logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

КОРРУПСИЯ
Боздошти раиси ҷамоат бо 4000 сомонӣ
Кормандони агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Муҳиддин Самадзодаро ҳангоми аз шаҳрванд «А» гирифтани 4000 сомонӣ ҳамчун пора дастгир намуданд.
Дар ин бора сомонаи агентӣ хабар дода менависад, ки «номбурда ҳамчун шахси мансабдор тахминан моҳи ноябри соли 2019 аз шаҳрванд “А” барои мусоидат кардан оид ба манзур намудани пешниҳод ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати вобаста намудани 4,10 гектар қитъаи замин маблағи 1200 сомонӣ пешакӣ гирифта, боз овардани 4000 сомониро талаб кардааст».
Раиси ҷамоат моҳи январи соли ҷорӣ ҳангоми гирифтани маблағи боқимонда боздошт шуда, нисбат ба ӯ бо моддаи 319 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ (гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.


ОДАМКУШӢ
Муноқишае, ки бо қатл анҷом шуд
 Дар шаҳри Хуҷанд марди 68 - солае, ки қаблан бо моддаи 237 (авбошӣ) суд шудааст, бо гумони қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гашт, боздошт шуд.
Тибқи иттилои сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ, гумонбаршуда 5 апрели соли ҷорӣ дар назди меҳмонхонаи «Эҳсон» - и  шаҳри Хуҷанд бо марди 36 - солаи сокини ноҳияи Деваштич вохӯрда, дар натиҷаи муноқишаи баамаломада бо корди хоҷагӣ ба ӯ дарафтодааст.  Дар натиҷа, ҷабрдида аз зарби корд ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳоло ин амали ҷинояткорона бар асоси моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ (қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси фавт гардидааст) мавриди тафтишот қарор дорад. Ин модда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ аз дувоздаҳ то понздаҳ солро пешбинӣ менамояд.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.04.2020    №: 70    Мутолиа карданд: 972
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед