logo

фарҳанг

ВЭЙ. САВДОГАРЗАНЕ, КИ БА САРИ ДУНЁ ПАНДЕМИЯРО ОВАРД

Дар Чин «нахустин шарора»-еро пайдо намуданд, ки аз он дар сайёра пандемияи коронавирус аланга гирифт. Маълум шуд, ки онро дар бозори шаҳри Ухан савдогарзани маҳаллӣ бо насаби Вэй даргирондааст.

Аммо ӯ на хаффош савдо мекард, чуноне пештар мепиндоштанд, балки харчанги хурди баҳрӣ мефурӯхт. Зеро дар ин бозор танҳо маҳсулоти баҳрӣ хариду фурӯш мешуд.
Вэй дер боз дар қарибии бозор ба сар мебурд ва мизоҷони зиёд дошт. Дар куҷо ва чӣ тавр гирифтори ин марази хавфнок гашт, то ҳол маълум нест. Аммо алъон аниқ шуд, ки кай ин ҳодиса рух дод. Бино ба нақли Вэй, ӯ худро 11 декабри соли гузашта якбора бад ҳис кард: табаш баланду сулфа гулӯгираш шуд. Зукоми муқаррарӣ пиндошта, аҳамият надод. 
Чун зӯр омад, ба дармонгоҳ рафт. Чанд доруи фармуда суде накард. Сӯзандору ҳам нафъе наовард. Табибони клиникаи дигар низ дар илоҷ дармонданд. Танҳо баъди як ҳафта савдогарзан ба беморхонаи «Сехэ»-и назди донишгоҳи илм ва технологияи шаҳр омад. Ин ҷо баъди ташхис коронавирусро ошкор сохтанд.
Ҳукуматдорони чинӣ муқаррар карда тавонистанд, ки «нахустбемор»  дар ин муддат дар бозор 24 харидорро сироят намудааст, аз ҷумла чор узви як оиларо. Ана ҳамин тавр, дар бозори Ухан бемории Covid-19 сар зад, ки то имрӯз дар дунё қариб як миллион одам гирифтораш шудааст. 

Таҳияи Хуршеди ҶОВИД
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.04.2020    №: 66 - 67    Мутолиа карданд: 569
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед