logo

иқтисод

ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. АЗ ФАРОВОНӢ ТО ОЯНДАИ ПУРСАОДАТ

Сиёсати «дарҳои кушода», ки тайи солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо эҳтимоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат пайваста ва суботкорона амалӣ гардонда мешавад, ҳамчун шарти бунёдии муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ афзалият, устуворӣ, дурустӣ, ҳақиқат ва манфиати пайвастаи худро собит намуд.
Ин сиёсати бобарор барои васеъ шудани доираи шарикону густариши ҳамкориҳои босамари Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон,  созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ширкати фаъолона дар ҳалли масъалаҳои мубрами сайёра заминаҳои мусоид фароҳам овард. Дар пайи ибтикороти хирадмандона ва башардӯстонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалию доғи сайёра, хусусан об, эътироф гардид. Алъон дар саросари олам ҳадафҳои ташаббуси чоруми Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028», ки бо дастгирии якдилонаи аксари кулли мамолики ҷаҳон ва Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, амалӣ гардонда мешаванд. Ин, бешубҳа, дастоварди бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиест ба нафъи эътибори байналмилалии Тоҷикистон. Дар 20 соли охир маркази баргузории ҳамоишҳои зиёди сатҳи баланди байналмилалӣ қарор гирифтани шаҳри Душанбе низ далели раднопазири афзоиши эътибори сиёсию иқтисодии Тоҷикистон ва Сарвари он дар арсаи ҷаҳонист.
Иқтисоди миллӣ (беистисно барои ягон давлат) системаи мураккаби хоҷагидорӣ, иҷтимоӣ, сохторӣ – ташкилӣ ва илмию техникиест, ки рушди он барои ташаккул ва такомули банду буғумҳои гуногуну алоҳидаи иқтисодӣ – бозорҳои мол, сармоя, меҳнат,  хизматрасонӣ, амволи манқулу номанқул, хазинавӣ, моликияти зеҳнӣ, воситаҳои истеҳсолот ва ғайра мусоидат мекунад. Иқтисоди миллӣ ҳамчун бахши илмию амалии хоҷагидорӣ ба таҳлили воқеии илмӣ асос ёфта, тактика ва стратегияи сиёсати иқтисодию иҷтимоии давлатиро ташаккул медиҳад, барои рушди бахши иҷтимоӣ, афзоиши даромаду таъмини ҳифзи аҳолии мамлакат ва ҳар фарди алоҳидаи он шароит фароҳам меорад.
Омилҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ тақсимоти меҳнат, тараққиёти илмию техникӣ, ахлоқӣ, зеҳнӣ, истифодаи босамари канданиҳои фоиданок ва захираҳои табиӣ мебошанд.
Хушбахтона, дар Тоҷикистон қариб ҳамаи омилҳои рушди иқтисоди миллӣ муҳайёанд. Дар баробари ин, набояд фаромӯш кард, ки ба даст овардани бозори фурӯш, ки низ яке аз омилҳои рушди иқтисодист, имрӯз дар ҷаҳон ба мухолифатҳои шадиди геополитикӣ ва бархӯрди абарқудратҳо мубаддал гардидааст. Дар чунин шароит густариши робитаҳои байналмилалӣ ва узвият ба созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ аҳамияти бештар касб мекунад. Ҳоло Тоҷикистон узви Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ, Созмони умумиҷаҳонии савдо ва даҳҳо иттиҳодияҳои иқтисодию тиҷоратӣ мебошад, ки ин дар таҳкими иқтисоди миллӣ нақши муҳим дорад.
Дар пайи сиёсати дурандешонаи иқтисодии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, бо вуҷуди вусъати афзоиши терроризм, тундгароии динӣ, шиддати бархӯрдҳои геополитикӣ дар ҷаҳон ва мавҷудияти хатарҳои бузурги дигар, суръати рушди иқтисодии мамлакат тайи 7 соли охир ба ҳисоби миёна беш аз 7 дарсад таъмин гардидааст, ки яке аз дастовардҳои бузурги иқтисодӣ дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Хусусан, дастовардҳои соли гузаштаи иқтисоди миллӣ, хеле назаррасанд.
Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 77,3 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он 7,5 дарсадро ташкил дод. Ва хурсандиовар аст, ки афзоиши ҳаҷми ММД маҳз аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ (13,6 дарсад), инчунин,  кишоварзӣ,  гардиши  бор,  савдои  дохилӣ ва хизматрасонии пулакӣ таъмин гардидааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар қиёс ба соли пешӣ 3,7 миллиард сомонӣ афзуда, ба 27,5 миллиард сомонӣ расид. Ҳаҷми афзоиши истеҳсоли ангишт 14,2, маъдан 17,7, масолеҳи бинокорӣ 14,3, саноати сабук 23,6, мошинсозӣ 29,6, энергетика 19,6 дарсадро ташкил дод. Ин нишондиҳандаҳо барои татбиқи босамари ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар басо умедбахшандаанд. Ба хориҷи кишвар ба маблағи 11 миллиарду 379,9 миллион сомонӣ маҳсулот фурӯхта шуд, ки дар қиёс ба соли пешӣ 979,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Танҳо соли гузашта дар мамлакат 219 корхонаи нави саноатӣ (бо таъсиси қариб 3000 ҷойи кор) ба фаъолият оғоз кард. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ (дар ҳамаи намудҳои хоҷагидорӣ) 27,7 миллиард сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли пешӣ 7,1 дарсад зиёд аст. Суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар бахшҳои зироатпарварӣ (7,8%), сабзавоти гармхонаӣ (40,1%) ва тухм (қариб 2 баробар) бештар назаррас аст. Танҳо соли гузашта дар мамлакат 29 корхонаи нави парандапарварӣ ба кор даромад.
Дар ҳамин ҳол, воридоти зиёди маҳсулот, хусусан намудҳои озуқаворӣ, барои таъмини амнияти ғизоии кишвар хавфу хатари муайянеро ба вуҷуд меорад. Бинобар ҳамин, бо дастури Пешвои муаззами миллат бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди  амалисозии сиёсати давлатии иқтисодӣ, баланд бардоштани тавони рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилию берунӣ, афзун гардондани ҳаҷми содирот ва коҳиш додани ҳиссаи молу хизматрасониҳо дар ҳаҷми умумии воридот «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати кишвар (аз 26 ноябри соли 2016) тасдиқ карда шуд.
Барои ноил шудан ба ҳадафҳои номбурда барнома ба андозаи назаррас кам кардани вобастагӣ аз маҳсулоти воридотии мавриди ниёзи аввал, таъмини афзоиши истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот тавассути роҳандозии тадбирҳо дар бахшҳои истифодаи механизмҳои самараноки дастгирӣ ва ҳавасмандсозии истеҳсолгарони ватанӣ, амалисозии ислоҳоти зарурӣ, таъсиси марказҳои муосири логистикӣ, тавсеаи долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, коммуникатсионӣ ва иқтисодӣ, ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтани сифати молу хизматрасониҳо, ҳамкории зичи давлат ва бахши хусусӣ, ҳавасмандсозии истеҳсолгарон, содиркунандагон ва сармоягузорони молу хизматрасониҳои ватанӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони тиҷоратиро ҳамчун роҳҳои асосӣ пешбинӣ мекунад. Дар барнома маҳсулоти энергетика (неруи барқи обӣ), комплекси металлургӣ, (алюминий), металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маҳсулоти комплекси агросаноатӣ (равғану чарбу, қаннодӣ, спиртӣ, меваю сабзавот, шакар, орд ва ғ.), сабзавот, меваи тару хушк, органикӣ, ширӣ, хизматрасониҳои сайёҳӣ, нақлиёти транзитӣ, телекоммуникатсионӣ ҳамчун намудҳои асосии молу хизматрасониҳои содиротӣ муайян шудаанд.
Соли 2019 дар мамлакат қариб 17 миллиард кВт-соат неруи барқ истеҳсол гардид, ки дастоварди беназир аст. Ба кор даромадани агрегатҳои якум (2018) ва дуюми (2019) иншооти сарнавиштсози миллат – Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро рӯйдоди муҳимтарини иқтисодии солҳои соҳибистиқлолии кишвар номидан комилан дуруст аст. Дар ин корзор дар баробари бунёди иншооти азими аср ҷавонони соҳибҳунар камол меёбанд, ки дар оянда низ барои рушди энергетикаи Тоҷикистон хизмати арзанда хоҳанд кард.
Дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» (СМР – 2030), ки дар он ҳадафу афзалиятҳои рушди дарозмуддат, орзую ормони мардум, захираю имконот, омилҳои таъсиррасони берунию дохилӣ ва пешбинии раванди иқтисодӣ бо назардошти равандҳои ҷаҳонӣ муайян гардидаанд, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳаҷми 20,3, шумораи корхонаҳои саноатӣ то 29,1, маҳсулнокии меҳнати  кормандони саноат то 26,7 дарсад ва бунёди зиёда аз 1600 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ дар назар аст.
СМР - 2030 то соли 2030 ба давлати қудратманди индустриалию аграрӣ табдил додани Тоҷикистонро ҳамчун ҳадафу вазифаи меҳварӣ ба миён гузоштааст.
Ва мақсади асосӣ аз ин ҳама талошу пайкорҳо, барномаю стратегияҳо, рушди иқтисоди миллӣ, гузариш ба шеваи индустриалию аграрии хоҷагидорӣ, сиёсати иқтисодии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ як аст: таъмини зиндагии шоиста, ояндаи пурсаодати насли имрӯзу фардо. Итминон аст, ки ба шарофати ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тадбирҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, заҳмати содиқонаи мардуми кишвар дар манзари истиқлолият, ваҳдат ва фазои осудаю амонӣ ҳамаи нақшаю ормонҳои миллӣ муяссар мешаванд.

С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.04.2020    №: 70    Мутолиа карданд: 1000
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед