logo

иқтисод

ТАБИАТ. АЗ НОҶӮРИҲО НАБОЯД НАВМЕД ШУД

Боду ҳавои номусоид, барф, инчунин боришоти пайдарпайи рӯзҳои охир, ба истеҳсолоти кишоварзӣ, аз ҷумла боғу токзор, кишти пунбадона, зироатҳо, картошка, ғалладона, таъсири манфии худро расонд. Дар робита ба ин масъала, олимону мутахассисони ботаҷрибаи соҳа ба деҳқонон тавсия медиҳанд, ки аз ноҷӯриҳои табиат навмед нагашта, бо мақсади талаф наёфтани самараи дастранҷашон ва рӯёндани ҳосили дилхоҳ технологияи дурусти парвариш, истифодаи нуриву ғизо ва коркарди иловагии техникиро ба роҳ монанд. Инак, андешаву тавсияҳои чанд мутахассисро пешниҳоди шумо месозем.
Ҳикматулло Назиров, директори Институти боғпарварию сабзавоткории АИКТ, доктори илмҳои кишоварзӣ:

- Аз рӯи мушоҳидаи олимон, барфи  чанд рӯз қабл борида дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба дарахтони мевадиҳандаи донакдор - гелос ва шафтолу, ки дар вақти гулкунӣ қарор доштанд, на чандон зиён  расондааст. Ба дарахтони тухмдор бошад, аз ҷумлаи себу нок зарар нарасидааст. Дар заминҳои кушод  зироатҳо, ки дар фасли тирамоҳ кишт шудаанд, аз ҷумла картошка,  аз таъсири барф кам осеб диданд ва ин ба гирифтани ҳосил монеъ шуда наметавонад.
Дар баъзе минтақаҳо навдаҳои наврустаи ток аз сардии барф зарар диданд. Бинобар ин, ба боғпарварон тавсия дода мешавад, ки вобаста ба ҳолати воқеӣ барои барқароркунии сабзиш  навдаҳои осебдидаро  канда партоянд, то ки муғҷаҳои захиравӣ тезтар сабзанд.  Баргу навдаҳои дарахтони суптропикӣ, аз қабили анҷир ва анор низ зарар диданд, лекин ин дарахтон инкишофи худашонро боз барқарор менамоянд.
Ба боғпарварон тавсия дода мешавад, ки ҳарчи бештар намии аз ҳад зиёди дар гирду атрофи решаи дарахтон  бударо бо усули нарм кардан бартараф намуда, истифода бурдани ғизои иловагиро вобаста ба синну соли дарахт аз ҳисоби нуриҳои органикию минералӣ, аз ҷумла ба миқдори 6 - 10 кг нурии органикӣ (поруи куҳнаи чорво)  ва 300 - 500 грамм нурии минералӣ, аз гарданаки реша  70 - 80 см дуртар ба роҳ монанд.
Зарур шуморида мешавад, ки майдони боғу токзор, зироатҳо, сабзавот ва картошка баробари баланд шудани ҳарорати ҳаво бо истифода аз моддаҳои  химиявӣ бар зидди касалӣ ва ҳашароти зараррасон  коркард карда шаванд.
Аҳмадҷон Қодиров, сардори муассисаи давлатии муҳофизати рустаниҳо ва химикунонии кишоварзии Вазорати кишоварзӣ:  
                     
Дар пайи боришоти пайдарпай ва бошиддат дар майдони ғаллазор аз ҳисоби  намии зиёд касалиҳои занбӯруғӣ пайдо гардида, зангзанӣ ва пӯсиши рустаниҳо, инчунин, хобравии зироати гандум ба амал меояд. Ҷиҳати рафъи ин ҳолат аз моддаҳои кимиёии : Витавакс 200ФФ - 3кг/т, Раксил, 6% к.д.о.ҳ. - 0,5 л/т, Алто Супер, 33% к.э.- 0,3 л/га, Фоликур БТ, 22,5% с.п.- 1,0 л/га, Тилт, 25% к.э. 0,5 л/га истифода намудан манфиатовар мебошад.      
Дар боғу токзор низ дар дарахтони зардолу, олу, гелос  касалиҳои занбӯруғӣ, аз қабили доғзанию монилиози донакдорон, дар шафтолу - печидашавии барг, дар  себу нок – гардзании себ, монилиоз ё пӯсиши мева, сӯхтании бактериявӣ ва қӯтурак,  дар ангурзор, асосан касалиҳои антракноз ва оийдиум, аз ҳашарот ширинча зуд паҳн мегарданд.  Бинобар ин, дар боғу токзор низ истифодаи  моддаҳои кимиёӣ тавсия дода мешавад.
Дар зироатҳои картошка -  касалиҳои фитофтороз, ризоктониоз, дар зироати пиёз -  касалии переноспороз ( ҷелзанӣ),  дар пахта -  пӯсиши реша, гоммоз, пӯсиши сиёҳи реша паҳн гардида, зарар мерасонанд. Аз ҳашаротҳо ширинчаи пахта, трипси тамоку ва сафедболак зиёд паҳн мегарданд. Ҳангоми инкишофи зиёди касалиҳо дар  картошкаю пиёз истифодаи  моддаҳои кимиёии  Байлетон, 25% х.ҳ.- 0,12 л/га, Арсерид, 60% х.ҳ - 3 л/га, Топаз, 10% к.э.- 0,3 л/га, Топсин-М, 70% х.ҳ.- 1,0 л/га, Хлорокиси мисс 90% х.ҳ -3,2 кг/га, дар зироати пахта истифодаи усулҳои агротехникӣ ва заҳролудкунии чигити тухмӣ пеш аз кишт  манфиатбахш аст.  

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.04.2020    №: 77    Мутолиа карданд: 706
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед