logo

иқтисод

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. "ҶУМҲУРИЯТ" БОЗ ПАЙИ МАКТУБ РАФТ

«Чор тарафи маҳаллаи Гравзаводи Ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дар иҳотаи корхонаҳост. Теъдоди биноҳои баландошёнаи навсохти ба талабот ҷавобгӯйнабуда бештар шуда, дар онҳо оби нӯшокӣ, корез ва ҳатто таваққуфгоҳи мошину майдонча барои бозиҳои кӯдакона вуҷуд надоранд. Бӯйи ғализи партови бинои баландошёнаи дар дохили корхонаи сангу шағал бунёдёфта тамоми маҳалларо фаро гирифтааст».

Ин сатрҳоро сокинони маҳаллаи мазкур дар номае ба «Ҷумҳурият» навишта, аз идораи рӯзнома хоҳиш намудаанд, ки мавзӯъро пайгирӣ намоем, то ба ҳалли мушкили сокинон таваҷҷуҳ зоҳир гардад. Дар робита ба ин, хабарнигори рӯзнома ба маҳаллаи мазкур рафт ва шоҳиди он гардид, ки мушкилии зикршуда дар маҳалла ҷой дорад. Чоҳи барои корез пешбинигардида дар назди бинои истиқоматӣ кандашуда, аз партов пур гардидааст, балки партовҳои даруни он ба берун баромада, фазои муҳити зистро олуда кардааст.
- Касеро парвои мушкилии мо нест. Замони шӯравӣ дар маҳалла барои пасмондаҳо кӯле вуҷуд дошт. Ҳоло он аз ҷониби баъзе ашхос харида шуда, дар он ҷо корхонаҳо бунёд шудаанд. Соҳибони онҳо  намегузоранд, ки биноҳои нав хати корезро ба он ҷо баранд. Дар маҳалла ҳашт бинои навсохт корез надорад. Бошандагони ин мавзеъ чанд маротиба ба соҳибкоре, ки хонаи баландошёнаро сохтааст, муроҷиат намудаанд, вале ба доди онҳо касе нарасид, -  гуфт Саъдии Саидумар, сокини маҳалла.
Ҳангоми таҳқиқи номаи шаҳрвандон намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро дар ҷараён гузоштем. Раҷабалӣ Ашуров, муовини раиси ноҳия, гуфт, ки барои бартараф намудани ин мушкилӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия чораҳои қатъӣ меандешад. «Роҳбарияти ноҳия аз вазъи ин маҳалла ба хубӣ огоҳ аст. Мо соҳиби биноҳоро даъват карда, ҳар чи зудтар ҳал кардани ин масъаларо дар миён гузоштем. Ин масъала зери назорат аст».
Дар натиҷаи омӯзиш маълум шуд, ки бинобар мавҷуд набудани хати корезӣ дар биноҳои баландошёнаи маҳалла комиссияи давлатӣ онро қабул накардааст. Аз бахши меъмории ноҳия иттилоъ доданд, ки то мушкили мавриди назар ҳалли худро наёбад, бино ба истифода дода нахоҳад шуд. Аммо, мушкил дар ин ҷост, ки хонаҳо аллакай соҳибони худро ёфтаву дар он зиндагӣ доранд…
Тиллохӯҷа Мирзоев, роҳбари ҶДММ «Итмом» ва молики биноҳои баландошёна, дар суҳбат изҳор дошт, ки аз рӯи лоиҳа мо қубурҳоро кашондем, аммо соҳибмулки нави қитъаи замини кӯли партовгоҳ барои бурдани хати корез ба ин ҷо монеа шуд. Имрӯзҳо роҳи дигар кофта истодаем, то ин масъала ҳалли худро ёбад. Дар ҳамин ҳол, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии ноҳия ва роҳбарияти Ҷамоати деҳоти Чимтеппа моро бовар кунонданд, ки ба зудӣ ин мушкилро рафъ сохта, монеа ва камбудиҳои мавҷударо аз миён мебардоранд.

Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.04.2020    №: 68 - 69    Мутолиа карданд: 1038
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед