logo

сиёсат

ҲИСОБОТИ ТЕЛЕФОНӢ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ

8 апрел ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Сангвор, Нуробод ва Файзобод телефонӣ ҳисобот доданд.
Дар ҷараёни суҳбати телефонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони ноҳияҳои номбаршударо оид ба рафти тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ва киштукори баҳорӣ шуниданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони ноҳияҳо доир ба вусъати киштукори баҳорӣ, истифодаи самараноки замин ва таъмини фаровонии бозори истеъмолии аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ супоришҳои қатъӣ доданд. Бо дарназардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо супориш доданд, ки нақшаи ҷумҳуриявии кишти зироатҳо, ба хусус картошкаро бознигарӣ карда, майдони кишти онро 40 - 50 фоиз зиёд намоянд.
Раисони ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки дар баробари иҷрои корҳои кишоварзӣ ба тадбирҳои ободонию созандагӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба тозаю озода нигоҳ доштани коргоҳ, маҳалли зист, истифодаи маслиҳатҳои мутахассисони соҳаи тиб ва риояи гигиенаи шахсӣ, чораҳои мушаххас андешанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.04.2020    №: 70    Мутолиа карданд: 708
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед