logo

ҳуқуқ

ФАРЗАНД. ХИШТИ АВВАЛ НАБОЯД КАҶ МОНЕМ!

Мушоҳидаҳои чанд соли охир нишон медиҳанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки ҳанӯз соли 2011 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва қабул гардидааст,  дар пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни наврасону ҷавонон мусоидат карда, робитаи волидон бо мактабро низ таҳким бахшид. Пеш аз ҳама қонуни мазкур масъулияти падару модаронро дар тарбияи дурусти фарзандон бештар кард, ки таҷрибаи ибратомӯз маҳсуб меёбад.
Барно Одинаева, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5 - и ноҳияи Фирдавсӣ, дар суҳбат бо мо аз нақш ва муҳимияти ин қонун дар ҷомеаи муосир тавсиф кард: “Мо татбиқи қонуни мавриди назарро дар муассисаамон ҷиддӣ мегирем. Дар доираи он бо волидони хонандагон низ робитаи зич ба роҳ монда шуд. Ин аст, ки дар зарфи чор соли охир ягон мавриди ба ҳуқуқвайронкунӣ ё қонуншиканӣ даст задани шогирдони мактаб сабт нашудааст”.
Ташкили чорабиниҳои фаҳмондадиҳию тарбиявӣ дар доираи қонун нишон медиҳад, ки он фаъолияти як қатор сохторҳо, аз ҷумла ҳамкориҳои зичи вазоратҳои  корҳои дохилӣ,  маориф ва илм, кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро  дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии насли ҷавон ҳамоҳанг кард.
Ба гуфтаи Абдулмаҷид Толибов, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 72 - и ноҳияи Фирдавсӣ, то қабули қонун ба  мушоҳида мерасид, ки аксари волидон дар маҷлисҳои падару модарон иштирок намекарданд. Хонандагон низ ба авбошӣ даст мезаданд. Пас аз қабули қонун вазъият рӯ ба беҳбудӣ овард. Инро аз кам шудани шумораи ҷиноятҳои ба наврасон тааллуқдошта хулоса кардан мумкин аст.
Назар ба гуфтаи ӯ, дар муассиса ҷиҳати ҳавасмандии риояи дурусти қонун, роҳу усулҳои гуногунро ба кор мебаранд. - Аз ҷумла, маҳфилҳо, озмунҳо, лавҳаҳои ифтихорӣ ташкил карда, беҳтаринҳоро бо ифтихорномаву сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мекунанд. Албатта, ин дар мафкураи хонандагон таъсири мусбат мерасонад. Ҳамчунин, барои беҳтар намудани сифати корҳои тарбиявӣ ҳар моҳ дар муассиса вохӯриву суҳбатҳо бо намояндагони сохторҳои қудратӣ гузаронда мешавад,- мегӯяд Абдулмаҷид Толибов.
Дар ҳамин ҳол, ба андешаи равоншинос Муродулло Давлатов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, яке аз омилҳои асосии ба ҷиноят даст задани ноболиғону ҷавонон бе назорат гузоштани онҳо аз ҷониби падару модарон мебошад. Албатта, дар ин синну сол чун фарзанд аз таҳсилу донишомӯзӣ дур монд, аз рӯи гумроҳӣ ба амалҳои ношоиста машғул мешавад. Оқибат ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят даст мезанад, ки зарари он на танҳо ба шахсияти насли ояндасоз, балки ба ҷомеа таъсири манфӣ дорад. Аз ин ҷиҳат рӯи кор омадани чунин қонун, ба нафъи ҷомеа мебошад, ки мо нобаста аз камбудиҳои ҷойдошта таъсири мусбати онро мебинем.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар соли 2019 ноболиғон 873 ва ҷавонон 5035 ҷиноят содир кардаанд, ки нисбат ба як соли пеш кам шудааст. Ин гувоҳи он аст, ки татбиқи меъёрҳои қонуни мазкур тавассути гузарондани вохӯрию чорабиниҳо баҳри пешгирии қонунвайронкунӣ дар байни наврасону ҷавонон хуб ба роҳ монда шуда, ҳамзамон, волидон дар таълиму тарбияи фарзандон масъулияти бештарро дарк карданд.

Сарвиноз ШОДМОНОВА, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2020    №: 72    Мутолиа карданд: 1220
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед