logo

фарҳанг

БАЛОГАРДОНИ НАВРӮЗ

Таҷлили Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд хубу хотирмон анҷом ёфт: кормандони масъули васоити ахбори омма, журналистони соҳибтаҷрибаи телевизиону радио чун ҳамеша фаврӣ амал намуда, тавассути гузоришҳо муҳимтарин рӯйдодҳои идонаро фавран ба самъу назари умум расонданд. Ба таври муътамад таъкид ва исбот гардид, ки Тоҷикистон ҳақиқатан ҳам, ватани Наврӯз аст ва шукӯҳу манзалати ин ҷашни бостонӣ маҳз бо ширкати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳчанд шуд.
Дар вилояти Суғд омодагӣ ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар сатҳи олӣ соли гузашта оғоз ёфта буд. Вале дар оғози Соли нави милодӣ ба тадорукоти ҷашнӣ халали басо ҷиддӣ ворид гардид: аз ин карона то он каронаи олам овозаи вируси корона ба фалак печид! Дар натиҷа, дар бисёр кишварҳо аз барномаҳои консертию намоишҳои театрӣ, истироҳатгоҳу тарабхонаҳо, сайру саёҳат даст шустанду ҳатто олимпиадаи Токиоро мавқуф гузошта, дар хонаҳои худ "пинҳон" шуданд.
Вале ин як тарафи масъала. Бадбахтона, болои зарари ҷисмонӣ зарари рӯҳӣ зам гардиду коронавирус урфу одат ва расму оини халқиятҳои гуногунро ба чолиш кашид. Дар навбати аввал эрониён аз ташкили ҳама маъракаҳои серодам, аз ҷумла таҷлили Наврӯз даст кашиданд.
Ҳамчунин, «бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии вабои аср Ҳукумати Қазоқистон чораҳои қатъӣ роҳандозӣ намуд. Ҳама гуна чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла таҷлили ҷашни занон ва Наврӯзбайрам манъ гардид».
Қирғизистон ва баъдтар Ӯзбекистон мисли Покистону Афғонистону Озарбойҷон таҷлили Наврӯзи ҷаҳониро манъ карданд. Аммо ибтидои моҳи март дар Тоҷикистони азиз, ҳукмфармо дар мактабу кӯдакистон ва донишгоҳҳо таълиму тарбия тибқи барнома идома дошту кӯчаю боғҳо, масҷиду китобхона ва мағозаю бозорҳо чун ҳамеша серодам… Мардуми озодапарасти Хуҷанд рӯзҳои истироҳат ба ҳашар баромада, кӯчаю хиёбонҳо ва соҳилҳои Сирдарёро тозаю ороста мекарданд, навниҳолу гулбуттаҳои зебо шинонда, ба омадани баҳори нозанин, Иди сари сол ва Ҷашни Наврӯзи ҳуҷастафол тайёрӣ медиданд. Дар варзишгоҳи боҳашамати «Бистсолагии истиқлолият» омодагӣ ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ тибқи барнома бомаром идома дошт.
Пиру барно аз нури хуршеди баҳорӣ дилгарм, аз боди форами фарвардин фараҳманд, аз насими серуни Сирдарё баҳравар, аз тамошои гулу себарга ва сабзаи зебои суманак шоду хурсанд буданду аз он меболиданд, ки "Сайри гули лола" ва Ҷашни Наврӯзи ҷумҳуриявӣ бо иштироки Пешвои муаззами миллат маҳз дар шаҳри бостонии Хуҷанд таҷлил мешавад.
Пешвои тоҷикони олам бо қатъият, хиради воло ва ҷасорат ба ҳимояти Ҷашни Наврӯз бархост. Вақте хуршеди наврӯзӣ бо шукӯҳи оламгир дар қаламрави суғдиён партавафшон гардид, бо фарри эзидӣ ба шаҳри Хуҷанд расид. Ҳамроҳи худ барои мардуми ваҳдатшиор ва чашминтизор нишоту сарсабзӣ, осоишу ободӣ, неруи созандаву офаранда ва баракату фаровонӣ овард. Фаро расидани Наврӯзи Аҷамро ба аҳли олам табрик гуфтанд ва ба ҷашнвораи ниёкон нафаси тоза бахшиданд. Аз ин лиҳоз, санаи 22 марти соли 2020 барои мизбонҳо ва меҳмонҳои олиқадри Наврӯз, ба таъбири Шайх Саъдӣ «муборактар шабу хуррамтарин рӯз» гардид ва мавҷи шодию хурсандӣ аз соҳили Сирдарё то ба Сурайё расид. Хурду калон хандону рақсону ғазалхон ба ҳамдигар меҳрубон буданду аз таҳти дил ба ҷилва омаданду ҳақиқатан ҳам ҳаётӣ будани байти шоир исбот гардид:
Наврӯз ҷавон кард ба дил пиру ҷавонро,
Айёми ҷавонист заминрову замонро!
Он рӯзи фаромӯшнопазир бо Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Муҳиддини Хоҷазод ҳампаҳлу менишастем. Навои марғуб, суруди хуш, орази гул ва нидои булбул моро низ ба ваҷд оварду ба давраи шодӣ кашид. Ҳар ду бо хушҳолӣ амри Хоҷа Ҳофизро итоат намуда, муддате дастафшон ғазал хондему покӯбон сар андохтем!
Рӯзи дигар шунидем, ки рақси моро намояндаи телеканали «Мир» ба оламиён нишон дода, бо тамасхур гуфтааст: «Дар ҷаҳон ҳама аз хавфи коронавирус метарсанд, аммо дар Тоҷикистон ҳама дар Ҷашни Наврӯз мерақсанд…»
Рақсидану ҷӯшидан ва хурӯшидани мо бесабаб нест. Ҳардуямон мавзӯи муштараки эҷодӣ дорем ва дар васфи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик асарҳо офаридаем - устод муаллифи намоишномаи «Садди Сайҳун» мебошанду камина романи таърихии «Нигина ва Мирмалик» навиштаам. Ҳар ду ҳамфикрем, ки таърих такрор мешавад: расо ҳаштсад сол муқаддам ҳокими замон Темурмалики қаҳрамон дар он соҳили Сирдарё бар зидди вабои муғулӣ диловарона мубориза бурда, шаҳри Хуҷандро аз вайронӣ, мардумро аз парешонӣ, Ҷашни Наврӯзро аз ҳаросонӣ наҷот доду акнун дар ин соҳили Сирдарё Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро аз чанги коронавирус озод намуда, Хуҷандро обод, дили мардумро шод гардонданд…
Табиист, ки матонат, сабру таҳаммул ва ҷасорати Президенти Тоҷикистон муҳибон ва мухлисони Наврӯзро ба шигифт овард. Дар ин моваро шодмонию ифтихори ман дучанд аст. Зеро ҳафт сол муқаддам Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо арзи эҳтиром БАЛОГАРДОНИ МИЛЛАТ гуфта будам. Ҳолиё – дар аввалин рӯзи Соли нави аҷдодӣ, дар ҷашнгоҳи пурнишоти Хуҷанд бо дили шод ва саршор аз фараҳ Қаҳрамони маҳбуби худро БАЛОГАРДОНИ НАВРӮЗ мегӯям ва сидқан нидо мекунам:
Зиҳӣ, Шермарди фарзонаи Модари тоҷик!
Зиҳӣ Пешвои тоҷикони олам ва аламбардори Наврӯзи Аҷам!

Додохони ЭГАМЗОД, адиб
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.04.2020    №: 73    Мутолиа карданд: 572
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед