logo

сиёсат

СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

9 апрел миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев суҳбати телефонӣ сурат гирифт.

Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат паҳлуҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон ва ҳамгироии минтақавиро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо суръати рушди устувори муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон ва муҳимияти кӯшишҳои муштараки минбаъдаро баҳри нигоҳ доштани ин раванд зикр намуданд.
«Қазоқистон шарики муҳими тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон мебошад ва мамлакатҳои моро анъанаҳои дерини муносибатҳои нек ва дастгирии тарафайн мепайванданд», - зикр намуданд Президенти Тоҷикистон.
Дар ин ҳошия ба Ҳукумат ва роҳбарияти Қазоқистон барои ёрии башардӯстона ба Тоҷикистон дар ин давраи барои ҳамаамон мушкил изҳори ташаккур карда шуд.
Роҳбари давлати мо омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои таъмини бозори Қазоқистон бо маҳсулоти барвақтии меваю сабзавот дар ҳаҷми зарурӣ, ҳамчунин, интиқоли пиёз иброз доштанд.
Дар ҳошияи муҳокимаи масъалаи паҳншавии глобалии коронавируси нав, ҷонибҳо ба ҳамдигар дар бораи вазъияте, ки имрӯз дар пасманзари пандемия дар ду мамлакат ба миён омадааст, маълумот доданд.
Президенти Тоҷикистон вокуниши саривақтии Қазоқистони бародарро ба паҳншавии ин сирояти хатарнок зикр намуданд ва ба тадбирҳои қатъие, ки бо ин мақсад аз ҷониби роҳбарият ва Ҳукумати Қазоқистон андешида шуданд, баҳои баланд доданд.
Президентҳо бо нигаронӣ оид ба равандҳои ҳарчи бештар ба буҳрон фурӯ рафтани иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва оғози таназзули нави глобалӣ изҳори ақида намуданд.
Дар робита ба ин, аҳамияти таҳкими минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ ва ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муштарак дар мубориза бо паёмадҳои пандемияи коронавирус таъкид гардид.
***
9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо ба роҳбарият ва мардуми бародари Ӯзбекистон барои ёрии башардӯстона ба Тоҷикистон, ки ҷиҳати пешгирии паҳншавии коронавируси нав расонда шуд, арзи сипос намуданд.
Президенти Тоҷикистон иброз доштанд, ки ин кумаки дӯстонаи иборат аз маҳсулоти хӯрокворӣ ва лавозимоти тиббӣ дар шароити имрӯзаи барои ҳамаи мо душвор хеле зарур буда, боз як нишонаи анъанаҳои деринаи дастгирии якдигарист, ки халқҳои моро бо ҳам мепайванданд. Мардумони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамчун ду ҳамсояи наздик тӯли асрҳо ба ҳамдигар дасти мадад дароз мекарданд.
Ҳамзамон, ҷараёни устувори рушди мунтазами ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар доираи шарикии стратегӣ зикр гардид.
Зимни идомаи табодули афкор оид ба мавзӯи зуҳуроти буҳрон дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва тамоюлҳои хавфноки афзоиши таназзули нав, ҷонибҳо ба ҳамдигар оид ба вазъи дар ду давлат  дар пасманзари хатарҳои паҳншавии пандемияи коронавирус баамаломада иттилоъ доданд.
Аҳамияти ҳамоҳангсозии минбаъдаи кӯшишҳои минтақавӣ барои пешгирии таъсири манфии оқибатҳои пандемия ба кишварҳои минтақа таъкид карда шуд.
Дар робита ба ин, омодагии тарафҳо барои амалиёти муштараки мақсаднок якҷоя бо тамоми кишварҳои минтақа барои рафъи вазъи буҳронӣ изҳор карда шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2020    №: 71    Мутолиа карданд: 789
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед