мулоқотҳо
Ҳамкориҳои
Тоҷикистону Латвия
густариш меёбанд
25 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Латвия дар Тоҷикистон Игорс Апокинсро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунии Тоҷикистону Латвия ва роҳҳои таҳкиму густариши минбаъдаи муносибатҳои ду кишвар баррасӣ шуданд.
Аз густариши робитаҳои иқтисодӣ ва нақлиётӣ, ки баъди сафарҳои давлатии порсолаи Президенти Тоҷикистон ба Латвия ва Президенти Латвия ба Тоҷикистон авҷи тоза пайдо намудаанд, пеш аз ҳама аз кушодашавии алоқаи ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбею Рига ва истифодаи васеъ аз бандарҳои баҳрии Латвия баҳри боркашонии миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон таъкид дошт, ки баҳри боз ҳам боло бурдани нишондодҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ имкону захираҳо зиёданд.
Сармоягузорӣ ба бунёди иншооти гидроэнергетикӣ, корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, коркарди алюминий, пахта, меваю сабзавот ва ба истихроҷу коркарди захираҳои табиии Тоҷикистон роҳи хуби тавсеаи робитаҳои иқтисодии ду кишвар маънидод гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1873