фарҳанг
“САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА”. ҶАШНЕ, КИ ЗИНДАГИРО РАНГИ ТОЗА МЕБАХШАД
Дар олам халқҳое ҳастанд, ки бо тамаддуни пуршукӯҳи худ дар рангингардии фарҳанги башарият саҳми мондагор гузоштаанд. Халқи тоҷик дар сархати ин миллатҳо ҷой дорад. Тамаддуни пуршукӯҳи тоҷикон давоми ҳазорсолаҳо дар рушду нумӯъ мебошад. Яке аз муҳимтарин бахшҳои тамаддуни гузаштаи марбут ба мардуми ориёиасл ҷашнҳои куҳан ва сурурбахшу рӯҳафзуни он ба мисли Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада ба ҳисоб мераванд.
Хурсандиовар аст, ки дар ҳамин радиф бо иқдоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни «Сайри гули лола» низ аз нав эҳё гардид ва боз мавқеву ҷойгоҳи хешро дарёфт. Албатта, дар замони муосир тарғиби чунин оини пурғановат ва зебо зиндагии инсониятро рангину муаттар месозад. Гузашта аз ин, ташкил намудани иди “Сайри гули лола” барои худшиносии миллии мо такони ҷиддӣ мебахшад. Он як навъ мероси бузурги гузаштагонамонро аз нав эҳёву тарғиб кардан ва ба наслҳои дигар ба мерос гузоштан аст.
“Сайри гули лола”, дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ, яке аз оинҳои бостонӣ ва хеле маъмули тоҷикон ба ҳисоб мерафт. Он дар сарзамини Суғди бостон, Бохтари қадим ва баъзе манотиқи дигар бо номи ҷашни "Гули сурх" баргузор мегардид. Хушбахтона, бар асари ҳаводиси таърих ҷашни "Гули лола" аз байн нарафт ва то ҳол дар қисмате аз навоҳии вилояти Хатлон ва қаламрави Афғонистон побарҷо боқӣ мондааст.
Ҷашни "Гули сурх" - ро бори аввал донишманд, мардумшинос ва мутафаккири рус Элена Пешерева солҳои 20 – уми саддаи ХХ омӯхта, дастраси аҳли илм гардондааст. Мувофиқи таҳқиқи мавсуф, ҷашни "Гули сурх" маросими басо куҳан будааст ва тақрибан 4 - 5 ҳазор сол пеш дар қаламрави кишварҳои Осиё баргузор мегардид.
Дар асоси маълумоти бадастомада дар даҳаи сеюми Фарвардинмоҳ мувофиқи анъана бо фарорасии шароити мусоид сарварони деҳу шаҳрҳо машварат ороста, рӯзи баргузории ҷашнро муайян мекарданд. Субҳи барвақт ҷавонон ба лолачинӣ мерафтанд, гурӯҳи дигар шохаҳои муносиби дарахти сафедорро мебуриданд, нисфирӯзӣ ҷавонон бо бастаҳои калони гули лола баргашта, гулҳоро ба шохаҳои бурида мебастанд. Дар натиҷа дастагулҳои азим ба вуҷуд меомад. Пас, ҷавонон дар ҳавои мусиқию тарона шохаҳои дарахтони пургулро ба базмгоҳ мебурданд. Дар базмгоҳ мардум ба пешвози лоладарахтон аз ҷой бархоста, то ғуруби офтоб суруду таронахонӣ менамуданд. Қабл аз ғуруби офтоб иштирокдорон химчаҳои сабз дар дасту лолаҳои арғувонӣ бар сару бар, ба хонаҳои худ бармегаштанд. Бо фарорасии шаб мардум боз ба базмгоҳ рафта, машъал меафрӯхтанд ва дар атрофи шохаҳои дарахтони бо гули лола ороёфта базми бошукӯҳе барпо мекарданд.
Дар санадҳои таърихӣ, инчунин, омадааст, ки ҷашни "Гули лола" се рӯз давом мекард. Ҷавонон барои чидани лола рафта, рӯзи дигар занҳо яке аз сафедорҳои сершоху сербаргро интихоб мекарданд ва тамоми лолаи овардашударо бар тани он сафедор оро медоданд ва баъдан рӯзи сеюм тамоми мардум бо ҳам ҷамъ меомаданд, сурудхонӣ ва рақсу бозӣ намуда, шодӣ мекарданд.
Ҳафриётҳои бостоншиносӣ шаҳодат меди-ҳанд, ки ниёгони мо ҳамасола ин ҷашни бузургро таҷлил мекарданд. Он бо номи "Антахтун" маъруф будааст. Тибқи боварҳои ниёгони мо, гули сурхи зебо, яъне гули лола рамзи фариштаи рустанӣ ва ҳомии тамоми набототу бахшояндаи рисқу рӯзии инсонҳост. Маълумоти таърихию ҳафриётӣ шаҳодат аз он медиҳанд, ки ҳанӯз аз қадимулайём тоҷикон ин ҷашнро гиромӣ медоштанд ва он бо асолату ҳастӣ ва пиндору гуфтори неки тоҷикон якҷоя шуда то ба замони мо расидааст.
Таҷлили ин ҷашн бо гузашти вақт дар аксар кишварҳои қитъаи Осиёву Аврупо роиҷ мегардад. Дар кишварҳо ва минтақаҳое, ки гулҳои сурху зебо намерӯид, дар чунин маросим ҷойи онҳоро шохчаҳои сабзи арча, бед ва дигар дарахтон иваз мекарданд. Масалан, дар Британияи Кабир ҷавонон ба бешазор рафта, шохчаҳои дарахтонро шикаста, онҳоро бо гулу гиёҳҳо оро дода, ба деҳаи хеш меоварданд ва ҳамин тавр, ҷашн оғоз меёфт. Бо гузашти вақт ва ҳаводиси таърих мардум ҷашни "Гули лола" - ро фаромӯш карданд. Аммо ҷавҳари асосии ин ҷашн ҷовидон боқӣ монд.
Тибқи сарчашмаҳои бостонӣ, ҷашни "Гули лола" тӯли ҳазорсолаҳо дар байни суғдиёну бохтариён ва балхиҳо вуҷуд доштааст, ки имрӯз он дар Тоҷикистон “Сайри гули лола” ва миёни тоҷикони Афғонистон ҷашни "Гули сурх" номида мешавад. Ҳоло иззат ва эҳтироми гули лола ва ҷашнҳои марбут ба онро дар байни мардуми шимолу ғарби Чин, Тоҷикистон, Афғонистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик мушоҳида менамоем.
Бояд гуфт, ки ин гули зебо дар фарҳанги бостонии мо мавқеи намоён дошт. Ҳамин аст, ки аз устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сар карда, қариб ҳама адибону таърихнигорони мо дар васфи ин рустанӣ ва нақши он дар рӯзгори мардуми тоҷик шеъру нигоришҳои гуногун доранд. Гули лола аз ҷумлаи аввалин гулҳои баҳорист, ки бо оғози фасли баҳор, соли нави миллии тоҷикон, дигаргуншавии табиат ва эҳёи зиндагӣ бар дашту даман мерӯяд. Лола рамзи зебоӣ ва зебоипарастист.
Хулоса, дубора эҳё гардидани ҷашни "Сайри гули лола", воқеан, ифтихори мардуми тоҷик аст. Ҷашнест пур аз ифтихори миллӣ. Гузашта аз ин, баргузор намудани чорабинии “Сайри гули лола” дар баробари бедор намудани ҳофизаи таърихӣ, боз моро водор менамояд, ки нисбат ба сарсабзу шукуфон намудани ҳар ваҷаб хоки Ватан саъю талош варзем. Гули лола рамзи саодат аст ва сайри гули лола эҳсоси фараҳу сурурро ба кас арзонӣ медорад. Шукуфон намудани кӯчаю хиёбонҳо бо гулҳои зебои лола барои ҷалби сайёҳон низ ба домони Тоҷикистони азиз мусоидат намудааст.
Сайёраи АВАЗ, коромӯзи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.04.2020 №: 70 Мутолиа карданд: 825