logo

ҳуқуқ

ДАР РОСТОИ ҲИМОЯИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

Изҳороти маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ дар бораи қатъи сомонаҳои «аkhbor.com» ва «nahzat.ru»
- Сомонаҳои интернетии «аkhbor.com» ва «nahzat.ru» хилофи талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ амал намуда, ғояву ақидаҳои ифротгароёнаи ташкилотҳои террористӣ - экстремистии «Ҳизби наҳзати исломӣ», «Паймони миллии Тоҷикистон» ва дигар равияҳои тундгароро, ки фаъолияташон бо ҳалномаҳои судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ шудааст, паҳн менамоянд.
Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баёни ин матлаб расман изҳорот пахш намуда, таъкид мекунад, ки сомонаҳои ғаразҷӯ бо ин амали худ ба барангехтани кинаю адовати миллӣ, маҳалгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоию мазҳабӣ даст зада, барои бо роҳи зӯроварӣ сарнагун кардани сохти конститутсионӣ даъват менамоянд.
Дар изҳорот гуфта мешавад: «Таҳлили маводи интишоркардаи ин сомонаҳо нишон медиҳад, ки муҳтавои аслии матлабҳо аз таҳрифи воқеият, пешниҳоди ахбори бардурӯғ ва иғвоангез иборат буда, он ҷиҳати ба вуҷуд овардани ҳисси нобоварӣ ва норозигии аҳолӣ нисбат ба сохти Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст. Ҳамзамон, ин амали ҷинояткорона баҳри ҷалби маблағгузорон аз ҳисоби созмону ташкилотҳое, ки мақсади ноором гардондани вазъи сиёсиву иҷтимоиро дар кишвари мо доранд, равона гардидааст».
- Таъсис ва пешбурди кори сомонаҳои интернетӣ бо ҳадафҳои муайян, суиистифода аз эътиқод ва мафкураи мардум дар замони муосир яке аз усулҳои маъмули фаъолияти хадамоти махсуси баъзе давлатҳои хориҷӣ маҳсуб меёбад. Таҳти шиори «гуногунрангӣ» ва ба «тарзи фаврӣ» додани маълумоти ғаразнок дар бораи рӯйдодҳои ҷумҳурӣ хадамоти махсусе, ки «аkhbor.com» ва «nahzat.ru» - ро маблағгузорӣ мекунад, мақсад дорад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъияти солҳои 90 - уми асри гузашта такрор ёбад, - таъкид шудааст дар изҳорот.
Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ дар охир зикр намудааст, ки аксарияти мақолаҳо ва хабарҳое, ки дар сомонаҳои зикршуда нашр мешаванд, боиси ба вуҷуд овардани низоъҳои гуногуни миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ дар байни хонандагони онҳо мегардад, ки тибқи талаботи моддаи 189 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чунин амалҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ин рӯ, кирдори ашхосе, ки хилофи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда бо созмонҳои террористӣ ва сомонаҳои манфиатҳои онҳоро ҳимоякунанда ҳамкорӣ менамоянд, тибқи талаботи қонун баҳогузорӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи Прокуратураи генералӣ дар бораи бастани сомонаҳои «аkhbor.com» ва «nahzat.ru» - ро қонеъ намуда, бо судури як ҳалнома аз 18 феврали соли 2020 фаъолият, воридоту паҳн кардани аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва маводи чопии ин сомонаҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ кард.

«ҶУМҲУРИЯТ»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.04.2020    №: 82    Мутолиа карданд: 1168
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед