logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

16 апрел таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси фаврӣ ва ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар семоҳаи аввали соли 2020, иҷрои нақшаи киштукори баҳорӣ, рушди саноат, андешидани чораҳои санитарӣ - гигиенӣ доир ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, коҳиш додани таъсири буҳрони молиявӣ ба иқтисодиёти кишвар, таъмини амнияти кишоварзии ҷумҳурӣ, дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз, аз ҷумла вазъи имрӯзаи ҷаҳон вобаста ба паҳншавии коронавирус, истеҳсолу захираи кофии маводи хӯрока ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ҷараёни кори маҷлис ҳисоботи муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, муовинони Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ва Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, вазири кишоварзӣ Амонулло Салимзода, вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Олимзода Насим Хоҷа, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар вобаста ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, вазъи киштукори баҳорӣ, омодагӣ ба кишти такрорӣ ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ шунида шуд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба хатари паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва таъсири манфии он ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои олам ҷалб карданд.
Таъкид гардид, ки дар асоси супориши Сарвари давлат аз ҷониби Ҳукумати кишвар нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии паҳншавии коронавирус ба иқтисоди миллӣ қабул гардида, ситоди ҷумҳуриявии доимамалкунанда таъсис дода шуд.
Президенти мамлакат ба Ҳукумати кишвар супориш доданд, ки бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазами иқтисоди миллӣ доир ба ҷорӣ намудани сабукиҳо ва имтиёзҳои андозиву қарзӣ барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, соҳибкории хурду миёна, табақаҳои алоҳидаи аҳолӣ ва соҳаҳои осебпазири иқтисодиёт чораҳои мушаххас андешад.
Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати кам кардани таъсири манфии хавфҳои беруна ба иқтисодиёти кишвар, қисми даромади буҷет ва истифодаи имконияту манбаъҳои иловагӣ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод манзур намоянд.
Роҳбарони вазорату идораҳо вазифадор шуданд, ки доир ба истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, роҳ надодан ба хароҷоти дуюмдараҷаву ғайримақсаднок, пардохти пурраи музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, нафақа, ҷубронпулию кумакпулиҳо ва беҳтаргардонии хизматрасониҳои тиббӣ, танзими бозори асъору муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба истеҳсолкунандагону содироткунандагони ватанӣ, таъмини фаъолияти босуботи бонкҳо, пешниҳоди сабукиҳои қарзию бонкӣ ба ташкилотҳои қарзиву соҳибкорон чораҳои дахлдор андешанд.
Супоришҳои дигар ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати пешгирӣ кардани ҳолатҳои ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархҳо, махсусан нархи маҳсулоти ниёзи аввал ва муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозори истеъмолӣ дода шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар дар самти пешгирии паҳншавии коронавирус ҷиҳати аз имрӯз андешидани тадбирҳои иловагӣ доир ба таъмини фаъолияти мунтазами тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, махсусан саноату кишоварзӣ ва дар маҷмӯъ, рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар супоришҳои мушаххас доданд.
Вобаста ба ин, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати зиёд намудани истеҳсол ва захираи маҳсулоти ниёзи аввал, бахусус орд, равғани рустанӣ, биринҷ ва дигар маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва мунтазам таъмин кардани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ чораҳои саривақтӣ андешанд.
Дар бахши кишоварзӣ вобаста ба таъсиси иқтидорҳои нав ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ, таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти соҳа дар ҳамаи фаслҳои сол, махсусан зимистону баҳор, бо истифодаи мақсадноки сардхонаву гармхонаҳо ва баланд бардоштани самаранокии онҳо дар хоҷагиҳои ҷамъиятию аҳолӣ супоришҳо дода шуд.
Вобаста ба ин ва бо дарназардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Вазорати кишоварзӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, тамоми сохторҳои соҳаи кишоварзии мамлакат, супориши қатъӣ ва фаврӣ дода шуд, ки нақшаи кишти зироатҳо, бахусус майдони кишти картошкаро то 40 дарсад ва майдони кишти такрориро аз ҳисоби ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо ва ҷуворимакка то 60 фоиз зиёд намуда, истеҳсолу захираи орду равғанро таъмин намоянд.
Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро бо хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва аҳолӣ дар самти сари вақт кишт намудани зироатҳо, аз ҷумла сабзавоту полизиҳо, гирифтани се - чор ҳосил, захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як оилаи кишвар, ташкили гармхонаҳо, алалхусус дар заминҳои президентӣ ва ҳатто наздиҳавлигӣ васеъ ба роҳ монанд.
Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки ҳамкории судмандро бо роҳбарони кишварҳои дахлдор доир ба имкониятҳои содироти меваю сабзавоти истеҳсоли ватанӣ ба кишварҳои шарики тиҷоратӣ ва воридоти маҳсулоти ниёзи аввал ба Тоҷикистон ба таври фаврӣ ба роҳ монад.
Тамоми роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки захираву имкониятҳоро вобаста ба пешгирӣ кардани бемории сироятии коронавирус ва пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ (гигиенаи шахсӣ) ба таври самаранок истифода баранд.
Дар фарҷоми маҷлис Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, аз ҷумла пешгирии хавфи омадани сел ва обхезиҳо, доир ба тезондани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, бахусус коронавирус, тозаю озода кардани муҳити зист ва дар сатҳи зарурӣ доир кардани маъракаи зимистонгузаронӣ супоришҳои мушаххас доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.2020    №: 75    Мутолиа карданд: 10855
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед