logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

РИШВАСИТОНӢ
8100 сомонӣ масъули "Мисбоҳиён" - ро ба додгоҳ бурд
Муовини директори ҶДММ «Мисбоҳиён» Аҳлиддин Зоидов, барои гирифтани пора ба маблағи 8100 сомонӣ аз довталабони курси ронандагӣ гунаҳгор дониста мешавад.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ӯро кормандони агентӣ дар ҳоли гирифтани ришва аз шаҳрванд «А» дастгир намуданд. А. Зоидов ин миқдор маблағро барои ба курси ронандагӣ дохил намудани се нафар талаб намудааст.
Манбаъ зикр менамояд, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба муовини директори ҷамъияти номбурда бо моддаи 279 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ (Ришвадиҳии тиҷоратӣ аз ҷониби шахсе, ки вазифаи идоракуниро дар корхонаи тиҷоратӣ ё дигар корхона анҷом медиҳад…) баъд аз тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол шудааст.

ҚАЛЛОБӢ
Ҷавони қаблан судшуда боз даст ба ҷиноят зад
Кормандони мақомоти милитсия дар шаҳри Конибодом ҷавони 24 - солаеро боздошт намуданд, ки дар содир намудани кирдори қаллобӣ дар ҳолати ретсидивӣ гумонбар мешавад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, гумонбар, ки қаблан бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (дуздӣ) суд шудааст, моҳи феврали соли ҷорӣ ба боварии марди 31 - солаи сокини Ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом даромада, бо роҳи фиреб аз ӯ 240 ҳазор сомонӣ гирифта, барнагардондааст.
Дар робита ба ин кирдор, нисбат ба боздоштшуда бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятӣ (Қаллобие, ки дар ҳолати ретсидивии махсусан хавфнок ва ба миқдори махсусан калон содир шудааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад. Ин дар ҳолест, ки вазнинтарин ҷазои ин банди қонун аз ҳашт то дувоздаҳ соли зиндонро пешбинӣ менамояд. 

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.04.2020    №: 77    Мутолиа карданд: 1185
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед