logo

фарҳанг

АННА МАРИ ШИММЕЛ – ДУХТАРИ ОЛМОНИТАБОРИ МАВЛОНО

Анна Мари Шиммел аз маъруфтарин ховаршиносони ҷаҳон аст, ки як умр дил ба ҳикмату фалсафаи адабиёти тоҷику форс, бавижа ашъори Мавлоно бохта буд. Бовар дошт, ки ваҳдати эҷодкардаи шоир дастурест барои дирӯз, имрӯз ва фардо. Пажӯҳишгарон бо ихлос таъкид кардаанд, ки профессор Шиммел бо таҳқиқоти худ тавонист қонуни шарқшиносиро аз Фаронса ба Олмон интиқол диҳад ва онро бо фалсафаи Олмон омезиши маънавӣ бубахшад.

ОШИҚИ МАВЛОНО
Ин бонуи хирадҷӯ соли 1922 дар Эрфурти Олмон чашм ба олам кушод. Дар 19 - солагӣ дар шаҳри Берлин ҳамчун олим ном баровард. Ба хотири маърифати ростини адабиёти бостони мо забонҳои тоҷикӣ, арабӣ ва туркиро фаро гирифт. Бори аввал бо Мавлоно тавассути тарҷумаи чанд ғазали шоир ба забони олмонӣ, ки Фридрих Рюккерт анҷом дода буд, ошно шуд ва аз забони устодаш Ҳанс Генрих Шейдер танини «Бишнав аз най…» барои як умр дар гӯши дилу ҷонаш боқӣ монд. Аз соли 1954 то соли 1959 ба унвони устоди таърихи дин дар донишгоҳи шаҳри Анқара ба тадрис машғул буд. Дар ҳама суханрониҳояш бо ифтихор худро духтари олмонитабори Мавлоно эълом медошт ва дар поёни номаҳо ва соядасти китобҳояш ин ҷумлаи саршор аз самимиятро такрор мекард ва менавишт: «Ман ошиқам! ошиқи Мавлоно».
Дар бештар аз 200 номаи хонум Шиммел ба Абулқосим Тафаззулӣ, яке аз пайравони мактаби мавлавия, ки дар давоми 40 сол бо ӯ мукотибаи пайваста дошт, ин хитоба сабт аст.      
«МАРО ҶАМИЛА НОМ БАРЕД»
Дар китоби «Самоъ» Абулқосим Тафаззулӣ чунин нақли ҷолибе меорад: «Дар соли 1953 мелодӣ хабар расид, ки профессор Анна Мари Шиммел барои зиёрати турбати Мавлоно ба Қуния меояд. Рӯзе баъд, вақте як хонуми ҷавон ва зебо вориди утоқам шуд, бовар намекардам, ки ӯ ҳамон профессор аст. Вақте ки хонуми ҷавон Мавлоноро ба унвони «пирам» хитоб карда, чандин ғазали оҳангноку ошиқонаи «Девони кабир» - ро ба забони форсӣ аз бар хонд, ҷисму ҷонамро тасхир кард. Ӯ дар ҳамон рӯз дар мусоҳибаи матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт: «Қуния ва Мавлоноро хеле дӯст медорам. Қалби ман дар ин шаҳр ва дар турбати Мавлоно ҷой дорад. Хоҳиш мекунам ба ҷои Шиммел маро Ҷамила (наздик ба номвожаи Шиммел) хитоб кунед». Интишори ин мусоҳиба дар Туркия якбора ӯро шуҳратёр намуд. Сокинони Қуния барои ошноӣ бо вай ва даъвату пазироӣ аз ӯ ба такопӯ афтоданд. Аз ин пас профессор Шиммел шаҳрванди ифтихории Қуния гардида, Ҷамила ном гирифт.

МАВЛОНО – ШОИРИ УМЕДПАРВАР
Баъди шикасти фашизм дар Олмон мардум рӯҳияи пуросеб ва ҳолати носозгори равонӣ доштанд ва дар ҳамон ҳолу ҳавои вазнин аз ашъори Мавлоно мадад меҷустанд, ки яке аз онҳо хонум Шиммел буд.
Номбурда дар яке аз суҳбатҳо гуфтааст: «Дар шароити сахти Ҷанги дуюми ҷаҳон осори Мавлоно ба ман қудрат дод, то бар навмедие, ки дар рӯҳи ман чира шуда буд, пирӯз оям. Аҷиб он аст, ки худи Мавлоно дар сангинтарин вазъу шароит ноумед намешавад ва аз даруни мусибату фоҷиаҳо аносири умеду саодатро берун мекашад».
Ин олим дар риштаҳои исломшиносӣ ва адабиёти арабу турк, ҳинду покистон корҳои мондагори таҳқиқотӣ анҷом дода бошад ҳам, асарҳои «Нардбони осмон», «Шукӯҳи Шамс», «Мавлоно: дирӯз, имрӯз ва оянда», «Забони тасвирҳои Мавлоно» (1949), «Таъсири андешаҳои Мавлоно дар Шарқу Ғарб» (1962), Гузидаи «Девони Шамс» (1969, тарҷума ба забони олмонӣ) ба пажӯҳишгар шуҳрати ҷаҳонӣ оварданд. Мавсуф бо офаридани 110 асари хурду бузурги илмӣ доктор ва профессори чандин донишгоҳу донишкадаҳои дунё эътироф гардид, соҳиби 15 ҷоизаи гуногун шуд, ки бештарашон барои мавлавипажӯҳии ӯ эҳдо шудаанд. Дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфтааст: «Замоне дар як кишвари шарқӣ машғули тадрис будам, ки аз кишвари дигар паём омад: барои мавлавипажӯҳӣ соҳиби ҷоиза шудаед. Ба худ гуфтам: шукӯҳу шавкати Мавлоност, ки ба ман ҳам ҷоиза ато карда».

РАҲНАМОИҲОИ «УСТОДИ ДУО»
Хонум Шиммел дар давоми 50 сол Мавлоно ва дину оини Шарқро мӯ ба мӯ омӯхт. Ҳамасола дар рӯзи даргузашти шоир, ки дар Қуния бо номи «Шаби арӯс» мегузарад, иштирок ва суханрониҳои пуршӯру шавқангез мекард. Аз иштирок дар рақси самоъ завқ мебурд. Чи тавре дар китоби Абдурашид Самадов – «Шарқ дар оинаи Ғарб» сабт аст: «Мо метавонем дар осори Мавлоно раҳнамоиҳои зиёдеро барои зиндагиамон биёбем, аз ин сабаб, дар осори ӯ фалсафаи амиқи дуоро мебинем. Ӯ устоди ҳақиқии дуо аст».
Хонуми олмонӣ дар баробари маърифати Мавлоно ба дурустӣ пай мебарад, ки дар олам ҳама неку бад ҳикмате дорад. Аз ин сабаб, мегӯяд: «Мавлоно ҷонибдори он аст, ки дар ҳар чиз ҳикмате нуҳуфтааст ва ҳатто агар (чизе ва ё касе. – Б. Б.) ба назари мо манфист, мумкин аст барои каси дигар арзиши мусбат дошта бошад».

ОШИҚИ МАВЛОНО ОШИҚИ ТОҶИКИСТОН ШУД
Духтари Мавлоно охири соли 2002, як сол пеш аз марг меҳмони Тоҷикистон шуд. Дар ин бора яке аз ташкилкунандагони ин мулоқоти таърихӣ, профессор Санавбарбону Воҳидова, мудири шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо чунин нақл кард: «Мо Анна Мари Шиммелро бо мусоидати сафорати Олмон дар Тоҷикистон ба кишвар даъват кардем. Хушбахтона, мавсуф даъвати моро пазируфт. Ӯ зани хурдҷуссаи дар лаб табассум, хоксор, донишманди мумтоз буд. Ишқу алоқааш ба Мавлоно бисёр самимӣ ва воқеӣ буда, бо тоҷикӣ озод суҳбат мекард. Ошиқи Мавлоно ошиқи Тоҷикистон ҳам шуд ва бисёр мехост, ки дар оғӯши дарёи дастхатҳои муътабари ниёгони мо ғаввосӣ кунад».
Баъди як соли ин сафар, яъне 25 январи соли 2003 хонум Шиммел чашм аз ҷаҳон пӯшид.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2020    №: 76    Мутолиа карданд: 741
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед