logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Садриддин Ҳасанзода. Ин ном барои аксар сокинони кишвар, хусусан зиёиёни мамлакат ошност. Зеро ӯ яке аз сермаҳсултарин эҷодгарони даврони муосири мамлакатамон мебошад. Балки нависандаи нозукбаён, фасеҳгуфтор, рӯзноманигори чирадасту ҳақталош, ҷӯянда ва заҳматкаш аст ӯ. Даҳҳо маҷмӯаи қиссаву ҳикоя ва очерк, тарҷумаҳо дорад, ки ҳар кадоме дар рангорангии фарҳангу адаби муосир нақшу мавқеи хосаро касб кардаанд.
Хоса, маҷмӯаи очеркҳои публитсистии «Саҳрои бекаронаи таърих» - и Садриддин Ҳасанзода, ки бо илҳом аз асарҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аллома Бобоҷон Ғафуров эҷод гардидааст, барои тарбияи хештаншиносӣ, ватандӯстии насли ҷавони мамлакат ва эҳтироми фарҳанги ниёгон мусоидат менамояд. Ӯ тавассути дигар қиссаҳои ҷолибу хонданбоб ва филмҳои мустанади таърихию бадеияш чун рӯзноманигори муваффақ, дар қалби мухлисон маъво гирифтааст. Садриддин Ҳасанзода адиб ва рӯзноманигори сермаҳсул аст, дидаву шунида ва мушоҳидаҳояшро ба риштаи тасвир мекашад, аз ҳаёти одамони наҷиб ва қаҳрамонии онҳо қиссаву очерку ҳикоя менависад. Зиндагии пурбору бобаракати онҳоеро ба риштаи тасвир мекашад, ки заминҳои асрҳо боз бекорхобидаро кишт намуда, ба ҷаннати рӯи замин табдил медиҳанд.
Ниҳоди Садриддин  Ҳасанзода маъвои корҳои хайру бобаракат аст, ки онҳоро пайваста анҷом медиҳад. Тӯли даҳсолаҳо сокинони деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ аз нарасидани оби нӯшиданӣ танқисӣ мекашиданд. Ин вазъи ногуворро Садриддин Ҳасанзода чун сокини ҳамин деҳа, медид ва азоби беобиро дар оилаи худ ва ҳамсояҳо ҳис менамуд. Ӯ мақсад гузошт, ки ин мушкилотро ҳал кунад. Ҳамин тариқ, бо дастгирии соҳибкорону сокинон дар се гӯшаи деҳа чоҳҳои амудӣ канда шуд ва маҳаллаҳо, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ, тандурустӣ ва идораи ҷамоат бо оби тоза таъмин гаштанд.
Замоне ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 56 - и зодгоҳаш дарсхонаҳо намерасиданд, аз ҳисоби даромадҳои шахсиаш 3 синфахона сохта, онҳоро бо мизу курсӣ, ашёи хониш ва китобҳои дарсӣ таъмин намуд.
Садриддин  Ҳасанзода яке аз аввалинҳо шуда, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тарғиби китобу китобхонӣ ва бунёди китобхонаҳои нав, манзили истиқоматашро ба китобхонаи оммавӣ табдил дод.
Амалҳои хайри мавсуф на танҳо ба сокинони маҳал, балки ба мардуми деҳаҳои атроф илҳом бахшид. Яке китобхона сохта ба сокинон туҳфа карду дигаре бунгоҳи тиббӣ ва саввумӣ синфхона бунёд намуду чорумӣ барои шодобсозии маҳали худ чоҳи амудӣ кофта об баровард...
Садриддин  Ҳасанзода ғолиби чандин  озмунҳои ҷумҳуриявию байнал-милалӣ буда, хизматҳои шоистааш дар соҳаҳои маорифу фарҳанг бо медали “Хизмати шоиста” Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим  Лоҳутӣ,  нишонҳои  ифтихории  Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон – “Сухан”, аълочии матбуот, фарҳанг, маориф, телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, қадр гардидааст.

Бахтовар КАРИМЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.04.2020    №: 78    Мутолиа карданд: 592
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед