номаҳо
АРЗИ СИПОС БА САРВАРИ ДАВЛАТ
Синну соли ман ба 87 расидааст. Ҳамчун собиқадори меҳнат дар ободонии диёр саҳми босазо гузошта будам ва ҳоло давлати пирӣ меронам. Дигаргуниҳои куллиеро, ки бобати ободонию бунёдкориҳо тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич тайи соли гузашта ба амал омад, аз ин пеш надида будам. Махсусан, маркази ноҳия - шаҳраки Ғончӣ ба дараҷаи шинохтанашуданӣ тағйир ёфт. Майдони Парчами давлатӣ, муҷассамаи қаҳрамони халқи тоҷик Деваштич ва боғи фарҳангию фароғатӣ ба он ҳусну шукӯҳи тоза бахшид. Биноҳои маркази модару кӯдак, маркази адлия, нозироти андоз ва боз чандин марказҳои хизматрасонӣ ба фаъолият оғоз намуданду сатҳи зиндагонии мардум бамаротиб боло рафт. Роҳи байни Ғончӣ то шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - Чанак мумфарш гардида, дар ду тарафи роҳ ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан шинонда шуданд. Дар Ҷамоати деҳоти Яхтан кӯдакистони «Дӯстӣ», маркази саломатӣ бунёд ёфта, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17 пурра навсозӣ шуд, ки ифтитоҳи чунин иншоотҳо бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 августи соли 2019 ба вуқӯъ пайваст.
Дар муддати зиёда аз як соли роҳбарии раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон Ризоӣ дар тамоми мавзеъҳои аҳолинишини ноҳия тадбирҳои ободонӣ таҳти маслиҳату дастурҳои Сарвари давлат авҷу барори тоза гирифт. Кӯчаҳои шаҳраки Ғончӣ пурра чароғон гардидаанд.
Барои фароҳам овардани чунин имкониятҳо оид ба ободонии маҳал ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимии худ ва тамоми собиқадорони ноҳияи Деваштичро баён менамоям. Мо мефахрем, ки чунин Сарвари оқилу хирадманд ва ғамхори халқ дорем ва дасти дуо мекушоем, ки ҳамеша тансиҳату умри дарози пурбаракат насибашон гардад!
Абдураҳмон ШАМСИЕВ,
собиқадори меҳнат, сокини
деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.04.2020 №: 70 Мутолиа карданд: 3440