иттилои Раҳмони Гулзор, хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар вилоят рӯзи аввали даъват пурра иҷро гардида, ҷавонони ватандӯст дар фазои тантанавӣ ва оростани чорабинии бошукӯҳ ба хидмати ҳарбӣ гусел шуданд.
Дар вилояти Хатлон ин маърака муташаккилона оғоз шуда, рӯзи 3 апрел бо иштироки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода қисмати зиёди ҷавонон ихтиёрӣ дар вазъияти тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд. Носирҷон Маъмурзода, сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, дар як тамоси телефонӣ ба мо гуфт, ки дар ин рӯз 700 нафар ҷавони меҳандӯсти вилоят ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастанд. Дар ҳамин ҳол, шаҳру ноҳияҳои Норак, Носири Хусрав, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон ва Ховалинг дар се рӯзи оғози маърака аз иҷрои нақшаи даъват мужда доданд.
Дар вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ 3 апрел маросими гусели ҷавонон ба хидматӣ ҳарбӣ бо баргузории ҳамоишҳои тантанавӣ сурат гирифт, ки дар хотири наваскарон ва наздикони онҳо боқӣ хоҳад монд.
Имрӯзҳо дар ҳамаи қисмҳои низомӣ мувофиқ ба талаботи ҳарбӣ барои ҳайати шахсӣ ё худ наваскарон синфхонаҳои таълимӣ, мавзеъҳои омӯзишии муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ, ошхона, хобгоҳ, китобхона, шаҳракҳои васеи варзишӣ, мавзеъҳои махсуси суҳбатороӣ, хонаҳои дидорбинии волидони сарбозон ва дигар шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст. Ҳамзамон, қисмҳои ҳарбӣ дорои марказҳои таълимӣ ва тамрингоҳҳои хос буда, наваскарон зимни омӯзиши дарсҳои назариявӣ ва амалӣ ба онҳо ҷалб карда мешаванд. Дар ин машқгоҳҳо хаймаҳои муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ барои дашту саҳро, ошхона, хобгоҳҳои саҳроӣ, парки техникӣ, нуқтаи тиббии саҳроӣ, хонаҳои фарҳангӣ - фароғатӣ ва синфхонаҳои зимистонаву тобистона, ҳаммом, майдончаҳои варзиш ва дигар шароити зарурӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.

Лашкар ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.04.2020    №: 66 - 67    Мутолиа карданд: 1169
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед