logo

иқтисод

ВАЗОРАТ ПЕШНИҲОДИ "ҶУМҲУРИЯТ"-РО ҚАБУЛ ДОРАД!

Матлаби Фаррух Абдувосиев, корманди Институти демография ва иқтисоди Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки бо сарлавҳаи «Заминҳои доманакӯҳ ва кӯҳистон. Имконияти васеъ барои боғу токпарварӣ» 14 июни соли 2019 дар Нашрияи расмии  Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» (№ 112) ба табъ расидааст, дар раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Зимни баррасӣ зикр гардид, ки дар ҳақиқат, рушди боғу токпарварӣ дар ҷумҳурӣ тақозои замон буда, он яке аз соҳаҳои асосии кишоварзии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад ва дар таъмини амнияти ғизоии мамлакат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушди содироти маҳсулот аҳамияти калон дорад. Алҳол дар мамлакат «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» татбиқ шуда истодааст, ки барои такони ҷиддӣ бахшидан ба рушди соҳа комилан мусоидат мекунад.
Соли 2018, тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди боғу токзор дар заминҳои обӣ манъ гардида, дар заминҳои талу теппаҳои бо намӣ таъмин вусъат гирифт.
Боғпарварони ҷумҳурӣ соли 2019 дар 2941,4 гекар боғу токзорҳои нав бунёд намуданд, ки аз онҳо 2746,9 гектарро боғ, 194,5 гектарро токзор, 197,7 гектарро боғҳои интенсивӣ ташкил медиҳанд.  2399,3 гектар боғу токзори куҳна аз нав барқарор карда шуд. Соли ҷорӣ дар доираи амалисозии «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» бояд дар 2913 гектар боғу токзори нав бунёд карда шавад. Мувофиқи маълумоти фаврӣ, боғпарварони ҷумҳурӣ то охири моҳи феврали соли равон дар 905 гектар талу теппаҳои бо намӣ таъмин боғу токзори нав бунёд намуданд. Айни ҳол ҷараёни бунёди боғу токзор дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома дорад.
Татбиқи пурраи барнома ва рушди соҳаи боғу токпарварӣ ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дошта, аз ҷониби Вазорати кишоварзии Тоҷикистон барои рафъи камбудиҳо чораҳои муассир андешида мешаванд.

Музаффар МИРЗОЗОДА, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2020    №: 72    Мутолиа карданд: 623
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед