logo

ҳуқуқ

КОЛЛЕГИЯИ СУДӢ ҲУКМИ ИФРОТИҲОРО БЕТАҒЙИР ГУЗОШТ

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе, ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомониро нисбат ба Исмоил Табаров ва Мақсудхоҷа Муминов бетағйир ва шикояти кассатсионӣ аз болои ҳукмро беқаноат мононд.

Суди марҳилаи якум И. Табаровро бо моддаҳои 3073 қисми 1 (ташкили фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ), 170 (дузанагӣ ё серзанагӣ) ва М. Муминовро бо моддаи 347 қисми 1 (хабар надодан дар бораи ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин...) – и Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор донистааст. Тибқи ҳукми суди ноҳияи И. Сомонӣ, Исмоил Табаров бо дастрасии қисми 3 - и моддаи 67 ва моддаи 69 Кодекси ҷиноятӣ, аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 7 солу 2 моҳ, инчунин, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи аъзо шудан ва иштирок намудан дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсию иттиҳодияҳои динӣ ба муҳлати 2 сол, бо адо намудани ҷазо дар муассисаҳои ислоҳии низоми пурзӯр, таъйин карда, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» (25 октябр, соли 2019) муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбат ба ӯ аз се як ҳисса кам карда шуд.
Ба Мақсудхоҷа Муминов бошад, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати як сол таъйин шуда, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» муҳлати адонагардидаи ҷазои ӯ аз ду як ҳисса кам  гардид.
Баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба онҳо муайян кард, ки И. Табаров соли 2012 ҳангоми дар деҳаи Ғалабаи ноҳияи Фархор қарор доштанаш, тавассути интернет, сабтҳои аудиоӣ ва видеоии роҳбарони иттиҳоди экстремистии «Салафия» - ро тамошо ва гӯш карда, ақидаи ифротияшонро дастгирӣ мекардааст. Ӯ бо мақсади ҷалби аъзои нав миёни сокинони деҳаҳои Ғалаба ва Фирӯзи ноҳия ба ташвиқу тарғиби ғояҳои ин равия машғул гардида, соли 2014 ба Россия рафтааст. Он ҷо бо Магомед ва Арсен ном шаҳрвандони ин кишвар, ки пайрави «Салафия» будаанд, шинос шуда, бо пешниҳоди Арсен, барои пурра омӯхтани аҳкоми динӣ ба пойтахти Миср – шаҳри Қоҳира рафта, ду сол дар назди яке аз мубаллиғони иттиҳоди экстремистии мазкур Муҳаммад Саид ном шахси ба тафтишот номаълум, таълим гирифтааст. Баъди баргаштан ба Россия ҳангоми суҳбати телефонӣ бо хешу табораш мефаҳмад, ки дар Тоҷикистон нисбат ба ӯ бинобар пайрави иттиҳоди экстремистии «Салафия» буданаш парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар кофтуков қарор дорад. Ӯ бо мақсади раҳоӣ ёфтан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ соли 2018 ба унвонии сардори раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилӣ бо ариза оид ба ихтиёран тарк кардани сафи иттиҳоди экстремистии «Салафия» муроҷиат карда, пушаймонии худро изҳор намудааст. Сентябри соли 2018 пешбурди парвандаи ҷиноятӣ нисбаташ қатъ шудааст.
Вале Исмоил Табаров аз кирдори қаблан содиркардааш хулоса набароварда, пас аз қатъ шудани парванда, барои аз нав оғоз кардани фаъолияти ғайриқонунӣ моҳи феврали соли 2019 дар шаҳри Душанбе бо аъзои фаъоли иттиҳоди экстремистии «Салафия», Абдураҳмон, Парвиз, Муродулло Сайёдзода, Сайфулюсуф Султонзода, Дилшод Тошев, Дилшод Юсупов ва Сулаймон, ки дар бозори «Фаровон» - и пойтахт ба тиҷорат машғул буданд, шинос шудааст. Моҳи майи соли 2019 И. Табаров бо дастгирии Д. Тошев ба ширкати «Тавҳид ва Ком», ки ба маҳкумшуда Мақсудхоҷа Муминов тааллуқ дорад, ба ҳайси фурӯшанда ба кор даромада, аз он вақт то давраи дастгиршавиаш дидаю дониста, ки равияи динии «Салафия» бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2014, ҳамчун иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) эътироф гардида, фаъолияташ манъ шудааст, барои бештар кардани аъзои ташкилот дар ошхонаҳои «Шукрона», «Ургут» ва «Бародарон» - и шаҳри Душанбе ва манзили истиқоматиаш бо баҳонаи ошхӯрӣ, бо нафарони зикргардида ҷамъомадҳои динӣ ташкил кардааст.
Ғайр аз ин, И. Табаров соли 2012 бо шаҳрванд Фарзона Самадова оила барпо карда, соҳиби ду фарзанд гардидаанд. Соли 2015 боз бо шаҳрванд Замира Мустафоева ақди никоҳи мусулмонӣ баста, соҳиби ду фарзанд шудаанд.
Исмоил Табаров бо таклифи М. Муминов ба хонаи ӯ рафта, якҷоя намози хуфтанро адо кардаанд. Дар рафти хондани намоз соҳибхона пайрави «Салафия» буданашро мушоҳида ва дарк карда, дар рафти нишастҳо, худаш аъзои ин равия нагардида бошад ҳам, аммо нисбат ба шахси содиркардаи ҷинояти вазнин, ба мақомоти дахлдор хабар надодааст.
Ҳарчанд адвокати маҳкумшудаҳо ба ҳукм шикоятҳои кассатсионӣ оварда, аз коллегияи судӣ хоҳиш кард, ки нисбат ба М. Муминов ва И. Табаров ҷазои сабук таъйин карда шавад, вале коллегияи судӣ маҷмӯи далелҳои боэътимодро, ки суди марҳилаи якум исбот намудааст, дуруст ҳисобида, бекор кардан ва ё тағйир додани онро салоҳ надонист.  

Х. АЗИЗМАТЗОДА, судяи суди шаҳри Душанбе,
Ҷ. АБДУЛХАЙРЗОДА, корманди дастгоҳи суд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2020    №: 76    Мутолиа карданд: 1386
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед