logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

КОРРУПСИЯ
ду корманди мақомоти андозро ба ҷавобгарӣ кашид
Алайҳи ду корманди нозироти андоз дар шаҳри Бохтар барои қаллобӣ ва ё ришваситонӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.
Дар ин бора, маркази матбуоти Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, Акбаралӣ Расулов, муовини сардор - сардори шуъбаи нозироти андоз дар шаҳр, дар ҳамдасти бо мутахассиси ҳамин нозирот Тоҷиддин Ҳотамов аз шаҳрванд Д. Сангов, ки дар шаҳри Бохтар ба тиҷорати масолеҳи сохтмонӣ машғул буд, 10000 сомонӣ талаб намудаанд. Кормандони мақомоти андоз аз ин маблағ қаблан 5000 сомониро пешакӣ гирифта, ҳангоми гирифтани 4150 сомонии дигар дар ҷойи ҳодиса дастгир шудаанд.
Ҳоло парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба онҳо бар асоси моддаи 247 қисми 2 бандҳои «а», «в», «г»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобие, ки бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шудааст) мавриди тафтишот қарор дорад.

ТАНЗИМ
Суд қонуншиканро ҷазо дод
Як сокини шаҳри Турсунзода барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд.
Ҳикматулло Болтаев хилофи талаботи қонун амал намуда, 24 январи соли 2020 бидуни сабт дар мақомоти ваколатдор  аз соати 1730 то 1840 беш аз 30 нафарро ба хонааш даъват намуда, ба муносибати тӯйи арӯсии духтараш зиёфат оростааст.
Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ дар ин бора хабар дода, афзуд, ки номбурда, ҳамчунин, 25 январи соли ҷорӣ аз Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳр барои гузарондани оши арӯсии духтараш аз соати 1600 то 1900 тавсиянома гирифта, вале хилофи талаботи қонун такроран ба мардум зиёфат додааст.
Дар пайи ин амал суди шаҳри Турсунзода шаҳрванд Ҳикматулло Болтаевро бар асоси қонунгузорӣ ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 5800 сомонӣ ҷарима кард.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.04.2020    №: 73    Мутолиа карданд: 1268
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед