logo

сиёсат

ҚАДАМҲОИ ФАЙЗРЕЗ. ДАР ҲОШИЯИ ТАШРИФИ МУБОРАКИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ 22 - 27 март ба вилояти Суғд ташриф оварда, ҳамзамон, чандин иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Чун ҳамеша ин сафари кории Сарвари давлат низ пур аз файз, дилбардориву рӯҳнавозии аҳолӣ ва ҳидоят ба корҳои созандагию ободонӣ буд ва мардуми вилоятро, воқеан ҳам, илҳоми тоза бахшид.
Пешвои муаззами миллатро сокинони шаҳру навоҳии вилояти Суғд самимона, бо дилу чеҳраҳои кушод ва оғӯши гарм пазироӣ карданд. Баргузории ҷашни бошукӯҳ ва манзалати тантанаҳои наврӯзӣ дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ бори дигар собит сохт, ки Тоҷикистон ватани Наврӯз асту мардуми тоҷик ин ҷашни суннатиро пос медоранд.
Иншооте, ки дар шаҳру навоҳии Бӯстон, Гулистон, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен бо ширкати Пешвои миллат мавриди истифода қарор гирифтанд, ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ  бунёд ва бо технологияи пешқадами ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз шуда, маҳсулоти онҳо дар  бозори истеъмолӣ талабгорони худро дорад. Инчунин, боғҳои нави суперинтесивию гармхонаҳои  муосири дар заминаи гидропоника бунёдшуда шароит фароҳам меоваранд, ки дар муддати хеле кӯтоҳ содироти хуби ҳосили онҳоро ба роҳ монанд. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар дар ин боғҳои суперинтенсивӣ дар сатҳи баланд буда, дар гармхонаҳо  то 160 - 180 тоннаро ташкил медиҳад. Президенти мамлакат бо як ғамхории падарона соҳибкорони маҳаллиро барои иқдомҳои созандаашон баҳри пешравии Ватан сипосгузорӣ  карда, онҳоро ба иқдомҳои бузургтари  созандагию ободонӣ ҳидоят намуданд.
Яке аз дастурҳои муҳими Сарвари давлат ба вазорату идораҳои мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру навоҳии он бунёди корхонаҳое мебошад, ки маҳсулоти содиротию воридотиивазкунанда истеҳсол мекунанд. Чанд сол боз ба шарофати ба кор даромадани корхонаҳои бузурги истеҳсоли семент дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва шаҳри Исфара содироти сементи вилоят ба кишварҳои дуру наздик афзоиш ёфтааст.  Ин  бор Сардори давлат дар шаҳри Бӯстон ба фаъолияти корхонаҳои тавлиди лӯлаҳои асбестӣ ва шифер ҳусни оғоз бахшиданд, ки боз қадаме ба пеш аст. Воқеан, ҳоло  сокинони   вилояти Суғд ҳамаи  намудҳои  масолеҳи  сохтмониро аз истеҳсолкунандагони ватанӣ дастрас менамоянд.
Дар  ҳудуди шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” – Гулистон бо ҳузури Пешвои миллат корхонаҳои парвариши чӯҷаю истеҳсоли гӯшт, коғазбарорӣ ва осоишхонаи замонавии “Суғдиён” ба истифода дода шуданд.
Сарвари давлат дар навоҳии Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен чандин иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ва боғҳои нави суперинтенсивиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки ҳадаф аз ҳамаи онҳо рушди иқтисодии кишвар ва ба ин васила боло бардоштани сатҳу сифати рӯзгори мардуми ҷумҳурӣ мебошад. Чун ҳамеша дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” (шаҳри  Хуҷанд)  ҷиҳати  истиқболи сазовори Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовези муносиб омода намуданд. Дар ин ҷо Президенти кишвар корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада оид ба коркарди асалро ба истифода дода, ҷиҳати боз ҳам беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ дар МОИ “Суғд” дастурҳо доданд.
Давоми шаш рӯзи сафари корӣ сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Сарвари маҳбуби худро басо самимона истиқбол гирифта, аз дастовардҳояшон сухан гуфтаву самари такопӯю талошҳояшонро дар мисоли мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаю коргоҳҳои нав, боғҳо, кӯдакистону мактабҳои замонавӣ ва иншооти дигари ҷашнӣ пешкаш карданд.
Муҳимтар аз ҳама, сокинони Суғд аз вохӯрӣ, суҳбатҳои самимона ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯзҳои баҳори нозанин як ҷаҳон илҳоми тоза гирифтанд.

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.04.2020    №: 70    Мутолиа карданд: 762
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед