logo

илм

ФАНҲОИ ДАҚИҚ АСОСИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ТАФАККУРИ ТЕХНИКӢ

Соҳаҳои илму маориф аз солҳои аввали соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доранд. Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба ин самтҳо афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ин ду соҳа дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навинашон ба Маҷлиси Олӣ, бо мақсади пурзӯр гардондани назорати азхудкунии донишҳои замонавӣ, ташвиқ намудани наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ, тақвият бахшидани қобилияти эҷодӣ ва таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудани онҳо ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, пешниҳод намуданд, ки солҳои 2020 - 2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карда шавад. Ин иқдом саривақтиву хеле ҷиддист ва мехоҳам дар ҳошияи он мулоҳизаҳои хешро пешниҳод созам.
Бояд гуфт, ки қонунҳои физика, аз ҷумла қонунҳои ҷараёни доимию тағйирёбанда, ҳодисаҳои электрикӣ ва электролиз, татбиқи васеи амалӣ ва аҳамияти калони иқтисодӣ доранд. Пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва техникаю технологияи муосир, фарҳанги техникии шаҳрвандон ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ робитаи зич дорад. Рушду тараққиёти кишвар аз маърифати техникии шаҳрвандон вобаста мебошад. Бинобар ин, кӯшиш ба харҷ додан лозим аст, ки баҳри баланд бардоштани фарҳанги техникӣ миёни толибилмон чораҳои зарурӣ андешида, маърифати техникии онҳоро инкишоф диҳем.
Мавриди зикр аст, ки дар инкишофи фарҳанги техникӣ, пеш аз ҳама, фанни физика нақши пешбаранда мебозад ва он яке аз илмҳои асосӣ оид ба табиат ба шумор меравад. Асрори зиёда аз 80 дарсади ҳодисаҳои табиат тавассути илми физика ошкор мешавад. Маҳз ба воситаи ин фан инсон дар назди ҳодисаҳои фавқулода оҷиз намонда, онҳоро меомӯзад, қонунҳояшро муқаррар мекунад ва ба манфиати худ истифода мебарад. Тамоми техникаи муосир ба татбиқи қонунҳое, ки олимон дар соҳаҳои гуногуни физика кашф намудаанд, асоснок шудааст. Ҳамин тариқ, физика аз муҳимтарин риштаи илмҳои табиатшиносӣ ба шумор меравад, ки сабабҳои ба амал омадани ҳодисаҳоро маънидод намуда, робитаи байни онҳоро муқаррар месозад. Тараққиёти техника, дар навбати худ, пешрафти илми физикаро таъмин менамояд. Бо инкишофи техника озмоишгоҳҳо бо асбоби наву ҳассос муҷаҳҳаз мешаванд  ва  ҳалли  масъалаҳои соҳа осон, сатҳи корҳои илмӣ - тадқиқотӣ ва саҳеҳии ченкуниҳо баланд мегардад.
Дар ин замина, албатта, барои баланд бардоштани маърифати техникии ҷомеа, қабл аз ҳама, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ шароити мусоид фароҳам овардан зарур мебошад. Аз солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвари мо аксар лабораторияҳои омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ бо асбобу дастгоҳҳои таҷрибавии замонавӣ ва маводи химиявӣ таъмин нестанд. Дастрасии асбобу дастгоҳҳои таҷрибавӣ доир ба фанҳои табиатшиносӣ душвор ва барои ин маблағи хеле зиёд лозим аст. Имрӯзҳо ҳатто лабораторияҳои илмӣ - таҳқиқотии баъзе муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва пажӯҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳо доир ба тадқиқи соҳаҳои гуногуни табиатшиносӣ ба дастгоҳҳои таҷрибавии замонавӣ ниёз доранд. Дастгоҳҳои мавҷуда, аз сабаби ба анҷом расидани муҳлати истифодаашон, аз кор баромадаанд ё куҳна гардидаанду ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нестанд. Ин норасоиро дар шаҳри Душанбе ташкил намудани мағозаи фурӯши асбобу лавозимот ва дастгоҳҳои таҷрибавӣ доир ба таълими фанҳои табиатшиносӣ ва корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ бартараф карда метавонад.
Зимнан, барои баланд бардоштани маърифати техникии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, бояд марказ ва маҳфилҳои ихтироъкорон, техникҳои ҷавон дар сохторҳои шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо фаъолияти доимию ҷиддӣ дошта бошанд. Барои пешбурди кори онҳо ҷалби мутахассисони варзида сифатнокии фаъолиятро дар сатҳи зарурӣ таъмин хоҳанд кард.
Бар асари набудани озмоишгоҳҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ ва таълими сатҳии мавзӯъҳо доир ба фанҳои табиатшиносӣ айни замон дар ҷомеа шахсонеро дучор меоем, ки ҳатто қоидаҳои истифодаи асбобҳои барқиро дар сатҳи зарурӣ намедонанд. Барои баланд бардоштани маърифати техникии ҷомеа вақти он расидааст, ки дар шабакаҳои телевизионӣ студияҳои таълимӣ ташкил карда, дар он дарсҳои намунавии омӯзгорону устодони пешқадами ҷумҳурӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва олӣ аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, техникаву технологияи муосир намоиш дода шаванд.
Азбаски на дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои корҳои лабораторӣ дастгоҳҳои таҷрибавӣ ва асбобҳои зарурӣ мавҷуданд, усули виртуалии гузарондани корҳои лабораториро истифода бурдан ба манфиати кор аст. Ҳоло дар Россия барои гузарондани дарс аз рӯйи ҳама фанҳо аз дискҳои таълимӣ истифода мебаранд. Дар кишвари худамон матни ин гуна дискҳоро ба забони тоҷикӣ тарҷума намуда, аз онҳо истифода бурдан мумкин аст. Вале барои истифодаи ин дискҳо лабораторияҳо ё синфхонаҳо бояд бо техникаҳои зурурӣ таъмин бошанд.
Ҳамзамон, баҳри баланд бардоштани фарҳанги техникӣ бояд аз роҳбари корхонаю муассисаҳо то кормандони одӣ сафарбар шаванд. Инчунин, ба кормандони корхонаю муассисаҳо бояд фаҳмонд, ки асбобу таҷҳизот ва мошинҳои корношоямро дар партовгоҳҳо напартоянду барои ҳосил кардани маҳсулоти хом ба истифода диҳанд.
Дар ҷумҳурии мо қариб 300 рӯз офтобист. Истифодаи энергияи афканиши Офтоб манфиати зиёд меорад. Истифодаи ин неру яке аз роҳҳои баланд бардоштани маърифати техникии ҷомеа ба шумор меравад. Энергияи афканиши Офтобро бо роҳи хеле осон ба неруи электрикӣ табдил додан мумкин аст, ки барои ин панелҳои махсус (батареяҳои офтобӣ) лозиманд. Барои истифодаи самарабахши ин неру дар ҷумҳурӣ сохтани як корхонаи хурди истеҳсоли батареяҳои офтобӣ кофист.
Хуб аст, ки дар кишвар сохтани неругоҳҳои хурди барқи обӣ афзудааст. Ҳар қадаре, ки шумораи онҳо зиёд шавад, сатҳи маърифати техникии ҷомеа ҳамон андоза баланд мегардад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои ихтисосҳои иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ ва гуманитарӣ дар нақшаҳои таълимии низоми кредитии таҳсилоти аврупоӣ “Консепсияҳои табиатшиносии муосир” ҳамчун фанни асосӣ ворид карда шудааст, ки он барои баланд бардоштани фарҳанги техникии бакалаврҳо ёрии калон мерасонад. Дар баробари ин, таълими фанни “Технологияи компютерӣ” - ро низ дар сатҳи зурурӣ ба роҳ мондан лозим аст, то ки таълими он маърифати техникии бакалаврҳоро ба дараҷаи зарурӣ баланд бардорад.
Имрӯзҳо баланд бардоштани сатҳи дониши хатмкардаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишварамон аз фанҳои табиатшиносию риёзӣ ҳам беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад. Барои ин, пеш аз ҳама, зарур мешуморем, ки чунин муассисаҳо бо омӯзгорони варзидаю донишманд пурра таъмин карда шаванд.
Барои баланд бардоштани сифати тайёр кардани омӯзгорони фанҳои табиатшиносию риёзӣ, қабл аз ҳама, сатҳи таълимро дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ баланд бардоштан ҳатмист. Мутаассифона, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки барои дохил шудан ба ихтисосҳои табиатшиносию риёзӣ ва техникии муассисаҳои олии касбӣ қисми ками хатмкардаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳуҷҷат месупоранд ва нақшаи қабул ба ин ихтисосҳо ҳар сол пурра иҷро намегардад. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки на ҳама хатмкардаҳои мактабҳои миёнаи умумӣ аз фанҳои табиатшиносию риёзӣ дониши зарурӣ доранд. Ҳамчунин, хатмкардаҳое, ки дониши нисбатан хуб доранд, ҳуҷҷатҳои худро ба Донишгоҳи тиббӣ, факултетҳои иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ ва гуманитарӣ месупоранд. Ин, албатта, як масъалаи ҷиддист ва барои ҳалли он чораҳои зарурӣ андешидан лозим мебошад.
Фанҳои табиатшиносию риёзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз омӯзгорони ин соҳаҳо заҳмати дучанд талаб менамоянд. Вале ба ивази чунин заҳмати пурмашаққат имрӯз ин гурӯҳи омӯзгорон маоши кофӣ намегиранд, ки талаботи зиндагии онҳоро таъмин карда наметавонад. Омӯзгорони ин муассисаҳо сатҳи зиндагии баланд надоранд, бинобар ин, гурӯҳи хурди хатмкардаҳо касби омӯзгори фанҳои табиатшиносию риёзиро интихоб намекунанд. Аз ин лиҳоз, дар сатҳи зарурӣ баланд бардоштани маоши омӯзгорони фанҳои табиатшиносию риёзӣ амри ногузир аст.
Хулоса, барои баланд бардоштани сифати таълими фанҳои табиатшиносию риёзӣ, нахуст, зарур аст, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзгорони ботаҷрибаю донишманд таъмин карда шаванд. Баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон бо асбобу лавозимот ва дастгоҳҳои таҷрибавӣ таъмин будани лаборатория ва кабинетҳои таълимии фанҳои табиатшиносию риёзӣ ва техникӣ ҳатмист.
Барои талаботи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маорифро пурра иҷро кардан, пеш аз ҳама, баланд бардоштан сифати тайёркунии омӯзгорони фанҳои табиатшиносию риёзӣ омили ососӣ ва хеле муҳим аст.
Тараққиёти мамлакатро пешрафти илм, аз ҷумла илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва фарҳанги техникии шаҳрвандони он, таъмин менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки роҳу усулҳои гуногунро истифода бурда, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маорифро бо комёбиҳои баланди илмию амалӣ ва техникӣ тай созем.
 
Ҳамид МАҶИДОВ, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон,
доктори илмҳои техникӣ,  профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.04.2020    №: 81    Мутолиа карданд: 11390
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед