мулоқотҳо
Эмомалӣ Раҳмон Сергей Лебедевро ба ҳузур пазируфт
27 феврали соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедевро, ки бо ҳайати бонуфуз барои мушоҳида аз рафти интихоботи порлумонӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили омодагӣ ба интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баррасӣ шуданд.
Сергей Лебедев аз рафти мушоҳидаҳои ҳайати 160 – нафараи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки аз 4 – уми феврали соли равон фаъолият дорад, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки «дар ҷараёни омодагӣ ба интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон талаботи Конвенсияи стандартҳои интихоботии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил риоя мешаванд».
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки «роҳбарияти давлати Тоҷикистон тамоми чораҳоро амалӣ менамояд, то ки интихобот дар фазои шаффофу демократӣ ҷараён гирад ва мардум озодона овоз диҳад».
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва густариши робитаҳои стратегии Тоҷикистону Русия гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
* * *
-Роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ба таври шаффоф ва демократӣ баргузор гаштани интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тамоми чораҳои зарурӣ ва муассирро андешидааст,- гуфт Сергей Лебедев, раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои Сергей Лебедев омодагӣ ба интихобот бо риояи муқаррароти қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конвенсия оид ба меъёрҳои баргузории интихоботи демократӣ, ки соли 2002 дар шаҳри Кишинёв аз ҷониби кишварҳои аъзои ИДМ ба тасвиб расида буд, ҷараён дорад. Мо бо ҷаноби Президент натанҳо дар атрофи масоили вобаста ба интихобот, балки оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии кишвар, демократисозии ҷомеа. таҳкими робитаҳои гуногунҷанбаи иқтисодӣ бо кишварҳои ИДМ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мубодилаи афкор намудем.
– Ман аз он қаноатманд гаштам, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии ҷаноби Президент баҳри рушди устувори иқтисодиёти кишвар, беҳсозии вазъи иҷтимоии аҳолӣ, ҳалли мушкилоти молиявӣ, ки имрӯз натанҳо фарогири Тоҷикистон, балки кулли давлатҳои ИДМ гардидааст, пайваста саъю талош дорад,- иброз дошт Сергей Лебедев.
Додоҷон Рӯзиев,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1876