мулоқотҳо
Тоҷикистон
намояндагони
байналмилалиро
хуш истиқбол гирифт
25 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро, ки бо сарварии Артис Пабрикс барои мушоҳидаи рафти интихоботи порлумон ва мақомоти намояндагии маҳаллӣ ба Тоҷикистон омадаанд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баррасӣ шуданд.
«Тоҷикистон чун узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштироки нозирони ин ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавиро дар интихобот хуш истиқбол мегирад, зеро ин ба озоду шаффоф ва демократӣ гузаштани ин маъракаи муҳими сиёсӣ мусоидат мекунад», - изҳор дошт зимни сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Аз рафти маъракаҳои тарғиботии ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои алоҳида, истифода аз воситаҳои ахбори омма, риояи қонунгузорӣ дар маҷмӯъ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Зикр гардид, ки то имрӯз ягон шикояти ҷиддӣ дар бораи вайронкунии қонунгузории интихобот, ки ба демократию шаффоф гузаштани ин маърака монеа эҷод кунад, ба қайд гирифта нашудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст бо ҳар номзад ва ҳизби сиёсӣ, ки бо иродаи мардум интихоб мешавад, ҳамкории созанда дошта бошад».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1794