logo

маориф

МАОРИФ. МУАССИСАҲОИ ТИПИ НАВ ДАР РУШДИ ИСТЕЪДОДҲО ЧӢ НАҚШ ДОРАНД?

Маориф ҳамчун соҳаи калидӣ, дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат аз афзалияти бештар бархӯрдор гардид. Дар ҷавоб кормандони соҳа ва хонандагони муассисаҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба ғамхорию таваҷҷуҳи рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар бо дастовардҳои арзанда посух диҳанд. Суҳбати Кароматулло Ато, хабарнигори рӯзнома бо директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилояти Хатлон Нуралӣ Азизов, ҳамин мавзӯъро фаро мегирад.

- Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилоят бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат оид ба дарёфти хонандагони қобилиятноку боистеъдод, инкишоф додани маҳорату малакаи онҳо таъсис ёфт. Баъдан дар 25 шаҳру ноҳияи вилоят чунин марказҳо ташкил шуд.
Он миёни хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, толибилмони болаёқат ва соҳибистеъдод, навоварону ихтироъкоронро дарёфт ва минбаъд дар озмунҳои фаннии илмҳои дақиқ иштирок намудани онҳо шароити зарурӣ фароҳам месозад.
Айни замон дар чунин марказҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят 222 маҳфил амал мекунад. Дар марказҳо омӯзгорони ботаҷриба ва мутахассисон тавассути озмун ба кор гирифта мешаванд.
Яке аз нишондиҳандаҳои асосии болоравии сатҳу сифати таълим иштироки хонандагон дар олимпиадаҳо мебошад. Аз таҳлилҳо бармеоянд, ки ширкати толибилмони вилоят дар чунин сабқатҳои зеҳнӣ сол ба сол беҳтар мегардад. Агар солҳои хониши 2016 - 2017 - ум  5027 ва 2017 - 2018 - ум 18 ҳазору 750 хонанда дар олимпиадаҳои фаннии ноҳиявӣ ва вилоятӣ ширкат варзида бошад, ин нишондод дар соли хониши 2018 - 2019 ба 75 ҳазору 300 нафар расид.
Аз натиҷаи иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ дар солҳои охир дида мешавад, ки сатҳу сифати хониш дар муассисаҳои таълимии вилоят бамаротиб беҳтар гаштааст. Чунончи, агар хонандагон аз олимпиадаи ҷумҳуриявию байналмилалӣ соли 2015 - ум соҳиби 70 медал (19 тилло, 13 нуқра, 38 биринҷӣ), 2016 - ум 76 (14 тилло, 16 нуқра, 46 биринҷӣ), 2017  - ум 106 (19 тилло, 29 нуқра ва 58 биринҷӣ) ва 2018 - ум 107 ҷойи ифтихорӣ (18 тилло, 41 нуқра, 48 биринҷӣ) гашта бошанд, соли гузашта шумораи медалҳо ба 152 адад расид, ки нисбат ба соли пешӣ 45 медал ё 70 дарсад зиёд мебошад. Дар ин самт хонандагон ва муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Данғара, Кӯшониён ва Хуросон пешсафанд.
Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ташкили корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳиро миёни омӯзгорону хонандагони муассисаҳо хуб ба роҳ монда, бобати баргузории дарсҳои намунавӣ, маҳфилҳои фаннӣ ва озмунҳои гуногун, аз ҷумла «Хушхатнависӣ», «Рассоми беҳтарин», «Ҳисобдони беҳтарин», «Имлодон», «Ҳамадон», «Махзани забон», «Химикони ҷавон», «Дастони  моҳир», «Луғат», «Муаллими сол», «Мактаби сол», «Маликаи Наврӯз», «Экология» ва ғайра тадбирҳои судманд амалӣ намудааст. Гурӯҳе аз хонандагон иштирокчиёни фаъоли озмунҳои вилоятии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Дониш талабу бузургӣ омӯз», «Ихтироъкорони ҷавон», «Маҳорати олӣ» мебошанд. 80 дарсади гирандагони стипендияҳои президентӣ ва вилоятӣ ғолибони даврҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятии олимпиадаҳои фаннианд. 
Натиҷаҳои бадастовардаи толибил-мони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар сабқатҳои байналмилалӣ низ назаррас аст. Хонан-дагон аз олимпиадаҳои фосилавӣ ва байналмилалӣ солҳои хониши 2017 - 2018 - ум  76 медал (18 тилло, 17  нуқра, 42 биринҷӣ) ва 2018 - 2019 - ум 98 медал (24 тилло, 17 нуқра, 57 биринҷӣ) ба даст оварданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.04.2020    №: 80    Мутолиа карданд: 3193
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед