logo

иқтисод

СУҒД. МАЙДОНИ КИШТИ ПУНБА МЕАФЗОЯД

Пахтакорӣ бахши муҳимтарини соҳаи кишоварзӣ мебошад. Ба хотири аз лиҳози иқтисодӣ манфиатовар будани соҳа, майдони  кишти ин зироат сол ба сол зиёд мегардад. Тараққӣ додани пахтакорӣ имкон фароҳам меорад, ки мардум бо ҷойи кор таъмин гардида, даромади худро афзун намояд.

Рушди соҳаи пахтакорӣ пас аз ҳадафи чоруми стратегии миллӣ эълон шудани саноатикунонии босуръати мамлакат аҳамияти боз ҳам бештар касб мекунад. Дар ҳақиқат, равнақи соҳа афзалияти зиёд дошта, ба рушди бемайлони иқтисодиёти кишварамон, хусусан саноат, таъсири мусбат мерасонад.
Абдулазиз Маҳмудзода, сардори шуъбаи истеҳсолии сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, дар суҳбати телефонӣ гуфт, ки кишоварзони вилоят, тибқи дурнамо, соли равон 130 ҳазор тонна пахта рӯёнданианд. 
Имсол мувофиқи дурнамо бояд дар майдони беш аз 60 ҳазор гектар пунбадона кишт шавад, ки назар ба соли сипаришуда 1546 гектар зиёд мебошад. Кишоварзони вилоят дар мавсими кишти баҳорӣ аз техника, хусусан 331 тухмипошак, самаранок истифода бурда, рӯзе дар 3 - 4  ҳазор гектар чигит мекоранд.
То 7 апрел дар 6 ҳазору 593 гектар пунбадона кишт гардид. Барои баланд бардоштани ҳосил дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят, аз ҷумла Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Конибодом, Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов, тухмии навъҳои аълосифати «Хуҷанд - 67», «Ориёӣ», «Дӯстӣ», «Элита - 39», «Неъмат», «Ирам - 1», «Синзян», «Тиннян», «Флеш», «Глория», ки ба иқлими вилоят мусоид мебошанд, кошта шуд. Барои таъмини хоҷагиҳои пахтакор бо тухмӣ дар вилоят қариб 6 ҳазор тонна чигити хушсифат захира шудааст.
- Пахта зироати нозук ва заҳматталаб буда, ҳосили хуб ба даст овардан танҳо бо роҳи  риояи  қатъии  қоидаҳои агротехникӣ – кишт, ягона, коркарди байни қаторҳои пахта, озуқадиҳӣ бо риояи таносуби нуриҳои минералӣ, инчунин, эмин нигоҳ доштани пахта аз касалӣ ва ҳашароти зараррасон имконпазир аст, - гуфт Абдулазиз Маҳмудзода.
Ҳоло кишти пунбадона дар ноҳияҳои пахтакори вилоят бомаром идома дошта, тибқи нақша, 25 апрел ба анҷом мерасад. Дар маъракаи кишти пунбадона шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Мастчоҳ, Ашт, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров пешсафанд.

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2020    №: 72    Мутолиа карданд: 980
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед