logo

маориф

ММТ: "МУҲЛАТИ БАҚАЙДГИРӢ ТАМДИД ШУД"

Бино ба гуфтаи Хуршед Икромӣ, директори Маркази миллии тестӣ, барои аз қайд гузаштани хоҳишмандон, шурӯъ аз 2 марти соли ҷорӣ дар 33 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ 38 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ташкил шуда, муҳлати он то 15 апрел муқаррар гардида буд. Аммо мутахассисони марказ барои боз ҳам бештар ҷалб кардани довталабон муҳлати онро то 30 апрел тамдид намуданд.
Ба таъкиди ҳамсуҳбати мо довталаб он ихтисосҳоеро интихоб кунад, ки забони таълимашонро медонад. Падару модарон бояд аз интихобҳои фарзандонашон ҳангоми бақайдгирӣ ва моҳияти онҳо, бахусус аз комбинатсияҳои ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил огаҳии кофӣ дошта бошанд. Омилҳои асосиро дар интихоби ихтисос ва муассисаҳои таълимӣ бояд ба эътибор гирифт. Довталабон дар интихоби касбу ихтисос ва муассисаҳои таълимӣ озоданд, аммо интихоб дурандешона ва дуруст бошад, ба суди довталаб аст.
Ҳамчунин, эҳтимоли рух додани амалҳои ғаразноку ваъдаҳои авомфиребона аз ҷониби қаллобон дар бобати довталабонро дохил кардан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ вуҷуд дорад. Бинобар ин, довталабон ва волидайну дигар наздикони онҳоро зарур аст, ки дар ин масъала ҳушёру боэҳтиёт бошанд ва ба доми чунин қаллобон наафтанд.
Масъулон таъкид меварзанд, ки худсанҷиву корбарии довталаб дар истифодаи хизматрасониҳо дар баробари рушди низоми ММТ бояд рушд кунад. Дар чунин ҳол дурри мақсуд осонтар ба даст хоҳад омад.
Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои шахсони то 21 - солае, ки ятими кулл ё бепарасторанд, пурра, шахсони то 21 - солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, маъюбони гурӯҳҳои I, II ва “кӯдакони маъюб” панҷоҳ дарсад аз пардохти маблағ барои хизматрасонии ИМД озоданд. Шахсони дорои имтиёзҳои зикргардида ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунанд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.04.2020    №: 77    Мутолиа карданд: 2343
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед