logo

иқтисод

"СУҒД - 2020". ЯРМАРКАИ VII БАЙНАЛМИЛАЛӢ

10 - 11 июли соли равон дар муассисаи давлатии «Қасри варзиш» - и маркази маъмурии вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VII байналмилалии савдои «Суғд - 2020» баргузор мегардад.

Дар ярмарка иштироки намояндагони доираҳои тиҷоратӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Осиё, Аврупо дар назар буда, соҳибкорону ҳунармандон аз тамоми минтақаҳои кишвар ширкат менамоянд.
Ҳадаф аз баргузории ярмарка дастгирии рушди савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманди соҳибкорони ватанӣ бо ҳамтоёни худ аз давлатҳои хориҷи дуру наздик ва ҷалби сармоягузорию воридоти технологияҳои муосир мебошад.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд  ба «Ҷумҳурият» хабар доданд дар доираи ярмарка, инчунин, ташкили форуми тиҷоратию сармоя, озмуни «Маҳсулоти беҳтарин», муаррифии иқтидорҳои иқтисодӣ ва нақша - бизнесҳои соҳибкорони ҷавони Суғд, вохӯриву суҳбатҳои рӯ ба рӯ ва ба имзо расондани шартномаҳо дар назар аст.
Тадбири соҳибкорӣ дар муддати кӯтоҳ аз чорабинии минтақавӣ ба намоишгоҳи байналмилалӣ табдил ёфта, танҳо соли сипаришуда дар доираи Ярмаркаи VI байналмилалии савдои «Суғд - 2019» 45 созишнома ва ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар намоишгоҳ ғайр аз соҳибкорону ширкатҳои ватанӣ намояндагони доираҳои тиҷоратии беш аз 15 давлат ва ташкилотҳои бонуфузи молиявию тиҷоратии байналмилалӣ иштирок доштанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи намоиш сол ба сол баланд мешавад.

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.04.2020    №: 70    Мутолиа карданд: 800
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед