logo

иқтисод

ҚОЛИНБОФӢ. БАРНОМАЕ, КИ САМАР ОВАРД

Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 - 2020 бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди қолинбофӣ таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1 декабри соли 2014) қабул гардид. Соли ҷорӣ муҳлати татбиқи барномаи мазкур ба анҷом мерасад. Матлаб шарҳест, ки ба чӣ далел амалисозии барномаи рушди соҳаро муваффақ гуфтан месазад.

Фароҳам овардани шароит, беҳтар намудани сифати маҳсулот, қонеъ гардондани талаботи бозори дохилӣ бо қолини истеҳсоли ватанӣ, ҷорӣ намудани навъҳои гуногуни маҳсулот, дастгирии давлатии истеҳсолгарони ватанӣ ва ҷалби сармоя ҷиҳати рушди соҳа мақсадҳои асосии барномаи мазкур ба ҳисоб мераванд. Барои такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати рушди соҳа як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, имтиёзҳо фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла, бо мақсади таъмини рақобатпазирии маҳсулоти қолинии ватанӣ бо қолини воридотӣ воридоти ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулоти қолинӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод гардид.
Абдурауф Пӯлодов, сардори шуъбаи саноати сабуки Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар, зимни суҳбат гуфт, ки дар натиҷаи фароҳам овардани шароити мусоид ва дар доираи иҷрои барнома дар самти истеҳсоли маснуоти қолинӣ чор корхона - «Тоҷ Фейза», «Мавлонои Румӣ», «Самарқанд - М» ва «30 - солагии Истиқлолият» ба фаъолият шурӯъ намуданд.
- Дар баробари ин, дар ҶСК «Қолинҳои Қайроқум» истеҳсолот ба пуррагӣ аз нав муҷаҳҳаз гардонда,  дастгоҳу таҷҳизоти муосири ширкатҳои машҳур ворид ва васлу насб карда шудаанд. Дар ин муддат дар назди корхона коргоҳи истеҳсоли риштаи полипропиленӣ ба роҳ монда шуд, ки иқтидори истеҳсолии он 3 ҳазор тонна ришта буда, талаботи корхонаро бо 60 дарсади ашёи хоми худӣ таъмин мекунад, - гуфт А. Пӯлодов.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар доираи татбиқи барномаи рушди қолинбофӣ истеҳсоли қолин нисбат ба соли 2014 - ум 2,5 маротиба афзоиш ёфта, аз 1 миллиону 763 ҳазор ба 4 миллиону 701 ҳазор метри мураббаъ расидааст. Содироти маҳсулоти соҳа аз соли 2014 инҷониб, тадриҷан рушд ва воридот коҳиш ёфтааст. Ҳаҷми содироти қолин ба хориҷи кишвар аз 106,8 ҳазор доллари амрикоӣ (соли 2014) соли гузашта ба 374 ҳазор доллар расид ва суръати афзоиш 3,5 баробарро ташкил дод. Воридот аз 14,2 миллион доллари амрикоӣ (соли 2014) то 4,5 миллион доллар кам шуд.
Алҳол корхонаҳои қолинбофӣ аз партовҳои маҳсулоти қолинӣ молҳои ниёзи мардум, аз ҷумла пойафзол барои хона, қолинчаҳо барои даромадгоҳҳо, истеҳсол менамоянд.
Ҳамзамон, ҷиҳати амалишавии муваффақи барнома бо дастгирии Ҳукумати кишвар ҷиҳати тақвияти рақобатпазирӣ дар бахши қолинбофӣ ва сӯзанидӯзӣ тадбирҳои нав роҳандозӣ шуданд.
Ҳоло 45 дарсади шумораи умумии кормандони соҳаи қолинбофии кишварро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.04.2020    №: 80    Мутолиа карданд: 855
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед