logo

иқтисод

ҲИСОР. ОБОДКОРИҲО ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода,  раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода, хонандагону омӯзгорон ва сокинони дигари шаҳр як қатор иншооте, ки дар доираи нақшаи омодагӣ ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтаанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Дар фазои тантанавӣ бинои иловагии муассисаи томактабии № 7- и шаҳраки Ҳисор, ки бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, саҳми аҳолӣ ва соҳибкорони саховатпеша барои 120 кӯдак бунёд шудааст, ифтитоҳ гардид. Бинои нави кӯдакистон дорои  кат, болишту бистар, зарф, маводи таълимӣ, аёнияту бозичаҳои гуногун буда, саҳни он бо айвончаҳо, майдончаи бозии кӯдакон, дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ зебову дилкаш гардонда шудааст.
Сокинони шаҳрак барои бунёди чунин боргоҳи таълиму тарбия ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос   намуданд.
Дар назди муассисаи таҳсилоти умумии асосии № 87 чор синфхонаи иловагӣ, дар деҳаи Гулхании Ҷамоати деҳоти Ҳисор майдончаи варзишии замонавӣ,  дар деҳаи Ҷорӯбсой бунгоҳи тиббӣ ва дорухона, дар деҳаи Даҳбеди Ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода чоҳи амудӣ барои 500 хоҷагӣ,  дар деҳаи Равшандилон мағозаи фурӯши молҳои мавриди ниёзи мардум ва  дар деҳаи Зиракии Ҷамоати деҳоти Алмосӣ бунгоҳи тиббӣ ва 4 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода шуданд. Аксари ин иншоот бо маблағҳои сокинон ва соҳибкорон бунёд ёфтаанд.
Синфхонаҳои иловагии навсохт аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо мизу курсӣ, тахтаи синф, ҷевон ва асбоби дигари зарурӣ муҷаҳҳаз гардонда шудаанд.
Ширин Исматуллозода зимни ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ ва мулоқот бо сокинон муҳимияти корҳои созандагиро бахшида ба ин ҷашни таърихӣ шарҳ дода, онҳоро даъват намуд, ки дар ободию пешрафти макони зист бештар саҳмгузор бошанд.
Айни ҳол бо саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорон, ашхоси саховатпеша ва сокинони маҳаллӣ корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза касб кардаанд.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.03.2020    №: 72    Мутолиа карданд: 985
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед