logo

сиёсат

БОВАР Ё ЧӢ ГУНА АФСОНА БА ҲАҚИҚАТ ТАБДИЛ ЁФТ?

Бунёду таҷдиди шоҳроҳи Душанбе - Чанак афсонаеро мемонд, ки дар ҳақиқаташ ҳазор шубҳаву ҳазор армону ҳазор таманно буд. Ҳеҷ кас бовар надошт, ки ҳатто як роҳи онро метавон сохт. Чӣ гуна бовар мекарданду умед мебастанд? Кишвар пас аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ, ки ин имконро надошт. Ба ҷуз ин, ҳамасола шаш моҳ роҳи мазкур бар асари боришоти зиёд, фаромадани тармаҳои бузург баста мешуд. Набудани барқ дар ағбаҳо барои бунёди нақб, долонҳои зиддитармавӣ мушкил эҷод менамуд. Аммо дар маркази диққати Сарвари давлат бунёди шоҳроҳҳо ва нақбу пулҳои замонавӣ қарор дошт. Зарур буд, ки фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, бозорҳои наздисарҳадӣ васеъ ба роҳ монда мешуд. Албатта, мақсуд аз ин ҳама афзудани иқтидори иқтисодӣ ва беҳтар гардондани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар буд.
Ниҳоят, он рӯзи нек, рӯзи таърихӣ, рӯзи оғози табдили афсонаҳо ба ҳақиқат, баровардани армонҳову таманноҳо фаро расид. 11 июли соли 2006 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими оғози корҳои азнавсозии роҳи автомобилии  Душанбе - Хуҷанд – Бӯстон – Чанак баргузор шуд. Дар ин маросими фараҳбахш суханронӣ намуданд ва, аз ҷумла изҳор доштанд: «Дар шароити имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, роҳу роҳсозӣ беш аз пеш аҳамияти хосса пайдо кардааст. Дар давоми 15 соли Истиқлолияти давлатии худ мо қадру қимати роҳҳоро, ки ҳамеша мардум ва кишварҳоро ба ҳам наздик менамоянд, басо хуб эҳсос кардаем».
Ҳадаф аз ин амал, яъне бунёду таҷдиди роҳҳо, пулу нақбҳо низ таъкид шуд: аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон ва ба ин васила дар байни тамоми минтақаҳои мамлакат фароҳам овардани робитаҳои нақлиётӣ ва ба як қаламрави воҳид табдил додани Ватан.
Даҳаи сеюми моҳ, дақиқтараш 22 августи ҳамон сол, Сарвари давлат дар маросими оғози расмии бунёди нақби «Шаҳристон» иштирок карданд. Бунёди ин нақб, ки аз қисмати ҷанубӣ дар баландии 2760 метр ва аз қисмати шимол 2640 метр аз сатҳи баҳр қарор дошт, ҳеҷ осон набуд.
Ҳолиё он рӯзҳо, он солҳо бо ҳама гармову сармо ва мушкилоти корҳои сохтмонӣ пеши назар меоянд. Муаллифи ин сатрҳо аз оғози бунёди ин шоҳроҳ бо ҳама иншоотҳояш то анҷоми онҳо барои шиносоӣ ва инъикоси фаъолияти кормандон ширкат меварзид ва дар ин рӯзнома матлаб ба табъ мерасонд.
«Барқ нест, бо дизел кор мекунем. Аммо дар нақша аст, ки хати барқро ба ин қитъа биёрем», - мегуфт Назрулло Алимадов, менеҷер ё худ роҳбари сохтмони нақби «Шаҳристон». Ӯ аввалин менеҷери ин қитъа, яъне қитъаи рақами се буд. Роҳбарии ҳам қисмати ҷанубӣ ва ҳам қисмати шимолиро ба уҳда дошт. Чун мутахассиси варзида баъд ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» даъват шуд.
«9 январи соли 2008 аз тарафи шимол ба ҷануб хати қувваи барқро дар масофаи 35 километр кашидем»,- изҳор медошт Ғозибек Полвонов, роҳбари сохтмони шимолии нақби «Шаҳристон».
Ин нақб калонтарин нақби кишвар маҳсуб мешуд. Дарозии нақби нақлиётгарди он 5253 метр ва нақби ҳаводиҳанда 5289 метрро ташкил медод. Дар нақб 6 мавқуфгоҳи эҳтиётӣ бо дарозии ҳар кадоми он 40 метр ва паҳнои он 4 метр сохта мешуд.
Нақби Майхӯраро, ки ҳоло «Дӯстӣ» ном дорад, магар метавон аз ёд бурд? Дарозии он 1047 метр аст. Арзиши сохтмони он 12,1 миллион долларро ташкил медод. Дар масофаи як километри Майхӯра ҳамасола тарма мефаромад. Мутахассисон ба ҳангоми бунёду таҷдиди шоҳроҳ пас аз таҳқиқу омӯзиш ба ин хулоса омаданд, ки нисбат ба сохтани долони зиддитармавӣ сохтани нақб мувофиқтару муфидтар мебошад.
20 феврали соли 2008 аз километри 48-ум то километри 73-юм тарма фаромад. Дарозии ду тармаи бузург 300 метр буд. То 12 март, ки дар ин рӯз дар сафари хидматӣ қарор доштем, масъулон муваффақ гардиданд, ки аз 25 километр 22 километри роҳро тоза бикунанд. Пас аз ду рӯз 3 километри дигари ин роҳ низ аз тарма озод шуд. Ин тарма аз тармаҳои солҳои қаблӣ ба куллӣ тафовут дошт. Соли 2007 роҳ бар асари тарма ҳафт рӯз ва соли 2006 се рӯз баста шуд.
Дар оғози сол, яъне аз 7 январ то 15 январ дар ҳамин мавзеъ ё худ аз километри 48-ум то километри 73-юм тарма роҳро баст.
Қодир Саидов, директори Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе - Чанак, зимни ин сафар мегуфт: «Кор дар ҷойҳое, ки камбарф буд, қатъ нагардид. Сохтмони роҳу пулҳо идома дорад. Дар Майхӯра корҳои нақбканӣ ба анҷом расиданд. Таманнои мо ин аст, ки обу ҳаво хуб биёяд, то суръати корҳои сохтмонӣ лаҳзае суст нашавад».
Ифтитоҳ ва ба истифода додани пули дарёи Сир соли 2009, дар арафаи Ҷашни Ваҳдати миллӣ бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рухдоди таърихӣ ва хотирмон буд.
Роҳсозон дар вазнинтарин шароити кӯҳистони кишварамон, ағбаҳои бас баланд, роҳҳои тангу ноҳамвор фаъолиятро қатъ накарданд. Дар зарфи ду сол мо соҳиби роҳи ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ шудем.
Ба сохтмону таҷдиди ин шоҳроҳ бо ҳамаи иншоотҳояш хираду дурандешиву тадбири Сарвари давлат асос гузошт. Ба нақша гирифтани бунёди 354,1 километр роҳ, 39 адад пули хурд, миёна ва калон бо дарозии 1777 метр, деворҳои ҳимоявӣ бо дарозии 19090 метр, ҷӯйборҳои сангию бетонӣ бо дарозии 207,1 километр ва васлу хобондани 352 адад лӯлаи обгузари роҳ бо дарозии 5974 метр дар он рӯзгор осон набуд. Барои он 295,9 миллион доллар сарф шуд, ки дар қиёс ба нархҳои имрӯза бас арзон маҳсуб мешавад. Яъне, ҳолиё ба ин маблағ чунин шоҳроҳро бо ҳамаи иншоотҳояш бунёд кардан дур аз тасаввур аст.
Сохтмону таҷдиди шоҳроҳ, ҳамзамон, барои мутахассисони кишвар беҳтарин мактаби  омӯзишӣ маҳсуб мешуд. Он назарияи сохтмони роҳро дар мамлакат дигар кард.
Албатта, роҳ низ чун инсон ба ғамхориву нигоҳубин ниёз дорад. Хушбахтона, дар ин маврид низ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
Дурри мақсуд ба даст омад. Бори дигар эътироф гардид, ки Сарвари давлат дурандешу оқибатандешанд ва тамоми саъю кӯшишашонро барои пойдории давлату миллат, ваҳдати милливу Истиқлолияти давлатӣ, пешрафту тараққиёти мамлакат, ободиву шукуфоии кишвари маҳбуб, боло бурдани сатҳи зиндагиву маърифати мардум хастагинопазирона сарф мекунанд.
Оре, аз ин шоҳроҳ дар тамоми фаслҳо,  шабу рӯзҳо бо хотири ҷамъ, бе ҳеҷ андешаи хавфу хатар мегузарем. Роҳҳо ба хотири бунёди он дигар баста намешаванд, ба сохтмончиён рӯ ба рӯ намеоем, ранҷу заҳматҳои онҳоро шоҳид намегардем. Агар ҳам дар ин бора мешунавем, ҳама мисли афсона менамояд, аммо афсонаи ширин, афсонае, ки касро водор месозад, то шукр бигӯяд, шукри Сардори давлат, Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва ин рӯзгор, ки дар он амну осоиштагӣ ҳукмфармост.

Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2020    №: 72    Мутолиа карданд: 782
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед