номаҳо
АЗ ФИРӮЗ ҚОДИРОВ МИННАТДОРАМ!
Пириву сад иллат мегӯянд. 21 март ҳарчанд мардум дар гӯшаву канори кишвар ҷашни бузурги Наврӯзро таҷлил мекарданд, ман роҳ ба сӯи дорухона гирифтам. Дорухонае, ки дар кӯчаи Бухорои маркази шаҳри Душанбе воқеъ аст.
Ба хона расида, ногаҳон мебинам, ки ҳамён, корти имтиёзнок ва ҳуҷҷатҳои дигар, аз ҷумла шиноснома, дар ҷайбам нест. Ростӣ, фиғонам ба фалак печид.
Ҳамон лаҳза ҳолати чанде пеш дар навбати шиносномагирӣ истоданам пеши чашм омаду дуд аз димоғам баромад. Охир, ташвиши гирифтани ҳуҷҷат, давутози он ба ҳама маълум аст. Сахт навмед шуда, ҳис накардам, ки фишорам баланд шудааст.
Ҳамин замон телефони мобилиам садо дод. Бо изтироб бардоштам, ки ҷавоне аз он сӯ гуфт: «Бобо, мабодо ҳамёну ҳуҷҷатҳоятонро гум накардаед?».
Дилам якбора равшан шуд. Гуфтам, бале. Аз гӯшӣ боз садо омад: «Ҷои истиқомататон куҷост, ки амонатро расонам, онро ногаҳон аз кӯча ёфтам». Ман гуфтам, ки дар ҳар куҷое бошед, истед, писар, ман худам омада мегирам.
Рафта амонатро гирифтам ва бо шодмонӣ барои некиаш сипос гуфтам. Ҷавони некманиш Фирӯз Қодиров, аъзои гурӯҳи «Авангард»-и Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ будааст. Каме аз пули нафақаам доданӣ шудам, ки дар чеҳрааш осори ранҷиш пайдо шуда, гуфт: «Бобо, мо ин корро барои савоб кардем, беғараз. Дуо кунед, кофист».
Бисёр шод шудам ва аз дил гузарондам: шукр, ҳоло ҳам ҷавонони хуб ҳастанд. Ин ҷавони хушахлоқу хайрхоҳ намедонад, ки ба мани пирамард чӣ қадар некӣ кард. Аз ҳазор ташвиш халосам кард.
Аз минбари рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба падару модари Фирӯз, ба Вазорати корҳои дохилӣ, ки дар тарбияи ӯ саҳм доранд, сипос гуфтаниам. Мавсуф виҷдони тоза ва дили пок доштааст, ташаккур.
Фатто ШАРОПОВ, муҳандиси собиқадор, нафақахӯри 80 - сола
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.04.2020 №: 78 Мутолиа карданд: 3703