номаҳо
МОДАР. ВАҚТЕ КИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АРҶ МЕГУЗОРАНД...
Чанде пеш шоҳиди воқеаи фараҳбахше шудем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Модар бо занони фаъолу ҳушманди кишвар вохӯрӣ ва суҳбати самимӣ ороста, ба дилҳо фараҳ ва барои фардо хушбиниву умед бахшиданд.
Бо садоқат ва ҷавонмардӣ зикр карданд, ки «Бузургони олам аз қадим то ба имрӯз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модарро ситоиш мекунанд ва ба номи покаш ҳамду сано мехонанд. Мо низ рисолати инсонофариву ҳаётбахши модаронро ҳамеша қадр мекунем ва ба сиришти поку номи неки онҳо арҷ мегузорем».
Аз суханони самимиву таҳлилии Сарвари давлат маълум буд, ки эшон ба Модари худ чӣ қадар меҳру муҳаббат доранд. Ёди неки Модари меҳрубони худро дар ниҳонхонаи дил ҳифз карда, ҳар замон барояш дили бузургашон месӯзад.
Ҳанӯз аз ёд нарафта, ки ҳини сафари Ҷаноби Олӣ ба ноҳияи Сангвор сокинони меҳнатқарини он диёр акси Модари Пешворо тасвир карда, ба Сарвари давлат туҳфа намуданд. Он замон ашки худро дошта натавониста, ба сурат бӯса заданд. Воқеан, лаҳзае буд, ки ҳазорон дилро ба ларза овард. Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаи Президент ба тамоми гӯшаву канори ҷаҳон паҳн шуд ва бори дигар муқаддас будани Модар барои миллати тоҷик собит гардид. Бо чунин дили бузург Сарвари давлат гуфтанд: “Зан - Модар бо сад мушкилӣ, вале бо нияти неку умеди зиёд инсонро ба дунё меорад, ӯро тарбия мекунад ва ба камол мерасонад. Модар чунон дили пур аз меҳр дорад, ки дар бисёр ҳолатҳо бо меҳрубониву бахшояндагии хоси худаш аз гуноҳи фарзанд мегузарад ва ӯро мебахшад”.
Вақти табрики ҳамаи занону модарон Пешвои миллат ба гузаштаҳои дур руҷӯъ карда, бо ҳарорату эҳсоси баланд ҳарф мезананд. Модарро ситоиш мекунанд ва тавассути суханони ҳикматбор на танҳо мо – калонсолонро, балки насли наврасро низ тарбия мекунанд, ба дӯстдории модар ҳидоят менамоянд: “Сухане, ки модар ба фарзанд мегӯяд, дӯстдориву меҳрубонӣ ва ғамхорие, ки нисбат ба фарзанд зоҳир мекунад, чунин суханонро ҳеҷ каси дигар намегӯяд ва чунин ғамхориву дӯстдориро ҳаргиз шахси дигар карда наметавонад”.
Мо бо чунин Сарвари ғамхору дурандеш ифтихор мекунем. Бовар дорам, ки занону модарони тоҷик ҷавобан ба ин ғамхориҳо барои рушди миллат фарзандони солиму солеҳ ва донишманду содиқ тарбия мекунанд.
Муяссара НУЪМОНОВА,
ноҳияи Фирдавсӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.04.2020 №: 72 Мутолиа карданд: 3646