logo

сиёсат

ДУНЯВИЯТ – ШАРТИ ОРОМӢ ВА РУШД

Дунявият ё секулоризм ба маънои ҷудоии мақомоти давлатӣ аз ниҳодҳои мазҳабӣ ва динӣ мебошад. Ин тафаккур реша дар асри равшангарии Аврупо дорад ва бартарии нисбии кишварҳои ин минтақа аз мамолики суннатии Шарқ дар ду садсолаи охир далели муҳимияти низоми дунявӣ дар ҳар ҷомеа мебошад. Имрӯз ҳатто ашадитарин мухолифони низоми дунявият барои муҳоҷират Аврупоро интихоб мекунанд, на ҷомеаҳои мазҳабии Шарқро. Онҳое, ки то дирӯз шабу рӯз тарғиби ҷомеаи мазҳабиро мекарданд, бешармона ба Аврупои дунявӣ ҳиҷрат карданд, на ба кишварҳои наздике, ки низоми мазҳабӣ дар онҳо ҷорӣ аст. Ин ба он маъност, ки ҳатто барои ашадитарин мазҳабиён ҳам низоми дунявият шароити беҳтари кору зиндагиро фароҳам меорад.

Дар асоси воқеиятҳои рӯз метавон бо боварии том гуфт, ки секулоризм намунаи беҳтарини давлатдорӣ ва ҷомеасолорист, чаро ки он ба илму хирад ва донишу фазилати инсонӣ такя мекунад. Дигар ин ки низоми дунявият инсонҳоро аз бандубастҳои фикрию ақидатӣ, ки маҳсули таъсиру нуфузи хурофоту таассуби  ҷамъӣ мебошанд, раҳонда, шароити озоду муътадили фикрию иҷтимоӣ ва сиёсию маданиро фароҳам меоварад. Дар чунин фазо, пеш аз ҳама, давлат сулҳу оромии давомнокро ба даст меорад. Ин оромии давомдор заминаи рушди илму техника ва иқтисоду некуаҳволии мардум мегардад. Яъне, дунявият дар шароити муосир шарти асосии пешрафти ҳар як ҷомеа мебошад.
Ба ғайр аз ин, дар чунин шароит як инсон метавонад зиндагии шоиста дошта бошад ва ҳеҷ фишори иҷтимоиро эҳсос накунад. Кам будани фишорҳои иҷтимоӣ, дар навбати худ боис мегарданд, ки ҳолати рӯҳиву ҷисмонии аҳолӣ беҳтар гардад ва дар натиҷа дарозии миёнаи умр дар чунин кишварҳо ба таври назаррас боло меравад.
Баъзе гурӯҳҳои бадхоҳ аз принсипҳои низоми дунявият суистифода карда, мекӯшанд, фаъолияти ифротгароёнаи худро аз ҷавобгарӣ озод намоянд. Бо ин мақсад, принсипи ҷудоии ниҳоди динӣ аз давлатро рӯйи даст гирифта, дар ҳудуди масҷиду мадрасаҳо ба мағзшӯии кӯдакону наврасон машғул мешаванд. Дар натиҷа мо шоҳиди он мешавем, ки ҷавонону наврасони мағзшӯишуда даст ба амалҳои интиҳорӣ мезананд ва худу чандин инсонҳои бегуноҳро ба куштан медиҳанд. Бинобар ин, масъалаи дахолати давлат дар умури диндорӣ ва фаъолияти гурӯҳҳое, ки равияҳои ифротии мазҳабиро пайравӣ карда, барои ҷомеа хатар эҷод месозанд,  пайдо мешавад. Дуруст аст, ки дар як низоми секулор дин аз давлат ҷудо аст ва ин ду набояд дар корҳои якдигар дахолат кунанд. Вале, дар баробари ин, амнияти ҷомеа ва бехатарии шаҳрвандони он ба зиммаи давлат аст.
Ба таври мисол, дар Тоҷикистон, чи тавр метавон фаъолияти гурӯҳҳои ифротиеро чун ташкилоти террористии наҳзатӣ нодида гирифт? Албатта, намешавад! Равшанфикрон ва давлатмардони як давлати дунявӣ ё худ секулор наметавонанд хатарҳои бархоста аз гурӯҳҳои хоси мазҳабиро нодида гирифта, зидди онҳо мубориза набаранд. Ин як беэътиборӣ ба тақдири мардум мебошад, ки ба нооромӣ дар ҷомеа ва марги ҳазорон инсони бегуноҳ меанҷомад.
Мақсади асосии мутафаккирон ва сиёсатмадорон аз ҷорӣ кардани низоми дунявият хотима додан ба ҷангу кашмакашҳои бешумори динӣ - мазҳабӣ буд. Албатта, ин ҳадаф то ҷойе дар амал татбиқ шуд ва дар сатҳи ҷаҳонӣ оромии нисбӣ ба вуҷуд овард. Аммо набояд бо ин хотирҷамъ шуд ва ҳушёриро аз даст дод. Ақидаҳои нафратпарокан ва иғвоангез ҳамеша дар ҷомеаҳо пайдо мешаванд ва давлат ҳамчун масъули оромии ҷомеа бояд онҳоро пайгирӣ карда, безарар гардонад. Вагарна, ин гурӯҳҳо қуввати бештар гирифта, ба ҳуҷум мегузаранд ва низомҳои дунявиро ба ҳам мерезанд. Ҳодисаҳои расидан ба ҷомеаи дунявӣ ва аз сари зудбоварӣ аз даст додани онро мо дар чандин кишварҳои Шарқи Наздик дидаем. Таҷрибаи онҳо барои мо дарси ибрат бояд бошад, то қадри низоми имрӯзаи дунявӣ ва ҳукумати мардумиро донем. Нагузорем то зери мафҳуми озодии адён ва мазоҳиб, душманон дар ҷомеаи мо  ҷойгоҳ  пайдо  карда, асосҳои давлатдории дунявиву ҳуқуқбунёди моро дарҳам резанд.
Бо вуҷуди бартарии қонун бар шариатҳои динӣ дар ҷомеаҳои секулор, наметавон гуфт, ки секулоризм ё худ дунявият як низоми зиддидинӣ аст. Чунки ин низом берун аз доираи таълимоти динҳо, дар асоси хирадгароӣ, таҷрибагароӣ, илми муосир ва гуманизм шароити мусоидро барои ҳар як шаҳрванд муҳайё месозад. Ин ки дар аксар ҷомеаҳо шаҳрвандон диндор ҳастанд, моро ба натиҷае мерасонад, ки секулоризм бештар дар хизмати диндорон аст. Ин низом фазои ҳамгироӣ миёни ҳама дину мазҳабҳоро муҳайё месозад. Яъне, ин низом на душмани дин, балки тақвиятгари он аст.
Бо дарназардошти далоил метавон хулоса кард, ки Тоҷикистон бо интихоби низоми дунявият аз рӯзҳои аввали истиқлолият заминаи хуби рушду шукуфоиро барои худ муҳайё сохта буд. Аммо гурӯҳҳои ифротӣ тавонистанд қудрат ба даст оваранд ва кишвари ҷавони моро ба хоку хун кашанд. Боз ҳам бахти ин миллат омад кард ва фарзандони донишманду шуҷоаш тавонистанд ибтикор ба даст гиранд ва дар як муддати  кӯтоҳ  оромиро таъмин ва низоми созандаи дунявиятро барқарор кунанд. Низоми дунявият имкон дод, ки дар баробари таъмини сулҳу субот иқтисодиёти мо рушд кунад ва рифоҳи мардум ба таври назаррас зиёд гардад. Тадқиқоти ташкилотҳои ҷомеашиносии маъруф дар соли сипаришуда нишон доданд, ки шаҳри Душанбе яке аз оромтарин шаҳрҳои дунё аст, ки дар он сокинон бе ягон тарсу ваҳм метавонанд шабона низ гаштугузор намоянд. Инро метавон меваи низоми дунявият донист, ки Ҳукумати мардумпарасти Тоҷикистон интихоб кардааст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, бо дарки дурусти аҳамияти низоми дунявӣ дар кишвари азизамон, ин низомро ҳифз намуда, ба ояндагон ба мерос гузорем, то онҳо тавонанд онро тақвият дода, дар фазои сулҳу амонӣ ва шароити беҳтари иқтисодӣ зиндагӣ кунанд.

Азимҷони ШЕРАЛӢ, ходими пешбари илмии АМИТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.04.2020    №: 83    Мутолиа карданд: 848
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед