logo

фарҳанг

ТАЪРИХ. ҲАР КӢ Н-ОМӮХТ АЗ ГУЗАШТИ РӮЗГОР...

Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.
Эмомалӣ РАҲМОН

Мавриди зикри хос аст, ки ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанг ҳанӯз аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ зери таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифт. Маҳз дар ҳамин замина соҳа рушд ёфта, шумораи муассисаҳои вобаста ба ҳифзу истифодаи мероси таърихии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бамаротиб афзуд. Таъсиси муассисаҳои давлатии Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук, Осорхона - мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара, Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд, Осорхона - мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ натиҷаи дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар мебошанд. Умуман, дар ин марҳила шумораи кормандони соҳа афзуда, дар ин замина таваҷҷуҳ ва муносибат бо мероси ниёгон дучанд гардид.
Дар ин давра ҷиҳати барқарорсозӣ ва маҳфузмонии ёдгориҳои моддӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ садҳо миллион сомонӣ ҷудо гардида, даҳҳо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ таъмиру навсозӣ шуданд. Мадрасаи Хоҷа Машҳад, мақбараҳои Зайналобиддин, Хоҷа Дурбод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абулқосими Гургонӣ, Хоҷа Аюби Ансорӣ, Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ, Мавлоно Қутбиддин, Мавлоно Тоҷиддин, Мавлоно Обиддин, Хоҷаи Заррин, Шаҳидҷон, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Хоҷаи Нур, Шоҳи Хомӯш, Муғтеппа, масҷидҳои Мавлоно Усмони Чархӣ, Чилсутун, хона - музей ва мақбараи шоир Нақибхон Туғрал, қалъаҳои Санҷаршоҳ, Ҳулбук, Балҷувон, Муъминобод, Ӯрда ва  ёдгориҳои мамнӯъгоҳи Ҳисор номгӯи як қатор ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъмориеанд, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар мавриди омӯзиш, тармим ва барқарорсозӣ қарор гирифтаанд.
Ҳамчунин, барои ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ аз соли 1991 14 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид. Дар ин давра бо ибтикори Ҳукумати ҷумҳурӣ аввалин бор Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия, тасдиқ ва нашр шуд, ки тибқи он дар ҷумҳурӣ 3413 ёдгории таърихию фарҳангии ғайриманқул мебошад. Ин рақам ниҳоӣ набуда, бо назардошти иловаи ёдгориҳои бостонӣ шумораи онҳо боз меафзояд.
Инчунин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 Барномаи давлатии ҳифзи мероси ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020 қабул гардида, марҳилаи якум солҳои 2012 – 2015 - ро дар бар гирифт. Дар ин давра 20 ёдгории таърихию фарҳангӣ таъмиру барқарор гардид.
Марҳилаи дуюми амалигардонии барнома барои солҳои 2016 - 2020 оғоз ёфта, ба он тармим ва барқарорсозии 23 ёдгории нисбатан бузург ворид гардидаанд. Дар доираи лоиҳаи мазкур, дар маҷмӯъ, таъмиру навсозии 25 қалъа, 7 мақбара, 5 мадраса, 3 масҷиди таърихӣ, 3 маъбади қабл аз исломӣ дохил шуда, 17 ёдгорӣ тармим, 11 – то барқарор, 8 адад нигаҳдошт, 5 –тоаш қисман барқарор ва 2 адади дигар тармим шуд.
Баҳри тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишвар китоби «Роҳи Абрешим» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, харитаи «Ёдгориҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳроҳи Бузурги Абрешим» ба чоп омода гардиданд.
Ҳамзамон, анҷом додани тадқиқоти бостоншиносӣ дар як қатор ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва корҳои тармиму барқарорсозӣ дар ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ҷумҳурӣ бомаром идома дошта, ворид намудани як қатор ёдгориҳо ба Мероси ҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО, инчунин, тарғиби мероси таърихию фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст.
Соли ҷорӣ 5500 - солагии  шаҳри Саразми бостонӣ ҳамчун ёдгории нодир, мероси таърихӣ, қадимтарин марказҳои ташаккули фарҳанги меъморию шаҳрсозӣ, кишоварзӣ ва ҳунармандии ниёгони мо, ҷашн гирифта мешавад, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат сурат гирифта, нишони арҷгузории миллат ба таъриху фарҳанги гузаштагон ва ифтихори имрӯзиён аст.
Дар ҳақиқат, тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навинашон ба Маҷлиси Олии кишвар зикр карданд: “Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардондааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад”. Аз ин рӯ, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ниҳодҳои дахлдори соҳа тибқи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти кишвар амал намуда, бобати ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тадбирҳои судманд меандешанд ва ин мавзеъҳоро ба макони дӯстдоштаи меҳмонону сайёҳон табдил медиҳанд.

М. ЁРОВ,
раиси раёсати Ташкилоти ҷамъиятии
«Ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.04.2020    №: 77    Мутолиа карданд: 661
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед