logo

сиёсат

ИН ВАТАНРО ДӮСТ БОЯД ДОШТ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар мулоқоту вохӯрӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа таъкид мекунанд, ки ин Ватан, яъне Тоҷикистонро дӯст бидорем. Инчунин, насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия бикунем. Дар ин бора, махсусан дар паёмҳои хеш таваҷҷуҳ зоҳир ва роҳу усулҳои ба мақсуду ҳадаф расиданро баён менамоянд.

Дар Паёми навбатияшон низ ин мавзӯъ дар маркази диққат қарор дорад. Албатта, пурсиш пайдо мешавад, ки такрору таъкиди масъала ва тадбирандешӣ барои чист? Мо ин посухро дар Паём рӯшану возеҳ дармеёбем: «Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардондааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан насли наврасу ҷавон зарур аст». Ин гуна раванду рушд, агар дуруст дарк нагардад ва насли наврасу ҷавон моҳияти ватандориву  ҳифзу асолаташро нафаҳмад, ба яқин, таъсири манфии худро зуд мегузорад. Ислоҳи хатоҳо он гоҳ на танҳо ба осонӣ даст намедиҳад, балки номумкин мегардад. Барои дарки бештари масъала ва боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ бояд ҳатман ба таърих рӯ биёрем. Таърих ибратомӯз аст. Ҳатто фоҷиаҳои талхи он беҳтарин сабақ шуда метавонанд, то аз онҳо хулосаҳои дуруст бароварда шаванд. Дар ин сурат хатоҳои рафтаро такрор намекунем ва роҳу равиши дурустро пайдо менамоем.
Воқеан, таърихи миллати мо барои худшиносӣ беҳтарин ва бузургтарин мактаби омӯзиш маҳсуб меёбад. Бо як омӯзиш, аммо кор набояд ба фарҷом бирасад ва чунин вонамуд бикунем, ки рисолатамонро ба фарҷом расондаем. Не, чунин нест.
Ба таъкиди Сарвари давлат «онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем». Дуруст аст, ки иҷрои ин кори бузург ба он талаботу меъёр на ҳар нафарро даст медиҳад. Аз ин рӯ, дастур доданд, ки олимону донишмандон ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир бикунанд.
Пешвои миллат бо ин ҳама иктифо намекунанд. Шароити заруриро барои ҳалли он ба вуҷуд меоранд. Пешниҳоди баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ҳар сол ва ҷудо намудани маблағҳои зиёди пулӣ ба ин хотир мебошад. Инчунин, бо мақсади омӯзиши амиқу дурусти таърих супориш доданд, ки китоби «Тоҷикон» - и Бобоҷон Ғафуровро аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расонда, то 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оила туҳфа намоянд. Бешак, чунин иқдоми наҷиб ба хотири боло бурдани маърифати мардум, дӯстдории Ватан, садоқат ба он дар ҳеҷ давру замон собиқа надошт.
Ин Ватанро бояд дӯст дошт, бо ҷону дил, бо тамоми ҳастӣ. Оре, агар ҳастии худро ва ояндагонамонро мехоҳем, инчунин, пойдории давлату миллатамонро. Албатта, дар баробари он Пешвои миллатамонро, ки барои ҳастии миллат, пойдории давлат ва кишвари азизамон - Тоҷикистон тамоми тадбирҳои заруриро андешидаанду меандешанд. Бояд ҳеҷ гоҳ аз хотир набарорем, ки дар лаҳзаҳои душвор ва хатарнок барои Ватан роҳбарии онро ба зимма гирифтанду Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокат раҳонданду наҷот доданд.
Мо имрӯз бо Ватани зебову шукуфо, кишвари пешрафта дар ҳама ҷо ифтихор мекунем. Ин имконро барои мо Сарвари давлат фароҳам оварданд, аз ин рӯ, бояд ӯро дӯст ва гиромӣ бидорем.

Ҳаёт УМАРОВ, омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон
ба номи Абуалӣ ибни Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.04.2020    №: 80    Мутолиа карданд: 829
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед