logo

ҳукумат

Сарвари давлат ба тарғибу таҷлили хосаи Наврӯз таваҷҷӯҳ зоҳир намуд

26 феврали соли 2010 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар он наздики 40 масъалаи муҳим баррасӣ шуд.

Дар оғози маҷлис масъалаи кадрҳо баррасӣ гардид. Аз ҷумла Хайрулло Маҳмадуллоев муовини вазири энергетика ва саноат, Наргис Бойаҳмадова муовини аввали директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”, Маҳмадӣ Тӯраев намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Комилҷон Ҷӯраев намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон таъйин гардиданд.
Сипас раиси ноҳияи Панҷ оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва сардори Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва кӯҳкорӣ ҳисобот доданд.
Ба раиси ноҳияи Панҷ ва роҳбарони дигар сохторҳои дахлдор оид ба баргардондани 1200 гектар заминҳои корам ба гардиши кишоварзӣ ва бунёд намудани деҳаҳои обод дар ин мавзеъҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.
Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 ва як қатор санадҳои дигари меъёрӣ - ҳуқуқӣ тасдиқ  гаштанд.
Лоиҳаҳои як қатор қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд. Тағйиру иловаҳо  аз ҷумла ба қонунҳо «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи нотариати давлатӣ», «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера», «Дар бораи маориф» пешниҳод  гардиданд.
Ҳамчунин Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020 ва Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии илмию техникии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи худро ёфт.
Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масоили тарғибу ташвиқи соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи хуҷастапай таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, баҳри таҷлили бошукӯҳи ин ҷашни фархунда, эҳёи расму оини судбахши наврӯзӣ, фаҳмондани таърихи он ба мардум ва ба ин васила мусоидат кардан ба болобарии ҳисси худшиносии миллӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз таъриху фарҳанги бостонии ниёгон дастуру ҳидоятҳо дод.
Таъкид гардид, ки расондани кӯмак ба эҳтиёҷмандон, аз ҷумла ятимону бепарасторон, маъюбон, пирону барҷомондагон ва оилаҳои камбизоат, бояд чун анъанаи неки наврӯзӣ эҳё гашта, ривоҷ ёбад. Бо кӯмаки саховатмандон дастаҷамъона гузарондани хатнасур ва ҷашни арӯсии ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат низ бояд чун як анъанаи накӯи наврӯзӣ тарғиб шавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5828
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед