logo

фарҳанг

«ҶУМҲУРИЯТ» –ҚОМУСИ МИЛЛАТ

Дақиқан, матлаби зер барои бархе аз ҳаводорони матбуот ғайри пиндор ва каме ҳайратангез менамояд: «Чаро муаллиф аз бозгӯи дастовардҳои хоси шахсиятҳо ва тараннуми зебоиҳои диёр канор ҷуста, ба рисолати таърихии рӯзнома рӯ овардааст?».
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон-рӯзномаи “Ҷумҳурият” 95 сол муқаддам зери унвони “Иди тоҷик” арзи ҳастӣ намуда, то имрӯз  ба доираи васеи хонандагонаш бо мазмуну мундариҷаи воло маҳбубу хонданӣ мондааст. Рӯзнома аз айёми барои миллати тоҷик сарнавиштсоз ҳадафҳои арзишмандро ба нафъи халқу Меҳан пиёда сохта, сатҳу сифати маънавиашро нигоҳ дошта меояд. Таблиғи сиёсати давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи кормандони ҷӯяндааш бармало ба мушоҳида мерасад.   
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ҳайати эҷодии рӯзномаи “Ҷумҳурият” рисолати хештаншиносӣ ва таблиғи арзишҳои миллиро тозагиҳои вежа бахшида, шабеҳи ишораи Ибни Ямини Фарюмадӣ ба “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ, ҷойгоҳи “қомуси миллат”-ро “...болотар бурд”-аву “дар курсӣ нишонд”-анд. Иддаои фавқро аз эпиграфи “Нест ҷуз қомуси миллат дар рафи ҳастии мо, Парчами номус бошад дар кафи ҳастии мо” дармеоварем. 
Аз дӯхтаҳои рӯзномаи мардумӣ ҳувайдост, ки дар таҳия ва бандубасти он ҷаҳони талошу заҳмат, самимияту муҳаббат ва хомаи найшакарӣ нуҳуфта, матолиби камарзишу сустбунёдро то давраи мутолиагарони хушзавқ раҳ набувад. Қаламкашон ба ҳар ҳарфу ҳиҷо аз равзанаи таҳлил ва андеша ба олами ҳақиқат менигаранд.
Ҳини мутолиа авлавияти рӯзнома бо махсусиятҳои хосса пеши рӯ меояд.
Ин рӯзнома ҳамчун мубаллиғи дастуру ҳидоятҳои омӯзандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешрафти давлатдории навини тоҷикон, ба маънии тамом, дар дили хосу ом  реша давондааст. “Кабӯтар”-и пушта (почта) ҳафтае панҷ маротиба ба вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассиса ва корхонаҳо аз иттиҳоду ҳамбастагӣ, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, тарбияи худогоҳӣ, суботи ҷомеа, рӯзгори пурфайзу баракат ва ояндаи наку номаи рӯз мебарад.
Робитаи қаламкашони рӯзнома бо хабарнигорони ҷамоатӣ ҳамвора фаъол гашта, ҳар яке аз пешрафту комгориҳои соҳоти хоҷагии халқ менигорад. Мухбирони махсус ё ба истилоҳ “худӣ” тавассути матлабҳои мондагор аз мушкилоти дар музофотҳо рухзада боҷасорат хома ронда, ҳамзамон, аз пайи мактубҳои меҳнаткашон ба сафар баромада, бобати  баҳси  муддаиёну моликон атрофи замин пеши масъулони мақомоти дахлдор ҷиддан масъала мегузоранд. Мавзӯоти баррасишаванда бо далоили қотеъ дар доираи ҳусни одоби журналистӣ ба рӯзгори мардумони одӣ беҳбуд мебахшад.   
Месазад, ки “Ҷумҳурият”-ро дар шумори нашрияи рақами 1-и мамлакат ҳадс зад. Танҳо тӯли панҷ соли охир ғоя ва муҳтавои рӯзнома пурбортар гашта, тарроҳӣ (дизайн)-и он ба таври мусбат дигаргунӣ дидааст. Ҳар як саҳифа фарогири авзои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, аз шумораҳои қаблӣ дида бо ҷобаҷогузории маводи зарурӣ, равонӣ, суфтагии забони модарӣ, набзи замон ва таъсирбахшӣ ҷолибу хотирмон аз нашр мебарояд.
Ба сарафрозӣ меарзад, ки олимону донишмандони барҷастаи тоҷик чун Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров замоне бо ҳайати кормандони рӯзномаи дӯстдоштанӣ ҳамкорӣ мекарданд. Эҳтимол аз файзи ин ҳамнишиниҳо Айнии нобиға фармуда буд: “Газетаи “Тоҷикистони сурх” модари матбуоти Тоҷикистони советӣ, ҳатто модари матбуоти тоҷикии советист...” Хушо, имрӯз ҳам қаламкашони боҳунари “Ҷумҳурият” сатҳу сифати маводи чопро дар таҳрири сара анҷом бахшида, анъанаи накуи гузаштагони барумандро муттасил идомабахшанд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2000 рӯзномаи “Ҷумҳурият” нашрияи расмӣ эътироф шуда, дар интишори саривақтии қонунҳои амалкунандаи ҷорӣ саҳми бориз гузошта истодааст. Пас аз тасвиби ин санади таърихӣ масъулияти кормандони эҷодӣ бамаротиб афзуда, сабки вежаи навиштор касб намуданд. Рӯиҳамрафта, дар саҳафоти нашрияи баландмақом салису шевогӯӣ ва муъҷазнависӣ ҳамоҳанг омада, баёни сусту бепоя ва дур аз мантиқ сазовори чоп набуду нест.
Тарғиби дастовардҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мавзӯи меҳварии рӯзнома буда, дар ин росто, аҳли эҷод падидаҳои муҳими созандаро пайгирӣ менамоянд. Барои намуна, дар ҳошияи пойдории сулҳу ризоияти миллӣ ва эъмори ҷомеаи навин, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, Анҷумани тоҷикони ҷаҳон, Бузургдошти 1310-умин солгарди мавлуди поягузори мазҳаби ҳанафӣ-Нуъмон ибни Собит Абуҳанифа, мутахаллис ба Имоми Аъзам, “Соли байналмилалии оби тоза” (2003), “Соли байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” (2005-2015), эъломи “Рӯзи Рӯдакӣ”, ҷашнвораҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино, аллома Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ба кор даровардани чархаи дувуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” (9 сентябри соли 2019), озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ...”, “Тоҷикистон-хонаи умеди мо”, “Солҳои 2019-2021-солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Соли маориф ва фарҳанги техникӣ”, ”Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва монанди ин мақолоти таҳлилӣ, андешаҳои олимону донишмандон ва муҳаққиқони варзидаи илму адаби кишварамон ба табъ расидаанд.
Дар ташкилу гузарондани озмунҳои “Пайрави Пешво”, ҳамҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ, ба хотири гиромидошти шоир ва журналисти оташинсухан Ғоиб Сафарзода, арҷгузорӣ ба хидматҳои ходими намоёни давлатӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - бузургдошти устоди муаззам, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, инчунин, дар остонаи 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ба ёди Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров, якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд “Беҳтарин шеъри бачагона” муште аз хирвори кормандони эҷодии рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба даврони истиқлол шинохта шудааст. Ҳамин сӯхтану сохтанҳои қаламкашон буд, ки “Ҷумҳурият” дар саҳнаи матбуоти мамлакат (солҳои 2017-2018) ба дарёфти “Беҳтарин нашрияи Тоҷикистон” шарафёб гардида буд.
Бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба минтақа ва кишварҳои ҳамсоя фоидаи вофири иқтисодӣ расонда, оламиён аз ин воқеаи нодири таърихӣ хуш истиқбол карданд. Сарвари давлатамон дар зимни  суханронии хеш амалӣ гаштани боз як орзуи миллиро таъйид намуда, дар фарҷом бо чеҳраи нурбору қалби пуршарор, гирифтори эҳсосу ҳаяҷон, ба муроди ояндаи дурахшони мардуми шарафманди тоҷик зери кафкӯбиҳои бардавом тугмачаи ифтитоҳи неругоҳи номбурдаро пахш намуда, боҳарорат ва нишоти бекарона, дар чашмонашон ашки шодӣ рахшида, паиҳам хитоб заданд: “Тоҷикистон, ба пеш!”. Ана, ҳамин даъвати зиндагисози Пешвои миллат тавассути рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба хотири созандагиву барозандагӣ ба ҳар гӯшаву канори кишварамон расида, дар дили пиру барно шуълаи умед афрӯхтааст.
Хабарнигорони рӯзнома дар партави иқдому ташаббусҳои наҷиби  Роҳбари давлат, пеш аз ҳама бобати саноатикунонии босуръати мамлакат, рушди иқтисодиёт, роҳандозии технологияҳои рақамӣ баҳри равнақи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва дигар масоили дархӯри рӯз бо корбурди хабар, мақола, сармақола ва дигар жанрҳои журналистӣ аз худ маҳорату истеъдод намо медиҳанд. 
“Ҷумҳурият” ифодагари набзи замон аст. Ҳар гуна асноди сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ дар ин рӯзнома дарҷ ёфта, миёни идора  ва хонандагонаш робитаи қавӣ пойбарҷост. Ҳаққо, рӯзномае, ки талабгор надорад, ҷойгоҳи муносиб ҳам пайдо нахоҳад кард. Бо теъдоди анқариб 50 ҳазор нусха нашр гардидани “Ҷумҳурият” гувоҳи маҳбубият доштанаш назди соҳибназарони бедордил хоҳад буд. 
Аз саҳифаи иттилоотӣ - фароғатии «Шоми шанбе» садҳо далели таърихию фарҳангӣ, аҷоиботи нодири олам ва ихтирооти олимону донишмандони фарҳехтаро метавон пайдо намуд. Бозёфтҳои эҷодии адибон ҳатто дар шакли як ҷумла ба табъ мерасанд. Зери нигориши  “Рӯзгоре барои ибрат” (мебояд рубрика бошад) ҳисса-ҳисса аз ҳаёти ибратомӯзи инсонҳои наҷиб ҷой дода мешавад.
Дар ҳоли ҳозир идораи рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба мактаби омӯзиш ва тарбияи хабарнигорони умедбахш табдил ёфта, сардабири фозили он сиёсати дарҳои кушодаро пеш гирифтааст. Ағлаби истеъдодҳо дар заминаи пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек содиқ будан ба халқу Ватан, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ рӯйида, дар ниҳояти кор, ғаноии каломи фасеҳ ба хомаи найшакарӣ пайванд мезанад.
Табиист, бӯйи мушк пинҳон намемонад. Болоравии нуфузи ливобардорони матбуоти тоҷик - рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз ғамхориҳои пайвастаи муассисон: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъгир аст.

Сипеҳр Абуабдуллоҳи ҲАСАНЗОД, адиб ва рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.04.2020    №: 77    Мутолиа карданд: 761
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед