logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

ПОРА
раиси ҷамоатро ба ҷавобгарӣ кашид
Раиси Ҷамоати деҳоти Пошкенти шаҳри Истаравшан Абдувосит Ваҳобов барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани шаҳрванд Ш. Ёқубов 2500 доллари ИМА талаб намудааст.
Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Тибқи иттилои манбаъ, раиси ҷамоат ҳамчун шахси мансабдор ин маблағро дар се ҳолат аз падари Ш. Ёқубов - З. Ёқубов гирифта, бо ин роҳ ба ӯ зарари калони молиявӣ расондааст.
Ҳоло оид ба ин ҳолат нисбат ба А. Ваҳобов бо моддаи 247 қисми 3 банди «а»-и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

"ЗАМИНФУРӮШ"
Боздошти шахсе, ки пирамарди 80 - соларо фиреб дод
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кормандони милитсия марди 61- солаеро боздошт намуданд, ки аз пирамарди 80 - сола барои ҷудо намуда додани қитъаи замин бо роҳи фиреб 8 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш истифода бурдааст.
Бар пояи гузориши сомонаи ВКД, номбурда моҳи июли соли 2014 дар ҳамоҳангӣ бо собиқ мутахассиси шартномавии шуъбаи заминсозии ҳамин ноҳия, ки аз ӯ марди 42 – сола ном бурда мешавад, аз пирамард барои ҷудо намудани 0,15 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳисоби заминҳои  ҶДММ «Технотекстил» ин маблағро гирифтааст.
Вобаста ба ин ҳолат бар асоси моддаи 247  қисми 3, банди «а» (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) ва 3381 қисми 2, банди «б» - и Кодекси ҷиноятӣ (ғайриқонунӣ додани қитъаи замин) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.


ДУЗДӢ
2 нафар ба гумони рабудани чорво ба даст афтоданд
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси аризаи як сокини ноҳияи Ёвон бародарони 31 ва 27 - соларо бо гумони дуздии чорво дастгир намуданд.
Бино ба иттилои ВКД, гумонбарон шаби 16 ба 17 апрели соли ҷорӣ 7 сар чорвои калони шохдорро аз заминҳои чарогоҳи Ҷамоати деҳоти Ҳ. Ҳусейнови ҳамин ноҳия дуздидаанд.
Боздоштшудаҳо сокинони ноҳияи Ёвон буда, бо ин кирдори ҷинояткорона ба соҳиби чорво 29 ҳазор сомонӣ зарар расондаанд. Ҳар ду гумонбар ҳоло дар боздошт қарор дошта, тафтишоти ҳодиса давом дорад.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.04.2020    №: 79    Мутолиа карданд: 1301
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед