logo

ҳуқуқ

ҚОЧОҚ. ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ БОЗДОШТ ШУД!

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти гурӯҳи муташаккили ҷиноятии фаромиллие хабар дод, ки ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар дохил ва хориҷи кишвар гумонбар мешаванд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе, ба ҳайати ин гурӯҳи нашъаҷаллоб 7 нафар шомил буда, зимни боздошт аз онҳо дар ҳаҷми махсусан калон - 70 килограмму 283 грамм навъҳои гуногуни воситаҳои нашъаовар дарёфту мусодира шудааст.
Гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ фаъолиятҳои ғайриқонунии худро таҳти роҳбарии Муқим Қурбонов, сокини шаҳри Норак, ки дар байни гурӯҳ бо лақабҳои «Муқимча» ва «Бачаи кампир» маълум аст, амалӣ менамудаанд. Ин дар ҳолест, ки номбурда бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ду маротиба дар Федератсияи Россия ҳабс шудааст. Дар доираи амалиёти боздошти Муқим Қурбонов кормандони милитсия аз манзили истиқоматиаш дар шаҳри Норак 13 килограмму 542 грамм маводи мухаддири навъи «ҳашиш», 221 грамм «афюн» ва ҳабҳои навъи «МДМА – экстазӣ» дарёфт намуданд.
Дар идомаи амалиёт дигар аъзои гурӯҳи муташаккил - Шамсиддин Салимдодов (соли таваллудаш 1981), сокини шаҳри Душанбе, Сироҷ Назиров (1981), зодаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, Руҳангез Назиров (1989), зодаи ноҳияи Шамсидини Шоҳин, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, Зоир Латифов (1985), сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, Ҳикматулло Боронов (1975), зодаи ноҳияи Муъминобод, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Доваршо Қаландаров (1978), зодаи ноҳияи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дар ҳудуди пойтахт дастгир шуданд, ки аз онҳо воситаҳои гуногуни нашъаовар дар ҳаҷми махсусан калон дарёфту мусодира гардидааст.
Ба таъкиди манбаъ, дастгиршудагон чун занҷира ва ҳалқаҳои ҷиноятӣ бо ҳамдигар пайваст ва робита дошта, воситаҳои нашъадорро аз гурӯҳҳои нашъаҷаллоби кишвари ҳамсоя - Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба таври қочоқ ворид намуда, сипас ба кишварҳои дигар интиқол медодаанд. Харидуфурӯш ва амалиётҳои додугирифти ғайриқонунии воситаҳои нашъаоварро роҳбари гурӯҳи муташаккил назорат ва тарҳрезӣ намуда, тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ бо дигар ҳаммаслаконаш ба роҳ мондааст.
Аъзои гурӯҳ воситаҳои нашъаоварро ба шаҳрҳои гуногуни кишварҳои хориҷӣ интиқол дода, дар махфигоҳ гузошта, бо истифода аз фановариҳои техникӣ расм ва схемаи макони гузоштаашонро тавассути интернет - моҳвора нусхабардорӣ ва ба роҳбари гурӯҳ мефиристоданд. Сипас, Муқим Қурбонов схемаҳои дастрасшударо ба харидорон ирсол намуда, ин маводи заҳрогинро ба фурӯш мегузошт. Тавре маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, онҳо охирон маротиба 10 октябри соли 2019 - ум 55 килограмм маводи мухаддирро ба яке аз кишварҳои ИДМ интиқол дода, бо ҳамин шева ба гурӯҳҳои нашъаҷаллоби хориҷӣ фурӯхтаанд.
Айни ҳол, боздоштшудаҳо дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбат ба онҳо тибқи талаботи моддаи 200 қисми 4 - и Кодекси ҷиноятӣ (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ, аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Ф.ҶУМЪАЕВ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.03.2020    №: 72    Мутолиа карданд: 1640
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед